ВидеоИқтисодНомаҳо ба президент

СУХАНИ РӮЗ АЗ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: ЯКЕ АЗ СОЛҲОИ ВАЗНИНТАРИН ОМАДА ИСТОДААСТ (59 AKC)

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 7 июн бо сафари корӣ ба водии Рашт рафт, дар ноҳияи Нуробод дар мулоқот бо роҳбарони фаъолони ин минтақаи шарқи кишвар соли ҷориро аз лиҳози норасоии маводи ғизоӣ ва болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ “яке аз солҳои вазнинтарин” номид ва ҳушдор дод, ки “дар чунин шароит мо вазифадорем, ки аз тамоми захираву имкониятҳое, ки дорем, пеш аз ҳама, обу замин, хусусан, заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ оқилонаву самаранок истифода бурда, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем, то ки мардумамон дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода танқисиву азият накашанд.”

Ӯ хостори он шуд, ки кишоварзон барои ҳарчӣ беҳтар тахмин кардани бозор бо маҳсулоти ватанӣ саъйу талош кунанд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита ба имкониятҳои васеъ ва таҷрибаи бойи ноҳияҳои водии Рашт дар парвариши картошка махсус таъкид кард ва гуфт, “дар бисёр мамолики дунё, аз ҷумла дар кишвари мо низ картошка нони дуюм ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки бо дарназардошти шароити ҷаҳони имрӯза мо ин намуди маҳсулотро ҳарчи бештар истеҳсол ва захира кунем.”

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, шароит чунин аст, ки “дар ин раванд, ҳар як оила бояд дар фикри истеҳсоли маҳсулот ва захираи маводи ғизоӣ барои тирамоҳу зимистон бошад.”

Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои солҳои гузаштааш низ  чандин бор аз фаро расидани солҳои вазнин ҳушдор дода, аҳолиро ба истифодаи самараноки ҳар як порча замин ва ҳатто ба  ҷамъ овардани захираи дастикам дусолаи хӯрокворӣ даъват кардааст.

Президенти Тоҷикистон дар суханрониаш ҳамчунин гуфт, дар тӯли 30 соли истиқлоли кишвар аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои минтақаи Рашт беш аз 5,7 миллиард сомонӣ, аз ҷумла ба ноҳияи Нуробод 2,2 миллиард сомонӣ, ба ноҳияи Рашт 1,4 миллиард сомонӣ, ба ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара)  914 миллион сомонӣ, ба ноҳияи Лахш 624 миллион сомонӣ ва ба ноҳияи Тоҷикобод 528 миллион сомонӣ равона шудааст. “Дар натиҷаи чунин дастгириву ғамхориҳо симои ноҳияҳои водӣ ҳоло ба куллӣ дигаргун шудааст”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон. Ба ҳисоби ӯ, ба пешвози солгарди сиюми истиқлоли Тоҷикистон дар водии Рашт бунёди 1100 иншоот ба нақша гирифта шуда, аз ин шумор 760 иншоот алакай бунёд шудааст.

Ин дар ҳолест, ки аксари навоҳии водии Рашт навоҳии аз лиҳози иқтисодӣ ақибмондаи ҷумҳурӣ ва сахт вобастаи ёронаҳо аз буҷаи давлатӣ  боқӣ мемонанд. Таъмини рӯзгори аксари хонаводаҳо дар ин минтақа асосан аз ҳисоби пулест, ки муҳоҷиронашон аз Русия ва кишварҳои дигар мефиристанд.

Зербинои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар минтақа ҳамчунон заиф боқӣ мемонад.

Худи Эмомалӣ Раҳмон низ  дар суханрониаш аз вуҷуди ҳамагӣ 5 корхонаи тавлиди маводи ғизоӣ, тақрибан набудани гармхонаҳо ва корхонаҳои либосдӯзӣ, аз ҷумла барои дӯхтани либоси мактабӣ дар водии Рашт интиқод кард ва ҳамчунин ёдовар шуд, ки аз 54 ҳазор кӯдаки то синни 6 дар водии Рашт танҳо 2800 нафар ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдакон фаро гирифта шудаанд, ки ин ҳамагӣ 5,2 фоиз аз шумораи умумии кӯдаконро ташкил медиҳад. “Барои ислоҳи чунин вазъ бояд чораҳои фаврӣ андешида шаванд”, – таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ ҳамин тавр, аз сатҳи баланди коррупсия дар водии Рашт, бахусус дар масъалаи тақсими замин изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, танҳо дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ дар ноҳияи Рашт 61 ҳолат, дар ноҳияи Лахш 27 ҳолат, дар Нуробод 21 ҳолат, дар Тоҷикобод 15 ҳолат ва дар ноҳияи Сангвор 12 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар Нуробод дар маросими шурӯи бунёди се марҳалаи роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод ва боғи фарҳангиву истироҳатӣ иштирок кард.

ИҚТИБОС:

“Ҳамдиёрони азиз!

Ман андешаҳои худро вобаста ба вазъи ҷаҳони муосир ва мушкилоте, ки ҷомеаи башарӣ бо онҳо дучор омадааст, аз ҷумла норасоии маводи ғизоӣ ва болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ қариб дар тамоми суханрониву вохӯриҳоям дар як соли охир изҳор доштам.

Бори дигар таъкид месозам, ки соли ҷорӣ аз ҳама лиҳоз яке аз солҳои вазнинтарин омада истодааст.

Дар чунин шароит мо вазифадорем, ки аз тамоми захираву имкониятҳое, ки дорем, пеш аз ҳама, обу замин, хусусан, заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ оқилонаву самаранок истифода бурда, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем, то ки мардумамон дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода танқисиву азият накашанд.

Яъне кишоварзон ва умуман ҳамаи онҳое, ки бо замин сару кор доранд, бояд ба хотири ҳарчи беҳтар таъмин кардани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ саъю талош намоянд.

Махсус таъкид месозам, ки ноҳияҳои водии Рашт, хусусан, барои парвариши картошка имкониятҳои васеъ ва таҷрибаи бой доранд.

Умуман, бояд гуфт, ки дар бисёр мамолики дунё, аз ҷумла дар кишвари мо низ картошка нони дуюм ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки бо дарназардошти шароити ҷаҳони имрӯза мо ин намуди маҳсулотро ҳарчи бештар истеҳсол ва захира кунем.

Дар ин раванд, ҳар як оила бояд дар фикри истеҳсоли маҳсулот ва захираи маводи ғизоӣ барои тирамоҳу зимистон бошад…”

Сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод  07.06.2021 Оғози бунёди марҳилаҳои 1, 2 ва 3-и лоиҳаи роҳи мошингарди Роғун - Обигарм – Нуробод   07.06.2021 Оғози корҳои сохтмонӣ дар Боғи фарҳангӣ - фароғатии ноҳияи Нуробод  07.06.2021

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button