ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

НА ҚУРУТ, НА МЕВА, НА ПИСТАЮ БОДОМ… МУСОДИРАИ 75 КИЛО МАҲСУЛОТ АЗ БАҒОЧИ МУСОФИРОНИ ТОҶИК

Мақомоти Росселхознадзор ҳафтаи гузашта дар фурудгоҳи шаҳри Волгоград аз бору бағочи мусофироне, ки аз Тоҷикистон меоманд, 75 кило маҳсулоти хӯрокаро ба далели надоштани санадҳои лозим мусодира кардаанд.

Раёсати Росселхознадзори вилоятҳои Ростов, Волгоград, Астрахан ва ҷумҳурии Қалмиқистон рӯзи 7 июн хабар дод, ки  тайи як ҳафтаи охир дар фурудгоҳи Волгоград ҳангоми тафтиши баҷоч ва бори дастии мусофироне, ки Тоҷикистон меомаданд, маҳсулоти таҳти карантини ворид карданаш ба Русия мамнӯъ ошкор ва мусодира шудааст.

“Вазни умумии маҳсулоти мусодирашуда 75 килоро ташкил дода, арахис, чормағзу бодом, пистаю  донаки зардолу, ғулингу мавиз, кунҷит, сабзавоту кабудӣ, тухмии гулу сабзавот, шириниҳо, себу гелосу анҷир, лимӯ, ниҳоли лимӯ ва маҳсулотиро дигарро дар бар мегирифт”, –  омадааст дар иттилоияи расмӣ.

 Расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки танҳо аз як мусофири тоҷикистонӣ 13 кило маҳсулоти хӯрокворӣ, бо шумули гӯшти гов, қурут ва чаккаву ҷурғотро мусодир кардаанд.

Росселхознадзор гуфт, тамоми маҳсулоти мусодирашуда барои ташхиси фитосанитарӣ супурда шуда, баъдан нобуд карда хоҳад шуд.

Росселхознадзор чанд сол боз аз хориҷ ба Русия овардани бисёре аз навъҳои маҳсулоти ғизоӣ ва растаниро маҳдуд кардааст. Ин маҳдудиятҳо баъди хуруҷи коронавирус бештар карда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button