ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 7 ИЮНИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими душанбе, 7 июни Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

ҲУШДОРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: ЯКЕ АЗ СОЛҲОИ ВАЗНИНТАРИН ОМАДА ИСТОДААСТ

ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ УРГУТИ ӮЗБЕКИСТОН МАКТАБИ НАВ СОХТ

БОЗДОШТИ ДУ ТОҶИРИ БОЗОРИ СОБИҚИ КАБИРӢ БАРОИ ТАБДИЛИ 3 ҲАЗОР ДОЛЛАР

ИДИ ИШКАМ ДАР БАРНОМАИ НАВИ “ПОЕДЕМ, ПОЕДИМ!” АЗ ТОҶИКИСТОН

ДАР РӮЗҲОИ ИСТИРОҲАТ ДАР ТОҶИКИСТОН 5 НАФАР, АЗ ҶУМЛА 3 КӮДАК ҒАРҚ ШУДАНД

НАШРИ ТАРОНАИ НАВИ ШАБНАМИ СУРАЙЁ БО САБКИ ДАВРАИ ҶАВОНИИ Ӯ

НА ҚУРУТ, НА МЕВА, НА ПИСТАЮ БОДОМ… МУСОДИРАИ 75 КИЛО МАҲСУЛОТ АЗ БАҒОЧИ МУСОФИРОНИ ТОҶИК

ДУ ҲОДИСАИ АВБОШӢ ВА КОРДЗАНӢ ДАР НАЗДИ МАҒОЗАИ “САБРИНА” ВА ДАР КӮЧАИ АВЕСТО

ЗИҲӢ, МАРДИ БАНОМУС! ОСОРХОНАИ МИРЗОШОҲИ АКОБИР

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 7 июн бо сафари корӣ ба водии Рашт рафт, дар ноҳияи Нуробод дар мулоқот бо роҳбарони фаъолони ин минтақаи шарқи кишвар соли ҷориро аз лиҳози норасоии маводи ғизоӣ ва болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ “яке аз солҳои вазнинтарин” номид ва ҳушдор дод, ки “дар чунин шароит мо вазифадорем, ки аз тамоми захираву имкониятҳое, ки дорем, пеш аз ҳама, обу замин, хусусан, заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ оқилонаву самаранок истифода бурда, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем, то ки мардумамон дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода танқисиву азият накашанд.”

Ӯ хостори он шуд, ки кишоварзон барои ҳарчӣ беҳтар тахмин кардани бозор бо маҳсулоти ватанӣ саъйу талош кунанд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита ба имкониятҳои васеъ ва таҷрибаи бойи ноҳияҳои водии Рашт дар парвариши картошка махсус таъкид кард ва гуфт, “дар бисёр мамолики дунё, аз ҷумла дар кишвари мо низ картошка нони дуюм ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки бо дарназардошти шароити ҷаҳони имрӯза мо ин намуди маҳсулотро ҳарчи бештар истеҳсол ва захира кунем.”

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, шароит чунин аст, ки “дар ин раванд, ҳар як оила бояд дар фикри истеҳсоли маҳсулот ва захираи маводи ғизоӣ барои тирамоҳу зимистон бошад.”

Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои солҳои гузаштааш низ  чандин бор аз фаро расидани солҳои вазнин ҳушдор дода, аҳолиро ба истифодаи самараноки ҳар як порча замин ва ҳатто ба  ҷамъ овардани захираи дастикам дусолаи хӯрокворӣ даъват кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар Нуробод дар маросими шурӯи бунёди се марҳалаи роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод ва боғи фарҳангиву истироҳатӣ иштирок кард.

хххххххххххххххх

Шабакаи телевизиони давлатии “Ӯзбекистон24” дар арафаи сафари навбатии президенти он кишвар Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон бо нашри як гузориши нимсоатӣ хабар дод, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд як мактаби нави муосири сеқабата сохтааст. Дар мактаби нав дар як баст метавонанд то 500 хонанда таҳсил кунанд.

Моҳи марти соли 2018, дар ҷараёни нахустин сафари расмии Мирзиёев ба Тоҷикистон. ҲУКУМАТИ Ӯзбекистон ваъда дод, ки ҳамчун аломати дӯстӣ дар Тоҷикистон як мактаби нав месозад. Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷавоб гуфт, дар Ӯзбекистон як мактаб ва як кӯдакистон бино мекунад.

Мактабе, ки Ӯзбекистон дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон сохт, моҳи сентябри соли 2020 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз 10 то 12 июн аз Тоҷикистон боздид мекунад. Дар ҷараёни ин сафар байни Тоҷикистону Ӯзбекистон бояд як силсила созишномаҳои нав ба имзо бирасанд, ки якеаш аз ҷумла дар бораи кушодани хатҳои автобус аст.

Дар арафаи сафари Мирзиёев, Эмомалӣ Раҳмон ба созишномаи дуҷонибае имзо гузошт, ки бар асоси он,  шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳангоми сафарҳои кӯтоҳмуддат ба кишварҳои якдигар аз зарурати сабти ном халос мешаванд.

Ин алакай дуюмин сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон баъди расиданаш ба қудрат дар соли 2018 ва дубора гарм шудани муносибатҳои Тошканду Душанбе баъди ду даҳсолаи “ҷанги сард” дар даврони раёсати Ислом Каримов мебошад. Сафари якуми Мирзиёевро аксар таърихӣ номида буданд, чунки дар рӯзҳои он сафар тамоми гузаргоҳҳои солҳо  боз баста дар марзи ду кишвар кушода шуданд, парвози ҳавопаймоҳо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон аз сар гирифта шуд, режими виза, ки Каримов ҷорӣ карда буд, бекор шудa, савдо байни ду кишвар аз нав ҷон гирифт.

ххххххххххххххххх

Бозори “Варзмол”

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 7 июн хабар дод, ки додгоҳи шаҳри Турсунзода рӯзи 24 апрел Ҳабибулло Назаров ва Маҳмудҷон Атабоев, ду соҳибкори бозори ҶДММ “Варзмол”-ро бар асоси қисми дуюми моддаи 286-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ гунаҳкор шинохта, маҳкум кардааст.

Бино ба гузориши маркази матбуоти додситонии кул, рӯзи 26 феврали соли 2021 харидори шартӣ Холмуродов Абдураҳмон Қурбонбоевич, ба бозори ҶДММ “Варзмол”-и шаҳри Турсунзода омада, ба Назаров Ҳабибулло Маҳбулоевич, ки дар ин бозор ба фурӯши матоъ машғул буд,  барои иваз кардан 3 ҳазор доллар пули нақд пешниҳод кардааст.Ҳабибулло Назаров, ки барои иваз кардани чунин маблағ имконият надошт, ба соҳибкори дигари ҳамин бозор Атабоев Маҳмудҷон Мамадаминович долларҳоро бо қурби 11 сомонию 45 дирам пешниҳод кардааст.

“Атабаев М.М. ба пешниҳоди Назаров Ҳ.М. розӣ шуда, маблағи 34350 сомониро бо худаш гирифта, дар дохили автомашина бо 3000 долари ИМА иваз намуда мегирад. Назаров Х,.М., ки аз муомилоти ғайриқонуниаш мақсади 300 сомонӣ фоида ба даст оварданро дошт, баъди аз автомашина фаромадани харидори шартӣ Холмуродов А.Қ., ӯро ба нуқтаи савдояш бурда, ҳангоми ҳисоб кардани ин маблағ аз ҷониби кормандони прокуратураи шаҳри Турсунзода дастгир карда мешавад”, – хабар додааст  маркази матбуоти додситонии кул.

Бозори “Варзмол” соли 2014 баъди бо ҳукми додгоҳ аз дасти Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ) гирифтани бозори “Саховат” ташкил шуд. Бозори “Саховат” ба номи ҳамсари Кабирӣ сабти ном шуда буд, вале додгоҳи Турсунзода хусусигардонии онро ғайриқонунӣ номида, бозорро ба фоидаи давлат мусодира кард. Кабирӣ  он вақт ҳанӯз тарки Тоҷикистон накарда буд, ҳукми додгоҳро ноодилона хонда буд.  Бозори “Саховат” бо қарори додгоҳ бояд ба ҳолати аввалааш баргардонда шуда, аз нав ба толори варзишӣ табдил дода мешуд. Вале ҳамагӣ чанд моҳ баъд эълон шуд, ки дар ин ҷо бозори “Варзмол” ташкил мешавад, ки ба шакли корхонаи воҳиди давлатӣ (КВД) амал хоҳад кард.

ххххххххххххххххх

Дар Ютуб видеои таронаи нави ситораи шинохтаи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё бо номи  “Романтикӣ” нашр шудааст. Ин таронаро дар рӯзи аввал дар як канали  Ютуб наздики 6 ҳазор нафар тамошо кардаанд. Шакли садоии таронаи “Романтикӣ дар иҷрои Шабнами Сурайё дар формати МП3 19 март дар  канали расмии худи ин овозхон дар Ютуб нашр шуд ва то имрӯз 840 ҳазор тамошобин ҷамъ овардааст.

Шабнами Сурайё аз он овозхонҳои тоҷик аст, ки дар байни зодагони Афғонистону Эрон низ аз маҳбубияти зиёд бархӯрдор мебошад. Аксари таронаҳои ӯ хеле зуду осон дар Интернет марзи як миллион тамошобинро тай мекунанд ва чанд таронааш марзи 5 ва ҳатто 10 миллион тамошобинро ҳам пушти сар гузоштаанд.

Охирин таронаи пуртарафдори Шабнам “Таролла Далли” буд, ки ҳамроҳ бо ситораи эстрадаи ӯзбек Юлдуз Усмонова иҷро кардааст. Ин таронаро дар ду сол танҳо дар канали худи Шабнам дар Ютуб беш аз 11 миллион нафар тамошо кардаанд. Ва ин ҳам бо вуҷуди он ки Шабнам ва Юлдуз танҳо шакли садоии ин таронаро дар формати МП3 нашр кардаанд.

Шабнами Сурайё 14 октябри соли 1981 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Модари ӯ Сурайё Қосимова ва як хоҳари дигараш Фарзонаи Хуршед низ аз овозхонҳои шинохтаи Тоҷикистонанд. Шабнам духтари дуюми Сурайё Қосимова мебошад.Шабнами Сурайё соли 2004  пой ба саҳна гузошт ва баъди шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани таронаи “Ҳанӯз аввали ишқ аст” ба яке аз пуртарафдортарин ситораҳои эстрадаи тоҷик табдил ёфт. Аммо дар консертҳои расмӣ ва дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон таронаҳои Шабнами Сурайё тақрибан садо намедиҳанд.

Шабнами Сурайё соли 2014 ҳамроҳи хоҳаронаш Фарзонаи Хуршед ва Бибирӯзигул ва духтараш Шарифамоҳ сафари Ҳаҷҷи умра карда буд ва баъди зиёрати Маккаву Мадина чанд сол дар саҳна бо ҳиҷоб ҳунарнамоӣ мекард.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азиз. Ёдовар мешавем, хулосаи муҳимтарин ахбори Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” тамошо доред. Барномаро идома медиҳем.

Офарандагони барномаи машҳури пухтупаз «Поедем, поедим!»  барои таҳияи шумораи наваш боз ба Тоҷикистон омада, дар бораи ғизоҳои миллии тоҷикӣ ва маконҳои дидании Тоҷикистон барнома омода кардааст. Ҳайъати эҷодии барнома барои сабти он аз Душанбеву қалъаи Ҳисор ва Норак дидан карда, барои хӯрдани чукрӣ ба дараи Варзоб ҳам рафтаанд.

Дар ин барнома онҳо тарзи пухтани сиёҳалафу ялама ва сирри чунин хушмазза омадани самбӯсаи тоҷикиро омӯхта, тамошобинро бо зебоиҳои ҷӯробҳои помирӣ низ ошно мекунанд.

Барномаи тозаи «Поедем, поедим!»   аз Тоҷикистон рӯзи 5 июн дар шабакаи телевизионии НТВ нашр шуд. Дар муаррифиномаи он чунин гуфта мешавад:   «Барномаи «Поедем, поедим!» ба Тоҷикистон баргашт! Ин дафъа Федерико Арналди ва Габриэлла Да Силва кӯшиш кардаанд бифаҳманд, ки чаро барои ҳар сайёҳ аз Русия зарур аст, ки аз ин кишвар дидан кунад. Федерико ва Габриэлла Душанбе шукуфон ва пешрафтаро дида, ҷӯробҳои помириро дар пои худ чен карданд, асрори дӯхтани чаканро фаҳмиданд, аз меҳмоннавозии тоҷион ба ангушти ҳайрат газиданд ва чандин рӯз иди ишкам барпо карданд.”

ххххххххххххххххх

Мақомоти Росселхознадзор ҳафтаи гузашта дар фурудгоҳи шаҳри Волгоград аз бору бағочи мусофироне, ки аз Тоҷикистон меоманд, 75 кило маҳсулоти хӯрокаро ба далели надоштани санадҳои лозим мусодира кардаанд.

Раёсати Росселхознадзори вилоятҳои Ростов, Волгоград, Астрахан ва ҷумҳурии Қалмиқистон хабар дод, ки  тайи як ҳафтаи охир дар фурудгоҳи Волгоград ҳангоми тафтиши баҷоч ва бори дастии мусофироне, ки Тоҷикистон меомаданд, маҳсулоти таҳти карантини ворид карданаш ба Русия мамнӯъ ошкор ва мусодира шудааст.

“Вазни умумии маҳсулоти мусодирашуда 75 килоро ташкил дода, арахис, чормағзу бодом, пистаю  донаки зардолу, ғулингу мавиз, кунҷит, сабзавоту кабудӣ, тухмии гулу сабзавот, шириниҳо, себу гелосу анҷир, лимӯ, ниҳоли лимӯ ва маҳсулотиро дигарро дар бар мегирифт”, –  омадааст дар иттилоияи расмӣ.

 Расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки танҳо аз як мусофири тоҷикистонӣ 13 кило маҳсулоти хӯрокворӣ, бо шумули гӯшти гов, қурут ва чаккаву ҷурғотро мусодир кардаанд.

Росселхознадзор гуфт, тамоми маҳсулоти мусодирашуда барои ташхиси фитосанитарӣ супурда шуда, баъдан нобуд карда хоҳад шуд.

Росселхознадзор чанд сол боз аз хориҷ ба Русия овардани бисёре аз навъҳои маҳсулоти ғизоӣ ва растаниро маҳдуд кардааст. Ин маҳдудиятҳо баъди хуруҷи коронавирус бештар карда шуд.

ххххххххххххххххх

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки тайи ду рӯзи ахири истироҳат дар дарёҳои Тоҷикистон дастикам 5 нафар, аз ҷумла 3 ноболиғ ғарқ шудаанд.

Рӯзи 6 июн ду акаю додари солҳои таваллудашон 2006 ва 2010, сокини шаҳри Бӯстони вилояти Суғд ҳангоми оббозӣ дар Сирдарё ғарқ шуданд. Ҷасадҳои ин ду бародари ғӯррамаргро аз об берун кашида, ба наздиконашон супурдаанд.

Ҳамон рӯзи 6 июн дар ҳудуди Норак як духтари 5-сола дар дарёи Вахш ғарқ шуд. Ҷустуҷӯи ҷасади ӯ то ҳол идома дорад.

Ҳамчунин дар рӯзҳои истироҳат дар дарёҳои Варзоб ва Кофарниҳон сокини 19-солаи Варзоб ва сокини 33-солаи ноҳияи Шуғнон ғарқ шудаанд. Ҷустуҷӯи ҷасади зодаи Бадахшон идома дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо изҳори ҳамдардии самимона ба наздикону пайвандони ғарқшудаҳо бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад, ки кӯдакони худро дар лаби об беназорат нагузоранд, дар маконҳои барои оббозӣ мамнӯъ оббозӣ накунанд ва қоидаҳои бехатариро ҳангоми оббозӣ қатъиян риоя кунанд.

ххххххххххххххххх

Ва ҳоло як мурури кӯтоҳ ба ахбори криминалии рӯз:

Марди 31 ва ҷавони 20-солаи сокинони ноҳияҳои Варзобу Восеъ ба он айбдор мешаванд, ки субҳи 4 июн, соати 05:00 дар назди мағозаи «Сабрина», воқеъ дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт бе ягон асос, аз ҳиссиёти авбошӣ марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакиро дашномҳои қабеҳ гуфта, ӯро лату кӯб кардаанд ва яке онҳо ба рони пойи рости ҷабрдида 5 зарбаи корд задааст.

Инчунин, 4 ноболиғи 17-солаи сокинони шаҳри Душанбе ба он айбдор мешавад, ки рӯзи 4 июн, соати 10:30  дар кӯчаи Авесто аз ҳиссиёти авбошӣ якдигарро лату кӯб кардаанд. Дар рафти муноқиша яке аз онҳо бо корд як маротиба ба қисмати тарафи чапи пойи дигараш задааст. Дар натиҷа ҷабрдида бо ҷароҳати ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ гардидааст.
хххххххххххххх

Сокини 20-солаи ноҳияи Ҷ.Расулов  ба он гумонбар мешавад, ки шаби 3 июн, соати 23:00 пинҳонӣ вориди хонаи сокини 43-солаи ҷамоати Сомониён шуда, аз он ҷо 4 500 сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздидааст. Зарари расондашуда 15 300 сомониро ташкил медиҳад.

4 сокини ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара ба он гумонбар мешаванд, ки шаби 24 ба 25 май, тахминан соати 00:10, пинҳонӣ вориди мағозаи масолеҳи сохтмони воқеъ дар деҳаи Нурбахш, мутааллиқ ба сокини 38-солаи ҷамоати Лолазор шуда, аз он ҷо ба маблағи 7 ҳазор сомонӣ маҳсулоти гуногуни сохтмониро дуздидаанд.

Ҷавонзани 20-солаи сокини ҷамоати Патар дар Конибодом ба он муттаҳам мешавад, ки рӯзи 29 апрел, соати 09:30 ҳангоми дар Коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом қарор доштанаш, бо роҳи пинҳонӣ аз ҷузвдони ҷавонзани 21-солаи сокини ҷамоати Ҳамробоев 1-адад гарданбанди тиллоӣ ва 1-адад ангуштарини тиллоӣ, арзиши умумиашон 5500 сомониро дуздидааст.

Дар робита ба ин се қазия бар асоси қисми дуюми моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо иттиҳоми дуздӣ парвандаҳо оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. Ба дастгиршудаҳо ҳамчун муҷозот аз 2 то 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

ххххххххххххххххх

Ва дар анҷоми барнома як хабари хуш:

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button