ВидеоМинтақа ва ҷаҳонХабарҳои кӯтоҳ

ВИДЕО: ДАР БОЗОРИ БОТКАНД ДУЗДРО БА СУТУН БАСТАНД

Рӯзи ҷумъа, 4 июн, дар бозори чорвофурӯшии деҳаи Ҳалмиони ноҳияи бо Тоҷикистон ҳамсарҳади Бодканди Қирғизистон издиҳоми бахашмомада як марди муттаҳам ба дуздиро дастгир карда, дар сутуни бозор бастаанд, то барои ҳамаи дуздон ибрат шавад.

Дар видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Телеграм-канали бахши қирғизии хабаргузории “Спутник” нашр шуд, дида мешавад, ки мардум як мардро ба назди сутун оварда, мебанданд ва издиҳоми ин саҳнаро тамошо мекунад ва даҳҳо нафар ба навор мегиранд.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Бодканд гуфтааст, рӯзи 4 июн дар бозори чорвофурӯшии “Бойамон Ботир” (“Баяман Баатыр”) як ҳодисаи дуздӣ сабт шудааст. Бино ба ин манбаъ, сокини 34-солаи деҳаи Қоқ-Талаи ноҳияи Қадамҷой ариза навиштааст, ки рӯзи 4 июн, тахминан соати 6:30, шахсони номаълум аз ҳамёнаш 144 000 сом, муодили наздики 1700 долларро рабудаанд.

Пулис гуфт, бо гумони содир кардани ин ҷиноят ду нафар: сокинони 29- ва 38-солаи деҳаи Қара-Қулҷаи вилояти Ӯш С.А. ва С.Ж. дастгир шуда, пулҳои дуздидаашонро ба соҳиби пул баргардондаанд. Алайҳи ин ду нафар бо иттиҳоми дуздӣ бар асоси моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Қирғизистон парвандаи ҷиноятӣ кушода, ҳарду гумонбаршавандаро ба ҳабс гирифтаанд.

Чунин ҳодисаҳои худсарона ҷазо додани афроди муттаҳам дар ҷиноятҳо, аз ҷумла барои дуздӣ, дар дигар гӯшаҳои Осиёи Марказӣ низ дар гузашта мушоҳида шудааст. Аз ҷумла қаблан дар бораи чанд мавриди дар девори бозорҳои Ӯзбекистон овехтан ё аз сӯи издиҳом латтукӯб кардани афроди муттаҳам ба дуздӣ видеоҳо нашр шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button