ВидеоФарҳангЧеҳраҳо

ТАРОНАИ НАВИ ШАБНАМИ СУРАЙЁ БО САБКИ ДАВРАИ ҶАВОНИИ Ӯ (ВИДЕО)

Дар Ютуб видеои таронаи нави ситораи шинохтаи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё бо номи  “Романтикӣ” нашр шудааст. Ин таронаро дар рӯзи аввал дар як канали  Ютуб наздики 6 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Матни таронаи “Романтикӣ” аз Ёқуб Усмонӣ ва оҳангаш аз Даврони Раҳматзода буд, бастакорӣ, ё худ аранжировкаашро  Муҳаммадҷон Раҳматов анҷом додааст.

Бо онки матни тарона хеле модерн аст, Шабнам онро дар ҳавои оҳанги мардумӣ ва дар сабки давраи ҷавониаш, ки он вақт ӯ бештар таронаҳои халқиро месароид, иҷро кардааст.

Шабнам дар ин тарона аз ҷумла чунин мисраъҳоро мехонад:

Бо ду чашмони обӣ чӣ қадар антикӣ,

Хеле романтикӣ.

Бо нигоҳи дилбарона мисли гулҳо шикӣ,

Чӣ қа романтикӣ.

Шакли садоии таронаи “Романтикӣ дар иҷрои Шабнами Сурайё дар формати МП3 19 март дар  канали расмии худи ин овозхон дар Ютуб нашр шуд ва то имрӯз 840 ҳазор тамошобин ҷамъ овардааст.

Шабнами Сурайё аз он овозхонҳои тоҷик аст, ки дар байни зодагони Афғонистону Эрон низ аз маҳбубияти зиёд бархӯрдор мебошад. Аксари таронаҳои ӯ хеле зуду осон дар Интернет марзи як миллион тамошобинро тай мекунанд ва чанд таронааш марзи 5 ва ҳатто 10 миллион тамошобинро ҳам пушти сар гузоштаанд.

Охирин таронаи пуртарафдори Шабнам “Таролла Далли” буд, ки ҳамроҳ бо ситораи эстрадаи ӯзбек Юлдуз Усмонова иҷро кардааст. Ин таронаро дар ду сол танҳо дар канали худи Шабнам дар Ютуб беш аз 11 миллион нафар тамошо кардаанд. Ва ин ҳам бо вуҷуди он ки Шабнам ва Юлдуз танҳо шакли садоии ин таронаро дар формати МП3 нашр кардаанд.

Шабнами Сурайё 14 октябри соли 1981 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Модари ӯ Сурайё Қосимова ва як хоҳари дигараш Фарзонаи Хуршед низ аз овозхонҳои шинохтаи Тоҷикистонанд. Шабнам духтари дуюми Сурайё Қосимова мебошад.

Шабнами Сурайё соли 2004  пой ба саҳна гузошт ва баъди шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани таронаи “Ҳанӯз аввали ишқ аст” ба яке аз пуртарафдортарин ситораҳои эстрадаи тоҷик табдил ёфт.

Шабнами Сурайё чандин сол паи ҳам ҷоизаи “Big Apple” барои беҳтарин овозхони зан аз Тоҷикистонро ба даст оварда, ҳар сол дар Аврупову Амрико консертҳо мегузорад. Аммо дар консертҳои расмӣ ва дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон таронаҳои Шабнами Сурайё тақрибан садо намедиҳанд.

Шабнами Сурайё соли 2014 ҳамроҳи хоҳаронаш Фарзонаи Хуршед ва Бибирӯзигул ва духтараш Шарифамоҳ сафари Ҳаҷҷи умра карда буд ва баъди зиёрати Маккаву Мадина чанд сол дар саҳна бо ҳиҷоб ҳунарнамоӣ мекард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button