ВидеоМуҳоҷиронЧеҳраҳо

ШУМО БАРОИ ЯК СУРУД БА ИН ДУХТАР ЧАСПИДЕД! ПУШТИБОНИИ ФРОНТМЕНИ ГУРУҲИ “LITTLE BIG” АЗ МАНИЖА (ВИДЕО)

Фронтмен, ё худ овозхони №1 гуруҳи Little Big Иля Прусикин аз зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин, ки имсол Русияро дар озмуни муътабари “Евровидение – 2021” бо таронаи “Russian Woman” намояндагӣ мекард, пуштибонӣ кард ва онҳоеро, ки Манижа ва таронаи вайро ба боди интиқод мекашанд ва танҳо фикри худро дуруст мешуморанд, “фашист” номид. “Бо шумо чӣ шудааст, мардум? Шумо ба ин духтар барои як суруд часпидаед! Манижа таронаашро нашр кард, ба фикри шумо, ин ахлот аст. Ахлот дар мағзи сари шумост. Дар ин тарона нест, дар мағзи сари шумост!”, — гуфт Иля Прусикин ба пуштибонӣ аз Манижа.

Овозхони №1, ё худ фронтмени гуруҳи “Little Big” Иля Прусикин дар Instagram-сторис аз ҳисси бадбинии сокинони Русия нисбат ба овозхонҳо интиқод ва аз Манижа, ки имсол Русияро дар озмуни муътабари мусиқии Аврупо «Евровидение» намояндагӣ мекард, пуштибонӣ кард.

 «Русҳо русҳоро бад мебинанд. Бо шумо чӣ шудааст, мардум? Шумо ба ин духтар барои як суруд часпидаед! Манижа таронаашро нашр кард, ба фикри шумо, ин ахлот аст. Ахлот дар мағзи сари шумост. Дар ин тарона нест, дар мағзи сари шумост!”, — гуфт Иля Прусикин.

https://www.instagram.com/stories/iliyaprusikin/2589441319198194667/?utm_source=ig_story_item_share&utm_medium=copy_link

Фронтмени “Little Big” онҳоеро, ки таронаи “Russian Woman”-и Манижаро танқид карда,  танҳо ва танҳо назари худро ягона фикри дуруст мешуморанд, башиддат интиқод кард ва “фашист” номид.  Прусикин гуфт, касе ҳақ надорад, эҷодиёти як нафари дигарро ба чунин шакл маҳкум кунад. “Ҳар навъ эҷодиёт ҳаққи вуҷуд дорад. Бояд рафтори бад маҳкум карда шавад, на эҷодиёт. Таҳқир ва изҳори назр ду чизи комилан мухталиф аст”, — изҳор дошт Прусикин.

Гуруҳи “Little Big”, ки як таронааш беш аз ним миллиард тамошобин ҷамъ овардааст, мебоист соли 2020 Русияро дар озмуни «Евровидение» намояндагӣ мекард. Вале соли гузашта ин озмун ба далели коронавирус доир нашуд. Соли 2021 ин гуруҳ аз ширкат дар сабқат барои дарёфти роҳхат ба ин озмун даст кашид.

Русияро дар «Евровидение-2021» овозхони 29-солаи зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин намояндагӣ кард. Интихоби Манижа  ба ҳайси намояндаи Русия дар озмуни “Евровидение” дар он кишвар мавҷи вокунишҳои манфӣ, аз ҷумла аз ҷониби бархе шахсиятҳои шинохтаро ба вуҷуд овард. Бадбинон худи инро, ки Русияро дар озмуни асосии мусиқии Аврупо як зодаи Тоҷикистон намояндагӣ мекунад, зери шубҳа гузоштанд. Манижа Сангин дар посух гуфт, муносибати бадбинона ба пирӯзии ӯ  ҳамчун як нафари зодаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мушкили миллатгароӣ ва бегонабадбинӣ дар Русия дар сатҳи ҷиддӣ вуҷуд дорад.

Дар ниҳоят Манижа дар «Евровидение-2021», ки дар Роттердами Ҳолланд доир шуд, дар байни 41 довталаб ҷои 9-умро ба даст овард. Клипи таронаи ӯ “Russian Woman” бо 13 миллион тамошобин дар Ютуб-канали «Евровидение» аз ҳама пуртамошобин шуд ва ҳунарнамоии Манижа дар марҳалаи ниҳоии озмун бо 16 миллион тамошобин ҷои сеюмро ба даст овард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button