ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонНуқтаи назарТаърих

ПОСУХИ ОЛИМИ ТОҶИК БА МУАРРИХИ ҚИРҒИЗ: ҲЕҶ ЯК ПОРАИ ХОКИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҚИРҒИЗҲО НЕСТ

Ахиран муаррихи қирғиз Қиёс Муллоқосимов (Кыяс Молдокасымов) иддао карда буд, ки чоряки қаламрави Тоҷикистони кунунӣ сарзаминҳои қирғизист. Ӯ аз ҷумла Мурғобу Лахшро сарзаминҳои аслии мардуми қирғиз номида, иддао карда гуфт, ки ҳатто Хуҷанд низ моли онҳост, чунки номи худи ин шаҳр ва манотиқи атрофи он ҳама решаҳои туркӣ ва қирғизӣ доранд.

Аммо донишманди тоҷик доктори илмҳои забоншиносӣ Нуралӣ Нурзод дар як посухи муфассал даъвоҳои муаррихи қирғизро бо истинод ба маъхазҳои таърихӣ ва пажуҳишҳои донишмандони маъруфи ҷаҳонӣ, ба мисли Бартолд, ва ҳатто бо такя ба “Маҷмуа- ут таворих”, ки Муллоқосимов низ ҳамчун як далели асосӣ барои исботи даъвоҳояш ба он истинод мекард, ботил баровардаааст. Нуралӣ Нурзод менависад, “ҳаргиз номвожаҳои Хуҷанд ва атрофи он қирғизӣ набудаанд.” Донишманди тоҷик ҳамин тавр, инро, ки “ҳеҷ як порае аз хоки Тоҷикистон замини қирғизҳо нест”, “ҳақиқати бебаҳс” меномад.

Баҳсҳо бар сари ба кӣ тааллуқ доштани ин ё он сарзамин байни Тоҷикистону Қирғизистон баъди муноқишаи хунини поёни моҳи апрел дар марзи ду кишвар, ки 55 кушта ва ҳудуди 240 захмӣ ба ҷо гузошт, авҷи боз ҳам бештар гирифтааст.

ҲАҚИҚАТИ БЕБАҲС-2: ҲЕҶ ЯК ПОРАЕ АЗ ХОКИ ТОҶИКИСТОН ЗАМИНИ ҚИРҒИЗҲО НЕСТ: ҲАРГИЗ НОМВОЖАҲОИ ХУҶАНД ВА АТРОФИ ОН ҚИРҒИЗӢ НАБУДААНД

Чанде қабл дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақолаи нафаре бо номи Кыяс Молдокасымов: «Четверть территории Таджикистана составляют кыргызские земли» ба нашр расид.

Дар назари аввал аз унвонаш маълум аст, ки ӯ мехоҳад даъвоҳои беасосе ба миён гузошта, ғаразҳои хешро ҳақиқат нишон диҳад. Аслан ҷои баҳс ҳам набуд, чун бештари ҳарфҳои дар матлаб омода даъвоҳои беасосе буда, тамоми муҳаққиқону муаррихони олам медонанд ва борҳо ба қидмати таърихии тоҷикону Тоҷикистон гуфтанду мегӯянд ва хоҳанд гуфт. Ин ки ӯ даъво дорад, ки аз чор ҳиссаи хоки Тоҷикистон мансуби қирғизҳост, ҳвоқеан на асоси илмӣ дораду на ҳақиқати сиёсӣ. Вале истиноди муаллиф ба китобе зери унвони «Маҷмуа- ут таворих» моро дар тааҷҷуб гузошт, то ба ҷустуҷӯи нусхаҳои хаттии аслии он, ки ба забони форсӣ иншо шудааст, афтода, сарчашмаи андешаҳои муаллифи мақоларо дақиқ намоем. Мавсуф танҳо аз ин китоб ном бурда, замони таълифи онро таъкид мекунад, аммо ишорате аз муаллифи он надорад. Дар натиҷаи ҷустуҷӯҳо муқаррар шуд, ки асари мазкур ба қалами Мулло Сайфуддини ибни шоҳ Аббоси Ахсикатӣ тааллуқ дошта, бо сабаби марги падар баъдан давомашро писари ӯ Нурмуҳаммад иншо кардааст. Аз ин асар танҳо ду нусхаи хаттӣ дар Шаҳри Санкт- петербурги ФР бо шумораи 667, яке аз шӯъбаи Институти халқҳои Осиёи АИ ИЉШС ва дигаре шуъбаи ховаршиносии китобхонаи Донишгоҳи давлатии ҳамин шаҳр бо шумораи 963 маҳфузанд.

Ховаршиносон муқаррар намудаанд, ки китобати ҳар ду нусха дар асри ХIХ анҷом шуда, нусхаи 963-ро матншинос А. Т. Тоҳирҷонов бо муқаддима ва тавзеҳот дар соли 1960 ба таври факсималӣ нашр намудааст. Ҳамин нашри анҷомдодаи донишманди мазкур ва нусхаи дувум низ дастрас шуда, инчунин як тарҷумаи русии анҷомдодаи В.А. Ромодин дар соли 1963 дар Ленинград пайдо гардид, то бар асоси мутолеаи нусхаҳои хаттӣ ва матни тарҷумашудаи он бархе аснод ва даъвоҳои дар мақолаи мавриди баҳс омадаро мавриди мутолеа ва санҷиш қарор диҳем. Аз ҷумла, нахуст барои баррасии ин даъво, ки навиштааст: «Не будем ходить далеко, вот, они говорят, что в XVII – XVIII веках веке это были таджикские землями, но еще в сочинении XVI века «Маджму ат-Таварих» земли вокруг нынешнего Худжанда с той стороны, с этой — земли Мургаба, Джергетала обозначены как кыргызские». бар асоси матни аслии китоб,ки дар забони форсӣ навишта шудааст, руҷӯъ мекунем, ки чунин унвон дорад: «Фасл дар баёни омадани ғузон ба Ўзканд ва тобеъ шудани онҳо ба Султон Санҷар» .

Ин матн аз рӯи нусхаи хаттии китоб, ки дар ихтиёри мост, баргардон шудааст.

Рашидулҳақ ғузонро гирифта, равон шуданд. Чанд рӯз зер карда манзилу манозил қатъ карда, дар Узканд расида, ба кӯҳи Узканд қарор гирифтанд. Ба Ўзканд Султон Санҷар ҳоким буд.Рашидулҳақ ба омада ба Султон Санҷар тобеъ шуд. Ѓузон чанд вақт истиқомат карданд. Ѓузон зану фарзанд карданд. Султон Санҷар закоти ғузонро гирифт. Ўзканд шаҳри калон буд ва дувоздаҳ дарвоза дошт аз ҳар дарвоза сад харе сиёҳ мебаромад. Ѓузон чаҳор сол закот доданд. Баъд аз чаҳор сол,одами Султон Санҷарро куштанд. Ду кас гурехта омада ба Султон Санҷар гуфтанд. Султон Санҷар шунида дар ғазаб шуд, бар болои ғузон лашкар карда рафт. Се рӯзу забона ҷанг карда ба ҳама ғузонро қатли ом кард. Аз ғузон чиҳил ғуз гурехт. Султон Санҷар гуфт. Аз ғузон ҳеҷ кас ҳаст. Одамони Султон Санҷар чиҳил ғуз гурехт, гуфтанд. Аз ҳамин сабаб ба форсӣ чиҳил ғуз ва ба туркӣ қирқ ғуз шуда монд. Ќирқ ғузон гурехта ба кӯҳи Хуҷанд омаданд, ҳамин ҷо истиқомат карданд. Ќирқғизон аз насли чиҳил ғузанд. Баъд аз он Аҳмадбеки муғул ба Хуҷанд омада, даромада тобеи Хуҷанд шуд. То омадани Саид Иброҳим Султон Малики Зарбахш (дар нусхаи дигар Зарбахши Валӣ – Н.Н.) ба кӯҳи Хуҷанд истиқомат карданд.. (5, 18, а 18 б)

Яке аз мутарҷимони русии ин китоб В.А. Ромодин фишурдаи матлаби мазкурро дар забони русӣ чунин анҷом додааст: “По этой причине стали называт по персидски (фарси) – «чихел гыз», по тюрски кырк- гиз (сорок гузов).

Сорок гузов бежали и прибыли в Худжандские горы (букв. «на гору Худжанда»), в этом месте стали жит. Кырк гызан происходит от сорока гузов»

После этого приехал Ахмад-бек Могол (9), вступил в Хужданд, подвластным Худжандом стал. (?). Вплоть до прибытия Саийида Ибрахима Султана Малика Заранджиша [потомки сорока гузов] жыли в горах Худжанда. (3,9)

Аз ин нигоштаи муаллифи “Маҷмуат- ут таворих” чанд нукта равшан мешавад. Дар навбати аввал маълум аст, ки шаҳри Узканд аз ду вожа, яъне таркиби аввал “уз”-и туркӣ ва дувум “кат” ё “канд”-и форсӣ ё калимаи маъруфи қадимаи суғдӣ дар таркиби ҷойномҳо иборат аст ва мусаллам аст, ки то замони Сомониён дар аз ҷумлаи қадимтарин шаҳрҳои суғдзамин буда, пас аз тасарруф аз сӯи қарахониёни турк ин номро ба худ гирифтааст ва маънавии «шаҳри мо»-ро дорад. Ҳатто дар ҳамин шеваи номгузорӣ эҳсос мешавад, ки шаҳр аз сӯи бегонагон тасарруф шуда, мутобиқ ба табиат ва хӯи ғосибона ба он унвон дода шудааст. Матлаби дувум он аст, ки агар ҳамин устураро дар бораи пайдоиши қавми қирғиз бипазирем, ҳамоно табиати ҷангхоҳонаи онон ва кӯшиш барои ғасби заминҳои беганагон ошкор аст, чун гузаштагони ин халқ замоне дар Олтою Тяншон истиқомат дода, марҳила ба марҳила тавассути ҷангу ҷидол ба самти Осиёи Миёна ҳаракат кардаанд. Муаллифи ин сарчашма худ эътироф кардааст, ки онҳо ба шаҳри Узканд, ки айни замон дар ҳудуди Ќирғизистон ҷойгир аст, аввал ҳамчун муҳоҷир дар кӯҳсори он ҷой гирифта, баъдан тобеъ шуда, ҳатто закот доданд. Ҳатто унвони фасли мазкури китоб “Фасл дар баёни омадани ғузон ба Ўзканд ва тобеъ шудани онҳо ба Султон Санҷар” аст, ки аз ақвоми таҳҷоӣ дар ин минтақа набудани ононро собит мекунад.

Дар матни китоб омадааст, ки дар тобеияти Султон Санҷар қарор гирифта, ба ӯ хиёнат ва одамашро куштанд. Дар натиҷа гурехта дар кӯҳҳои Хуҷанд паноҳ бурданд. Ҳатто вориди Хуҷанд нашудаанд. Вуруди муғулон ба Хуҷандро, ки дар матни китоб ба номи Аҳмадбеки муғул ишорат ба он шудааст, ба худ нисбат медиҳанд, ки ҳеҷ воқеияти таърихӣ надорад.

Ба гумонам, Ќиёс Молдоқосимов умуман ба матни аслии китоб дастрасӣ надошта, аз рӯи чанд шунидаҳо ё тарҷумаҳои таҳрифшудаи он ба забонҳои дигар ҳарф задааст. Шояд ҳатто ӯ тарҷумаҳои ба забони қирғизӣ анҷомшудаи ин сарчашмаи ба қавли худаш муътабарро ҳам нахондааст. Ин ҷо ҳеҷ сухане дар бораи ҳатто наздик шудан ё даромадани Ќирқғузҳо (чиҳил ғузон) ба Хуҷанд (агар ин фарзияро шартан қабул кунем, ки ғузон гузаштагони Ќирғизон ҳастанд) мавҷуд нест, балки сухан дар бораи дар кӯҳҳои Хуҷанд паноҳ ёфтану пинҳон шудани чиҳил нафар ғузон меравад. Афроде, ки худ дар куҳсорони Хуҷанд паноҳгоҳ ҷустаанду ҷое надоранд бираванд ва муддате аз ғорҳо берун набаромадаанд, чи гуна метавонанд ба пиндори хоми ин олими қирғиз шаҳрро соҳибӣ кунанд.

Тамоми сарчашмаҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳеҷ як номҳои ҷуғрофии шаҳри Хуҷанд ва атрофи он вожаҳои ба истилоҳи забоншиносӣ ҳатто пасвандуфонемаи қирғизӣ дида намешаванд ва агар яке пайдо шуда буд, онҳо ҳам пас аз анҷоми табартақсими марзии соли 1924 сурат гирифта, ки ҳоло ба ин мавзӯъ руҷуъ мешавад. Унвонҳое, ки олим зикр мекунад, танҳо сохтаҳо ва тарҷумаҳои қирғизии номҳои мавҷуд дар минтақа ҳастанд, ки онҳоро ба ҷуз худи онҳо ҳеҷ кас бо чунин ном намешиносад. Масалан, мавзеи маъруфи «Хоҷа Боқирғон»-ро ҳеҷ кас ба ҷуз худи қирғизро бо шакли «Кожо Бакырган» ёд намекунад.

Аммо мехоҳам нуктаи дигаре ҳам сарфи назар нашавад. Роҷеъ ба сарчашмаи мазкур муаррихи номвар В.В. Бартолд назари дигар дорад. Ў андеша мекунад, ки на ҳамаи далелу арқоми дар ин китоб омада ба воқеият такя мекунанд, зеро нигоштаи мазкури Сайфиддини Ахсикатӣ асари ниматаърихӣ ва нимаривоӣ мебошад. Ў менависад: “Автором сочинение были мулла Сейф ад-дин Ахсикенти, сын дамуллы Шах Аббаса. Автор умер до окончания книг и ее написания было завершено его сыном Науруз – Мухаммедом в Х в. хиджри…

…. Книга заключается в себе главным образом историю шейхов города Касана (в Фергане:); жизнь шейхов рассказывается в фантастическом освещении, со множества анархизмов, так что книга не имеет исторические значение». (2,2)

Вале бо ин ҳама агар ба андешаи пажӯҳишгарони қирғиз онро чун сарчашмаи таърихӣ бипазирем, ҳарчанд ҷанбаи ривоӣ ва асотирии зиёд дорад, ки бар асоси матни форсии дастрас умедворам замоне ба ин баҳси илмӣ бармегардем, барои мо ҳамин амрро равшан ва дақиқ месозад, ки қирғизҳо сокинони бумии Осиёи Миёна нестанд ва бар асари муҳоҷират аз Олою Тяншон омадаанд. Худи муҳаққиқони ҳамин китоби таърихӣ ҳам ба ин матлаб ишорат фармудаанд.Аммо дар мавриди сиҳатии тарҷумаҳои русӣ низ баҳсе ҷудогонаро мехоҳам, чун дар таҳқиқоти анҷомдодаи Акеров Табылды Абдраманович, «Маджму ат-Таварих» как исторический источник (Полный перевод, анализ и комментарии)» (Бишкек, 2017) номи яке аз шахсиятҳои маъруфи аҳли ирфон,ки дар матни форсӣ чунин омадааст, «Саид Иброҳим Султон Малики Зарбахш» ва дар нусхаи дувум ««Саид Иброҳим Султон Малики Зарбахши валӣ» ба шакли ба шакли «Саид Ибрагим Султан Малик Зарбагыш (Саринжиш согласно других версий переводов источника» омадааст (1, 116). Мутассифона дар тарҷумаи анҷомдодаи Ромодин низ ин ном ба шакли «Саид Ибрагим Султан Малик Заранджиш» омадааст, ки ба матни аслии форсӣ мутобиқат надоранд. Ин танҳо як маврид аст ва гумон мекунам, ки муқоисаи куллӣ бар мати форсӣ матлабҳо ва таҳрифҳои дигареро метавонад ошкор кунад, ки бо дасти худи муаррихон ин номҳои маъруфи тоҷикӣ «қирғизӣ» шудаанд.

Дар мавриди номвожаи маъруфи суғдии «Хуҷанд» баҳс кардан ба ин ба ном олим баҳс кардан аз рӯи ақлу мантиқ нест, чун мисли офтоб ин ҳақиқат равшан аст, ки соҳиби ин шаҳри тоҷикон ҳастанду аз ҷумлаи қадимтарин шаҳрҳои Тоҷикистон мебошад ва номи он дар қадимтарин осори бостонии миллии мо ёд шудааст. Танҳо мехоҳам як иқтибос аз мақолаи доктори илмҳои филологӣ, профессор Абдуҷамол Ҳасанов оварам, ки бо такя бар куҳантарин осори таърихӣ ва луғатномаҳо дар бораи Хуҷанд, таҳқиқоти ховаршиносоне чун Расторгуева B. C., П. Н. Хонларӣ ва дигарон аз мақолае таҳти унвони « Бори дигар аз таърихи ҷойвожаи Хуҷанд» ба ин натиҷае расидаанд. «Ин «вожа (Хуҷанд) аз бахшҳои hu- ва kanta иборат аст. Дар бобати маҳфуз мондани hu- дар таркиби топоними Хуҷанд ин чиз далел буда метавонад, ки он (яъне hu-) ба ҳайси яке аз ҷузъҳои таркиби воҳидҳои луғавӣ бо як силсила калимаҳои дигар ҳамроҳ гардидааст: huzaina «соҳиби силоҳи «хуб» (ҷузъи зайна баъдтар ба шакли зин таҳаввул ёфта, тағйири маъно кардааст), hutava «пурзӯр» (hu- «хуб» tava аз tav «нирӯманд будан»), humartiya «одамони хуб», hukara «артиши хуб», hutaka «давандаи хуб» (аз tak «давидан»; ҳоло «такудав» мегӯянд. Муқ. Такоб, русӣ течь); модӣ humiδra «дӯсти хуб», huspaka «саги хуб», hunāfa «авлоди хуб»; порсии қадим huδantu «тухмаи хуб», авестоӣ (дерин) hvaspa, порсии қадим huaspa «аспи хуб» (13, т.1, 245), huxratu «ақли хуб», авестоӣ haosafnaina «пӯлодӣ» (аз haosvana «оҳани хуб») (13, т. 1, 245).

Ба ин тариқ, аз таҳлили вожаҳои фавқ метавон чунин натиҷагирӣ намуд, ки дар таркиби топоними Хуҷанд (ху+ҷанд, ҳиссаи аввал шакли таҳаввулёфтаи пешванди умумиэронии hu – аст. Љузъи дувум -ҷанд низ аз ҷумлаи аносири куҳани эронӣ маҳсуб шуда, он гунаи таҳаввулёфтаи kanta -и эронии бостон аст.Аз шавоҳиди дар сарчашмаҳои нахустасрҳои миёна тазаккурёфта бармеояд, ки ҷузъи -канд ба гунаҳои мухталиф: кат, канд, қанд, кас «шаҳр» дучор шуда, беш аз ҳама варианти охир мустаъмал будааст. Аз ҳама кам шакли -қанд мавриди истифода қарор гирифта, танҳо дар ду топоними дар маъхазҳои садаҳои IX-XIII зикршуда дучор меояд». Бештари донишмандоне, ки роҷеъ ба таърихи вожаи мазкур изҳори назар намудаанд, ки забоншиносони номвари ҷаҳонӣ ҳастанд, ки ба вожаи куҳани тоҷикӣ будани он эътимоди комил доранд ва сарчашмаҳои маънои аслии онро дар забонҳои қадимаии ориёӣ ҷустаанд». (8, 362- 370.)

Дар мавриди даъвои навбатии олим нисбати заминҳои Мурғоб ва ноҳияи Лахши вилояти Мухтори Бадахшон,ки ишорат мекунад: «Территория Горного Бадахшана обширная и треть ее занимают кыргызские земли — Джергетал, Мургаб, горы Памира», низ мехоҳам ба навиштаҳои яке аз сайёҳон ва дипломатҳои испанӣ Рю Гонсалес Клавихои испанӣ муроҷиат намоям. Ин ҷаҳонгард ва дипломати маъруф аз тарафи Шоҳ Кастилий Ҳенрихи III ба унвони сафир дар бахши осиёимиёнагии Шоҳроҳи бузурги абрешим сафар намуда, то ба дарбори Темур мерасад ва китобе зерин унвони “Рӯзномаи сафар ба Самарқанд, ба дарбори Темур ( солҳои 1403-1406” менависад. Ќайдҳои Гонсалес Клавихо дар бораи таърихи халқи тоҷик, хоса дар ҷараёни боздиди ӯ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҷолиби таваҷҷуҳанд. Клавихо ба ҳудуди кунунии Тоҷикистон соҳили дарёи Мурғоб(Тоҷдов) низ сафар намуда, қайд мекунад, ки забони онҳо бо чанд калима аз забони форсӣ фарқ дорад, аммо қисмати асосии он форсӣ мебошад. Баъдан Клавихо бори аввал дар адабиёти Аврупо аз мамлакати тоҷикон ном мебарад. Аз рӯи қайди Клавихо Мурғоб сарзамини Тоҷикия (Таjiquija) мебошад. Ҳаройина ин унвонро худи ӯ бо такя ба номи аҳолии маҳаллӣ сохтааст. Ҳамин тавр,номи тоҷик ё тоҷикон барои аврупоиён ҳанӯз дар ибтидои асри понздаҳ маълум будааст, ки маҳз аз ҷониби як сафири аврупоӣ нисбат ба мардуми Бадахшон, хоса Мурғоб истифода шуда, ҳатто вожаи мавриди истифодаи ӯ мафҳуми тоҷикистон яъне макони тоҷиконро ифода мекунад, ки тоҷикшиноси муқими олмон Александр Ҳайзер низ ин матлабро тасдиқ намудааст. Ба андешаи Гейзер тарҷумаи тоҷикии гунаи «Таджикиния» «Таjiqunja» наздиктар ба ҳамин вожаи Тоҷикистони кунунии мост.

Кыяс Молдокасымов ҳарчанд тоҷиконро айбдор мекунад ва аз мо суол менамояд, ки «В то же время хочу спросить у вас, как историка, какие земли исторически наши?

— Таджикская сторона в последнее время, и вообще с периода независимости, ссылается на земли вокруг Воруха, крепко придерживаясь отдельных недостатков национально-территориального размежевания 1924-27 годов, настаивая, что они будут руководствоваться картами этих годов в делимитации границы».

Аммо ҳақиқатро намехоҳад қабул намояд, ки воқеан аз ин марзбандии маъруф ба табартақсим намебуд, шояд онҳо ҳеҷ асосе барои ин ҳама даъвоҳо доштанд.Ҳамин иштибоҳот дар тақсимоти ҳудуди марзии соли 1924 буд, ки шуморо соҳиби замин ва ин ҳама даъвоҳои беасос кард. Ба таъбири устод Лоиқ Шералӣ «донишманди шерҷигар»-и тоҷик профессор Раҳим Масов аллакай дар ду китоби гаронсанги худ «История топорного разделения» ва «Тоҷикон бо муҳри комилан сирри» парда аз асрори ин табақтақсим бардошт ва аз ҳама муҳимаш санадеро манзур кард, ки намояндаи бевоситаи қирғизҳо буд, С. Хоҷанов буд, ки дар ин ҷаласаи махфӣ баён кард: “Самарқанд, Хуҷанд ва Сирдарё ба тоҷикон тааллуқ доранд, ҳарчанд касе ӯро гӯш накард”. (С.Ходжанов — руководитель киргизской (казахской) делегации доказывает, что Самарканд, Ходжент и Сурхандарья должны относиться к Таджикистану, но никто его не поддерживает, так как в комиссии по разделу официально нет таджиков. (6,16)

Бори дигар мехоҳам назари В.В.Бартольдро, ки дар бораи ин марзбандии табартақсим ҳанӯз қабл аз он гуфта буд, ёдовар шавад, ки аз ба эътибор нагирифтани мавқеи тоҷикон дар Осиёи Миёна бо таассуф навишта буд: «Вақте соли 1920 Конститутсияи Ҷумҳурии Туркистон тасдиқ карда шуд, он гоҳ қавмҳои асосӣ ё решагии минтақа қирғизҳо, ӯзбекон ва туркманҳо дониста шуда, ҷойгоҳи тоҷикон фаромӯш шуд” «Когда в 1920 году была утверждена Конституция Республики Туркестан, тогда коренными племенами региона были признаны киргизы, узбеки и туркмены, таджики были вовсе забыты»..

 Дар канори ин, ҳанӯз аз аввалин рӯзҳои баргузории ин тақсимот буд, ки аксари донишмандони рус аввалин шуда онро эътироф накарданд, ки ба таъкиди худи устод Раҳим Масов ибораи табартақсимро нисбати ин тақсимот бори аввал яке аз олимони рус Зелинский ҳамон сол истифода кардааст. Роҷеъ ба он ки чаро намояндаи тоҷиконро дар ин тақсимот ширкат накард ва ҳатто ҳузури донишманди муаррих ва ховаршиносонро ба ҷаласаи он иҷозат надоданд ва муаммоҳои дигаре, ки заминаҳои даъвои қирғизонро барои имрӯз ҳамвор кардааст, дар ин ду асари арзишманди профессор Раҳим Масов мустанад ва бо манзури ҳуҷҷатҳои бойгонии тасдиқкунандаи таҳрифкориҳо дар ин ҷаласот баён шудаанд, ки намехоҳам дубора такрор кунам, чун ин осор дар фазои маҷозӣ чой доранд. Ҳатто устод Лоиқ Шералӣ бо як ҳиссиёти баланд ва таассуре, ки ҳузни фаровонеро дар вуҷудаш аз ин иштибоҳи таърихӣ эҷод шудааст, боз ҳам дар пешгуфтори ҳамин китоби «донишманди шеърҷигар»-и тоҷик Раҳим Масов чунин менависад: «Бештар аз ин, аз ҳайати кумиссиюни марзбандӣ донишмандони бузурги таърихи Осиёи Марказй В.В.Бартолд, С.Айнй, М.С.Андреев, А.А.Семёнов барканор карда мешаванд, то парда аз руи ҳақиқат набардоранд». (6,8)

Аммо ман ҳам мехоҳам ба шеваи худи ӯ ба чанд суоле, ки баъд аз мутолеаи ин мақола ва навиштаҳои дигари ҳаммазмун ба он дар фазои маҷозӣ пайдо шуд, аз тарафи ҳамин даъвогарон посухҳое пайдо кунам:

Чаро бо он ҳама тақсимоти анҷомшуда чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз бештари ховаршиносони олам, мисли В.В. Бартолд, Ричард Фрай, Ричард Фолс, А. П. Шишов, Б. Ғафуров ва дигарон вақте роҷеъ ба таърихи мардумони Осиёи Марказӣ китоб ё мақолот менависанд, бештар унвони осори хешро ба номи тоҷикон мегузоранд, ё мақоми ин миллат ва мардумро бо такя бар сарчашмаҳои таърихӣ дар ин сарзамин авлавият бахшидаанд?

Чаро Ричард Фрай гуфтааст: «Агар зарурати тарҷумаи англисии ягон асари руси доир ба мавзӯи Осиёи Марказӣ пеш ояд, бешак он «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аст”.

Чаро ҳатто роҳбари намояндагии қирғизҳо дар ҷаласаи тақсимоти миллӣ- ҳудудӣ аз мавқеи таърихии тоҷикон дар Осиёи миёна ҳимоят мекунад, на аз дигарон….

Чаро агар асари таърихии «Маҷмуат ут-таворих» бароятон сарчашмаи муътабари таърихӣ аст, ба забони форсӣ навишта шуда, на ба забони қирғизӣ? Оё дар он замон забоне бо номи қирғизӣ вуҷуд дошта, ки номвожаҳои ҷуғрофиро ифода кунад?

Вақте ба харитаи сиёсии давлати Сомониён, ки аз қаъри ҳазору саду анд соли таърих бурун омадаву ҳақиқати гузаштаро таҷассум мекунад, назар афканда, бештари ин марзҳои ҷуғрофиро, ки ба онҳо дигарон даст меёзанд, љилвагар мебинем, бидуни интизорӣ аз онҳо худ аз худ посухе ба ин чароҳо меёбем. Тоҷикон воқеан меросбари аслии Сомониён дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳастанд ва то кунун беҳтарин суннату оинҳои давлатдории миллии хешро идома дода, ҳусни олии фарҳанги ҳамсоядорӣ, адолати таърихӣ, мактаби меросбарӣ аз тамаддуни миллии хешро риоят карда омадаанд ва имрӯзу фардо низ давом медиҳанд. Ҳақиқати таърихро бо чашми басират мешиносанд ва эҳсос мекунанд, ки ҳоло ҳеҷ ниёзе ба таърихсозиву таърихофарӣ ва таҳрифи гузашта нест, чун дигарон дар ин бора аллакай гуфтаанду мегӯянд, мо чаро офтобро ба такрор бигӯем, ки ин офтоб аст…

Нуралӣ Нурзод,

доктори илмҳои филологӣ,

Руйхати адабиёти истифодашуда

1. Акеров Табылды Абдраманович, «Маджму ат-Таварих» как исторический источник (Полный перевод, анализ и комментарии)». – Бишкек: 2017. – 348 с.

2. Записки Восточного Отделения Русского Археологического Общества. Том ХII, 1899 г. СП б, 1900. Стр. VI. (Заседание 11 марта 1899 года).

3. Извлечение из «Маджму ат-таварих». Перевод, введение и комментравии В.А Ромодина. Ленинград, 1963.

4. Клавихо, Гонсалес. «Рӯзномаи сафар ба Самарқанд» . Тарҷумаи Ислом Юсуфӣ: Душанбе: Эр-граф,2016.

5. Собрание истории. Маджму ат- таварих. Фотографическая репродукция отрывок текста, введение, указатели. Подготовил к изданию А. Т. Тагиржанов.Издательство Ленинградского университета. 1960 г. 200 с.

6. Масов Р. Таджики: История с грифом «совершенно секретно». – Душанбе: Пайванд, 2014.- 212 с.

7. Нусхаи дастнависи «Маҷмуат – ут -таворих» аз хазинаи нусхаҳои хаттии Институти забон, адабиёт ва шарқшиносии АИ ИҶШС,. Таҳти шумораи №277 .123 стр.

8. Ҳасанзода Абдуҷамол. Андар маънии вожаи Хуҷанд. / Хваканта. Хуҷанд. Мураттиб Саидумрон Саидов. -Хуҷанд: Ношир, 2016. – саҳ. 362- 370.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button