ВидеоНомаҳо ба президентТоҷикистонҶомеа

“МИНУ ФАРМ” АЗ ДАЪВОЯШ ГУЗАШТ? ИН ШИРКАТ ГУФТААСТ, АМРИДДИН НАХШОВ “ШАХСИ ХАЛОСКУНАНДА” БУД

Мақомоти интизомии ноҳияи Данғара Амриддин Нахшов,  мудири корхонаи истихроҷи тиллои “Нахш” ва хоҳарзодаи ҳамсари президенти Тоҷикистонро бо иттиҳоми “авбошӣ” ва шарикони ӯро ҳамчунин ба “вайрон намудани дахлнопазирии манзил” муттаҳам кардаанд. Ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, парвандаи Нахшов бар асоси банди 2-и моддаи 237-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон таҳқиқ мешавад, ки ҳамчун ҷазо аз 60 то 120 ҳазор сомонӣ ҷарима ё то панҷ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

 Нахшов ба он гумонбар мешавад, ки шаби 16-уми май бо чанде аз ҳамроҳонаш ба кормандони кирояи ширкати “Мину Фарм”, паймонкори ширкати “Фароз” дар ҷамъоварии шираи камол, ҳамла кардааст. Ба гуфтаи шоҳидон, ҳодиса дар маҳаллаи 7-уми маркази ноҳияи Данғара пас аз он рух дод, ки Сайёд Ғиёсов, намояндаи ширкати “Мину Фарм” ба дархости шахсони фиристодаи Амриддин Нахшов барои соҳиб шудан ба як порча замин ҷавоби рад дод. Гуфта мешуд, ки дар ҷараёни муноқиша 10 нафар, аз ҷумла 4 шаҳрванди  Афғонистон ҷароҳат бардошта, мақомоти милиса дар ҳамон рӯзи аввал 7 нафар аз шарикони Амриддин Нақшовро дастгир карданд.

Худи Нахшов танҳо рӯзи 27 май, баъди 11 рӯзи ҳодиса худро ба мақомот супурд. Манбаи Озодӣ гуфт, Нахшов то лаҳзаи “таслим шудан” озодона дар Данғара гаштугузор мекард ва касе ҷуръати боздошти ӯро надошт.

Дар ҳамин ҳол, ширкати “Мину Фарм” дар як нома ба Радиои Озодӣ бо имзои мудири ширкат Маҳмадализода Ф. ба дасти Радиои Озодӣ расид, Амриддин Нахшовро бегуноҳ донистааст.

“Дар ин муноқиша шаҳрванд Нақшов А. ҳамчун шахси халоскунандаи тарафҳо иштирок намуда, ҷавононро ба бетартибиҳо роҳ надодан даъват мекард”, –гуфтааст ширкати “Мину Фарм”.

Пештар манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки муноқиша дар манзили иҷораи кормандони ин ширкат бо иштироки ҳудуди 20 нафар аз ду тараф рух додааст. Вале дар номаи ширкати “Мину Фарм” гуфта мешавад, “ҳангоми гаштугузор дар ноҳияи Данғара миёни чор нафар кормандони Ҷамъият шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сокинони маҳаллӣ, аз бархӯрди сухангӯии қабеҳ, миёни онҳо муноқиша рух дод”.

Амриддин Нахшов хоҳарзодаи ҳамсари раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст. Падараш Файзиддин Нахшов мудири пешини шуъбаи чоруми “Амонатбонк” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд ва соли 2018 даргузашт. Амриддин Нахшов пештар дар “Ориёнбонк” кор мекард, ҳоло раҳбари ширкати истихроҷи тилои “Нахш” аст. Ин ширкат асосан дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг замин дорад ва ба истихроҷи тило машғул аст.

Ширкати “Мину Фарм” аз ангуштшумор ширкатҳое дар Тоҷикистон аст, ки иҷозаи ҷамъоварии шираи камолро дорад. Ин ширкат низ пайвандиҳое бо ширкати собиқи ширкати собиқи “Фароз” дорад, ки ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, мутааллиқ аст.

Амриддин Нахшов ба “авбошӣ” муттаҳам шуд, ширкати “Мину Фарм” бегуноҳ медонад

Радиои Озодӣ


Мақомоти интизомии ноҳияи Данғара Амриддин Нахшов, мудири корхонаи истихроҷи тиллои “Нахш” ва хоҳарзодаи ҳамсари президенти Тоҷикистонро бо иттиҳоми “авбошӣ” ва ҳамроҳонашро ба “вайрон намудани дахлнопазирии манзил” муттаҳам кардаанд. Ширкати “Мину Фарм” Нахшовро, ки дар пайи муноқиша бо кормандони он дастгир шудааст, бегуноҳ медонад.

Ин гурӯҳи нӯҳнафарӣ, ки ҳоло дар боздошт қарор доранд, ба он муттаҳам мешаванд, ки шоми 16-уми май дар як занозанӣ дар маркази Данғара ширкат кардаанд. Пештар Амриддин Нахшов фирор карда буд, вале Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 27-уми май хабар дод, ки ӯ “бо хоҳиши худ” ба Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Данғара омада, “таслим шудааст”.

Як манбаъ дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон рӯзи 5-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи ин гурӯҳ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноӣ таҳқиқ мешавад. Ба қавли ӯ, Амриддин Нахшов танҳо бо “авбошӣ” айбдор мешавад, вале ҳамроҳонаш ба ҷуз “авбошӣ”, инчунин ба “вайрон кардани дахлнопазирии манзил” муттаҳам шудаанд.

Ӯ гуфт, парвандаи Нахшов бар асоси банди 2-и моддаи 237-и Кодекси ҷиноӣ таҳқиқ мешавад, ки аз 60 то 120 ҳазор сомонӣ ҷарима ё то панҷ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Ин манбаъ гуфт, Нахшов то лаҳзаи “таслим шудан” озодона дар Данғара гаштугузор мекард ва касе ҷуръати боздошти ӯро надошт.

Нахшов ба он гумонбар аст, ки шаби 16-уми май бо чанде аз ҳамроҳонаш ба кормандони кирояи ширкати “Мину Фарм”, паймонкори ширкати “Фароз”, ҳамла кардааст.

Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар мақомоти тафтишотӣ қаблан дар шарҳи ҳодиса гуфта буданд, ки дар ин рухдод ҳудуди даҳ кас захмӣ шуда, дар бадани чаҳор нафари онҳо зарби корд мушоҳида шудааст. Дар миёни осебдидагон чаҳор шаҳрванди Афғонистон низ ҳастанд, ки барои бастани шартнома барои ҷамъоварии шираи камол ба Данғара омада будаанд.

Як шоҳиди ҳодиса, ки нахост номаш зикр шавад, рӯзи 24-уми май ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ҳодиса дар маҳаллаи 7-уми маркази ноҳияи Данғара пас аз он рух дод, ки Сайёд Ғиёсов, намояндаи ширкати “Мину Фарм” ба дархости шахсони фиристодаи Амриддин Нахшов барои соҳиб шудан ба як порча замин ҷавоби рад дод.

Ширкати “Мину Фарм” дар як нома, ки он бо имзои мудири ширкат Маҳмадализода Ф. ба дасти Радиои Озодӣ расид, Амриддин Нахшовро бегуноҳ донистааст.

“Дар ин муноқиша шаҳрванд Нақшов А. ҳамчун шахси халоскунандаи тарафҳо иштирок намуда, ҷавононро ба бетартибиҳо роҳ надодан даъват мекард”, –гуфтааст ширкати “Мину Фарм”.

Пештар манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки муноқиша дар манзили иҷораи кормандони ин ширкат рух додааст ва дар он ҳудуди 20 нафар аз ду тараф ширкат кардаанд Дар номаи ширкати “Мину Фарм” гуфта мешавад, “ҳангоми гаштугузор дар ноҳияи Данғара миёни чор нафар кормандони Ҷамъият шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сокинони маҳаллӣ, аз бархурди сухангуии қабеҳ, миёни онҳо муноқиша рух дод”.

Ин ширкат захмӣ шудани даҳ нафар, аз ҷумла шаҳрвандони Афғонистонро рад карда, навиштааст, ки дар ин муноқиша танҳо чор нафар ширкат дошт. Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, чор нафар афродест, ки танҳо аз корд захм бардошта буданд ва дар бемористон бистарӣ шуданд.

Амриддин Нахшов хоҳарзодаи ҳамсари раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст. Падараш Файзиддин Нахшов мудири пешини шуъбаи чоруми “Амонатбонк” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе буд ва соли 2018 даргузашт.

Амриддин Нахшов пештар дар “Ориёнбонк” кор мекард, ҳоло раҳбари ширкати истихроҷи тилои “Нахш” аст. Ин ширкат асосан дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг замин дорад ва бештар дар он ҷо ба истихроҷи тило машғул аст.

Ширкати “Мину Фарм”, ки бо кормандонаш занозанӣ сурат гирифтааст, аз камтарин ширкатҳое дар Тоҷикистон аст, ки иҷозаи ҷамъоварии шираи камолро дорад. Ин ширкат низ пайвандиҳое бо ширкати собиқи “Фароз” дорад, ки ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, мутааллиқ аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button