КоррупсияНомаҳо ба президентНуқтаи назар

КОРРУПСИЯ: ДАР ДАРОМАДГОҲИ ИСКАНДАРКӮЛ ШЛАГБАУМ ШИНОНДА, АЗ ҲАР САЙЁҲ 6.50 СОМОНӢ ТАЛАБ ДОРАНД

Matluba Fuzaylova  дар гуруҳи фейсбукии “МЫ-ТАДЖИКИСТАНЦЫ! / МО -ТОҶИКИСТОНИЁН!” хабар дод, ки рӯзи 5 июн, ҳангоми сафар ба Искандаркӯл шоҳиди пулкании ғайриқонунӣ аз сайёҳон шудаанд. Аҷиб он аст, ки ҳамчун далели қонунӣ барои пулчиниашон соҳибон шлагбаум ксерокопияи қоғази бемуҳреро нишон додаанд, ки дар бораи … қоидаи рафтор ва пӯшидани либос дар соҳили кӯл буда, дар он як ҳарфе ҳам дар бораи пул кандан нест.

Дар даромадгоҳ шлагбаум шинондаанд ва ду корманд нусхаи ксерокопияи санади бемуҳреро нишон дода, аз ҳар мусофири маршрутка 6,50 сомонӣ талаб карданд.

Санадашонро хондам. Дар он дар бораи қоидаи рафтор ва тарзи либоспӯшӣ сухан меравад. Ҳатто ним ҳарф дар бораи ин пулканӣ нест.

Ин магар дуруст аст?

Ва он ҳам дар ҳоле ки Соли рушди сайёҳӣ эълон шудааст”, – навиштааст Матлуба Фузайлова.

Ин матлаб дар гуруҳ баҳси гармеро ба вуҷуд оварж. Корбарони дигар хабар доданд, ки ҳамин тавр ҳангоми даромадан ба минтақаи истироҳатии Шаҳристон аз ҳар нафар 6 сомонӣ ва ҳатто ҳангоми вуруд ба осоишгоҳи “Баҳористон” аз ҳар кас 5 сомонӣ талаб мекунанд.

Ба қавли Shukhrat Rakhimov:

Диёрам Тоҷикистон, мехри ту дар дилу ҷон!)))

Короче, пул бошад олам гулистон🤟.

Komron Safarzoda бар ин аст, ки “Точикистон ай Дубайшам зурай ай Турцияшам ва Ай дигарчохошам! Афсус ки шароит мухайе нест барои туризм , неки агар бган бкнем мешава. Ватан гунохе надора!”

Носирҷон Ғоибов навиштааст, «феълан Тоҷикистон ва мардумаш барои қабули сайёҳон комилан омода нестанд. Лоф задан ва намоишкорӣ танҳо чизест, ки хуб меояд аз дасташон. Нархҳои баланд, баднафсӣ, бетарбиятӣ, дағалӣ ва бефарҳангӣ дар ҳама ҷост, ба мизоҷ танҳо ҳамчун ба сайд нигоҳ мекунанд, фарҳанги баланду меҳмоннавозӣ ба боди фаромӯшӣ супурда шудааст, кӯтоҳбинӣ, надонистани забонҳои хориҷӣ. Метавонем боз даҳҳо мушкили дигарро инҷо баршумурем.”

Billy Milligan менависад, ки бояд миёни коррупсияро шикаст: «Мо худамон ин кирми коррупсияи ба дунё овардем, хӯрондем ва ҳоло ҳам хӯронда истодаем. Соҳаҳои истироҳат, тиб, маориф, идораҳои давлатӣ, ҳамаҷо ба гаравгони ҳамин вазъият табдил ёфтаанд.”

 Диана Герсамия бошад маслиҳат додааст, ки бояд ба соҳибони шлагбаум «қиссаи милисаи аз кор рондашударо нақл мекардед, ки барои акс гирифтан дар назди арчаи солинавӣ аз мардум пул талаб мекард.”

Ба ақидаи аксар, дар шароите, ки ба иллати пандемия саффи сайёҳони хориҷӣ ба шиддат коҳиш ёфт, бо чунин пулканиҳо дилсард кардану буридани шавқи сайёҳони дохилӣ ба буридани навдае мемонад, ки худи мо дар болояш нишастаем.

Matluba Fuzaylova МЫ-ТАДЖИКИСТАНЦЫ! / МО -ТОҶИКИСТОНИЁН!

Были сегодня на Искандеркуле. Транспорт и водителя предоставила фирма Таджик-тур

У въезда на территорию установлен шлагбаум, два сотрудника, размахивая ксерокопией документа без печати, требуют оплатить за каждого пассажира из маршрутки по 6.50.

Прочла. Слова о соблюдении правил поведения и формы одежды. Ни полслова об этом сборе.

Это нормально?…

Год развития туризма, между прочим…

https://www.facebook.com/groups/tajikistanians/permalink/2998467567103804/

Аз майдони шарҳҳои зери ин матлаб:

Носирджон Гоибов

Пока Таджикистан и его население абсолютно не готовы к приёму туристов.

Хвастаться и показухой заниматься – это хорошо умеют. Высокие цены на всё, жадность, непорядочность, наглость и бескультурье почти везде, на клиентов смотрят только как на наживку, свои не свои, очень слабая инфраструктура, забытая национальная высокая культура и гостеприимство, недальновидность, не знание языков (очень мало знающих иностранных языков) и ещё много можно перечислить.

Правда не нравится многим. Это не столь критика, а боль, крик души каждого добропорядочного Таджика и Таджикистанца, где бы он не находился. Каждый должен начинать с себя, своей семьи и окружением. Надо работать на перспективу, а не сиюминутного дохода и на “после меня хоть потоп”.

Sabo Salohiddin

Правительству надо бороться с вымогательством и внести жёсткие наказания . Смотрела на ютубе много видео дальнобойщиков , которые ездили в Таджикистан . Дальнобойщики не хотят ездить , везде вымогают и обдирают представители ГАИ . В итоге нет ввоза товаров и продовольствия и в следствии дороговизна на рынке . Это серьёзный вопрос . Правительство пытается что-то наладить , но эти вымогатели портят престиж страны .

Диана Герсамия

Надо было рассказать им историю об уволеном милиционере, который вымогал деньги с тех, кто хотел сфотографироваться у новогодней елки)

Махбуба Махмадхонова

Дар айни замон як макол буд салом бе тамах нест хозир дар хама чой пул кани модаращон дар соли гушнаги тавалуд кардаги сер намекунанд то ба чашмашон як каф хок нарезанд худо ах серашон накунад дарин замон ва дар ун дуне чавоб медихан ….

Shukhrat Rakhimov

У входа в Бахористон такая же ситуация вход по 5 сомон с каждого человека!!!

Диёрам Тоҷикистон, мехри ту дар дилу ҷон!)))

Короче пул бошад олам гулистон🤟.

Аскарджон Джураев

Як сохили сирдарьё аз тарафи шохрохи Хуч,анд Конибодом камтар ч,ои оббози монда буд хамунам аз худ карда кат мондиян ч,ои нишаст 30 сомон курпачаву гилемчахо ифлос короче барда

Billy Milligan

Если бы все вместе начали работать и над собой и над системой , то давно бы сломали эту порочную инициативу коррупции. Все до единого хаим в тихую, но руку на грудь , второй подаём. Везде так. Куда не плюнь, мы породили и кормили и продолжаем кормить этого червя. Отдых, медицина, образование, исполнительные органы, куда не плюнь заложники положения.

Komron Safarzoda

Точикистон ай Дубайшам зурай ай Турцияшам ва Ай дигарчохошам! Афсус ки шароит мухайе нест барои туризм , неки агар бган бкнем мешава . Барои хаму одамои ки дигачо мерану шароити зиндагишон хуб мешава ва Ватана паст мезанан гуфтанийм Ватан гунохе надора!

Katty Soina Komron Safarzoda

 я с вами согласна. Но даже если обод мекнан-цены взлетят по самые гланды

Сочида Ибодова

 шояд мардум аз обод кардан метарсанд, обод мекунанд буккахо аз дасташон кашида мегиранд,

Азим Арипов Какой туризм? Полный саботаж туризма.

Сафаргуль Каримова

Собирая деньги они видимо будут шить одинаковую форму одежды 🙂 (шутка)

Mutalib Usmonov

При въезде в зону отдыха Шахристана тоже по 6 сомони с каждого берут. Ни квитанции ничего…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button