ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 6 ИЮНИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими якшанбе, 6 июни Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

“МИНУ ФАРМ” АЗ ДАЪВОЯШ ГУЗАШТУ АМРИДДИН НАХШОВPO “ШАХСИ ХАЛОСКУНАНДА” ГУФТ

РУСИЯ ЯКБОРА 4 НАФАР, АЗ ҶУМЛА ШАХСИ МУТТАМ БА 5 КУШТОРРО БА ТОҶИКИСТОН СУПУРД

ШУМО БАРОИ ЯК СУРУД БА ДУХТАР ЧАСПИДЕД! ҲИМОЯТИ ОВОЗХОНИ “LITTLE BIG” АЗ МАНИЖА

МАТНИ ПУРРАИ 9 БАНДИ ПРОТОКОЛИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН НАШР ШУД

ПОСУХИ ОЛИМИ ТОҶИК БА МУАРРИХИ ҚИРҒИЗ: ҲЕҶ ЯК ПОРАИ ХОКИ  ТОҶИКИСТОН АЗ ҚИРҒИЗҲО НЕСТ

КОРРУПСИЯ: ДАР ДАРОМАДГОҲИ ИСКАНДАРКӮЛ ШЛАГБАУМ ШИНОНДА, АЗ ҲАР САЙЁҲ 6.50 СОМОНӢ ТАЛАБ ДОРАНД

РАВУОИ НАҚЛИЁТ ТАВАССУТИ НАҚБИ “ИСТИҚЛОЛ” МАҲДУД КАРДА ШУД

ПАРВАНДАИ СОКИНИ МАСКАВ БАРОИ САБТИ НОМИ ҚАЛБАКИИ 4 МУҲОҶИРИ ТОҶИК

ДАР БОЗОРИ БОТКАНД ДУЗДРО БА СУТУН БАСТАНД

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Мақомоти интизомии ноҳияи Данғара Амриддин Нахшов,  мудири корхонаи истихроҷи тиллои “Нахш” ва хоҳарзодаи ҳамсари президенти Тоҷикистонро бо иттиҳоми “авбошӣ” ва шарикони ӯро ҳамчунин ба “вайрон намудани дахлнопазирии манзил” муттаҳам кардаанд. Ба гуфтаи манбаи Радиои Озодӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Данғара, парвандаи Нахшов бар асоси банди 2-и моддаи 237-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон таҳқиқ мешавад, ки ҳамчун ҷазо аз 60 то 120 ҳазор сомонӣ ҷарима ё то панҷ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

 Нахшов ба он гумонбар мешавад, ки шаби 16-уми май бо чанде аз ҳамроҳонаш ба кормандони кирояи ширкати “Мину Фарм”, паймонкори ширкати “Фароз” дар ҷамъоварии шираи камол, ҳамла кардааст. Ба гуфтаи шоҳидон, ҳодиса дар маҳаллаи 7-уми маркази ноҳияи Данғара пас аз он рух дод, ки Сайёд Ғиёсов, намояндаи ширкати “Мину Фарм” ба дархости шахсони фиристодаи Амриддин Нахшов барои соҳиб шудан ба як порча замин ҷавоби рад дод. Гуфта мешуд, ки дар ҷараёни муноқиша 10 нафар, аз ҷумла 4 шаҳрванди  Афғонистон ҷароҳат бардошта, мақомоти милиса дар ҳамон рӯзи аввал 7 нафар аз шарикони Амриддин Нақшовро дастгир карданд.

Худи Нахшов танҳо рӯзи 27 май, баъди 11 рӯзи ҳодиса худро ба мақомот супурд. Манбаи Озодӣ гуфт, Нахшов то лаҳзаи “таслим шудан” озодона дар Данғара гаштугузор мекард ва касе ҷуръати боздошти ӯро надошт.

Дар ҳамин ҳол, ширкати “Мину Фарм” дар як нома ба Радиои Озодӣ бо имзои мудири ширкат Маҳмадализода Ф. ба дасти Радиои Озодӣ расид, Амриддин Нахшовро бегуноҳ донистааст.

“Дар ин муноқиша шаҳрванд Нақшов А. ҳамчун шахси халоскунандаи тарафҳо иштирок намуда, ҷавононро ба бетартибиҳо роҳ надодан даъват мекард”, –гуфтааст ширкати “Мину Фарм”. Пештар манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки муноқиша дар манзили иҷораи кормандони ин ширкат бо иштироки ҳудуди 20 нафар аз ду тараф рух додааст. Вале дар номаи ширкати “Мину Фарм” гуфта мешавад, “ҳангоми гаштугузор дар ноҳияи Данғара миёни чор нафар кормандони Ҷамъият шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сокинони маҳаллӣ, аз бархӯрди сухангӯии қабеҳ, миёни онҳо муноқиша рух дод”.

Амриддин Нахшов хоҳарзодаи ҳамсари раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст. Падараш Файзиддин Нахшов мудири пешини шуъбаи “Амонатбонк” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, соли 2018 даргузашт. Амриддин Нахшов пеш дар “Ориёнбонк” кор мекард, ҳоло раҳбари ширкати “Нахш” аст, ки асосан дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг ба истихроҷи тило машғул аст.

Ширкати “Мину Фарм” аз ангуштшумор ширкатҳое дар Тоҷикистон аст, ки иҷозаи ҷамъоварии шираи камолро дорад. Ин ширкат низ пайвандиҳое бо ширкати собиқи “Фароз” дорад, ки ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, мутааллиқ аст.

ххххххххххххххххх

Русия якбора қарори истирдоди 4 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар кишвари зодгоҳашон ба ҷиноятҳои сангин айбдор мешаванд, баровард.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Русия гуфт, Яке аз истирдодшудаҳо  Зиёратшо Хушвахтов аст, ки дар 5 куштор дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ айбдор мешавад. Бино ба фарзияи мақомот, Хушвахтов моҳи октябри соли 1997 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бар асоси маслиҳати пешакӣ бо шахсони дигар бо мақсади рӯпӯш кардани як ҷинояти дигар ба як манзил ҳамла карда, соҳибхонаро бо ду фарзандаш куштанд. Ҳафтае баъд, меафзояд Додситонии кулли Русия, Зиёратшо Хушвахтов бо шариконаш боз як марди дигарро ҳамроҳи ҳамсараш барқасд куштаанд.

Истирдодшудаи дигар Анӯшервон Аҳмадалиев, бино ба иттилоияи расмии Додситонии кулли Русия, ба он айбдор мешавад, ки моҳи августи соли 2016 талош кардааст, то шаҳрвандони тоҷикро барои пайвастан ба саффи гуруҳи силоҳбадаст ва иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар кишвари дигар аз таарфи созмони ифротию террористӣ ҷалб кунад. Чунин таъбирро мақомот маъмулан нисбат ба онҳое истифода мебаранд, ки барои ДОИШ кор мекунанд.

 Шуҳрат Ашӯров, истирдодшудаи сеюм  ба он айбдор мешавад, ки моҳи майи соли 2017 бо маслиҳати пешакӣ бо шахсони дигар ба як шаҳрванди Тоҷикистон бо корду табар осеби вазнини ҷисмонӣ расондааст.

Беҳрӯз Исмоилов бошад барои он таҳти ҷустуҷӯ қарор гирифтааст, ки баъди гузаштан аз комиссияи тиббӣ худсарона аз бинои комиссариати ҳарбӣ гурехта, аз хидмати ҳарбӣ сарпечӣ кардааст ва ҳоло ҳамчун дезертир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Беҳрӯз ба Русия фирор кард, вале хатти ҷустуҷӯяш то ба инҷо расид ва акнун ӯро таҳти конвой пас мефиристанд.

Қарори истирдоди Зиёратшо Хушвахтов, Анӯшервон Аҳмадалиев, Шуҳрат Ашӯров ва Беҳрӯз Исроилов алакай ба ҳукми иҷро даромадааст.

Назари худи истирдодшудаҳо дар мавриди ин иттиҳомот дастрас нест.

ххххххххххххххххх

Ятимов ва Тошиев дар Қарамиқ. 5 июни соли 2021

Душанбе ва Бишкек шоми 5 июн матни изҳороти муштарак дар пайи музокироти роҳбарони КДАМ Тоҷикистону Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиевро нашр карданд. Ин музокирот рӯзи 5 июн дар нуқтаи сарҳадии Қарамиқ дар марзи ноҳияи Лахши Тоҷикистон бо ноҳияи Чон-Олойи Қирғизистон баргузор шуд. Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки вазъи мураккаби дар ин минтақаи марз ба вуҷуд омада бо роҳи сулҳомез ҳал гардид.

Ёдовар мешавем, рӯзи 4 июн ҷобаҷо кардани як ҳайъати дидбонии марзбонони тоҷик дар ағбаи Шаттӣ ба таниши нави байни ду кишвар мунҷар шуд ва Бишкеку Душанбе табодули нотаҳои эътирозӣ карда, сипас пушти мизи музокирот нишастанд. Протоколе, ки Ятимов ва Тошиев дар пайи ин музокирот дар Қарамиқ имзо карданд, аз 9 банд иборат аст:

• Постгоҳҳои сарҳадӣ аз ҳарду ҷониб ба масофаи 3 километр ба дохили қаламрави Тарафҳо кӯчонида шаванд.
• Неруҳои низомӣ, таҷҳизоти ҳарбӣ ба макони қарордошти доимӣ баргардонида шуда, танҳо нарядҳои доимии сарҳадӣ боқӣ монанд.
• Дар хусуси истифодаи чарогоҳҳо дар ин минтақа қарор қабул гардид.
• Ҳар як амал дар Сарҳади давлатӣ бояд қаблан бо Раисони Комиссияи Тарафҳо ҳамоҳанг карда шавад.
• Нарядҳои сарҳадӣ тартиби муқарраргардидаи рафтори худро риоя намоянд.
• Дар воситаҳои ахбори омма танҳо иттилооти байни Тарафҳо ҳамоҳангшуда ва тибқи протоколҳои қаблан имзошуда паҳн гардад.
• Ба роҳбарони гурӯҳҳои кории топографии Тарафҳо супориш дода шуд, ки дар муҳлати кӯтоҳтарин нишонагузории қисмати Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро аз нуқтаи сарҳадии №12/2 то нуқтаи сарҳадии №12/9 ба итмом расонанд.
• Тарафҳо дар байни сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монанд.
• Тарафҳо дар хусуси риояи қатъии бандҳои протоколи мазкур ба мувофиқа расиданд.

ххххххххххххххххх

Нуралӣ Нурзод ва Қиёс Муллоқосимов

Ахиран муаррихи қирғиз Қиёс Муллоқосимов (Кыяс Молдокасымов) иддао карда буд, ки чоряки қаламрави Тоҷикистони кунунӣ сарзаминҳои қирғизист. Ӯ аз ҷумла Мурғобу Лахшро сарзаминҳои аслии мардуми қирғиз номида, иддао карда гуфт, ки ҳатто Хуҷанд низ моли онҳост, чунки номи худи ин шаҳр ва манотиқи атрофи он ҳама решаҳои туркӣ ва қирғизӣ доранд.

Аммо донишманди тоҷик доктори илмҳои забоншиносӣ Нуралӣ Нурзод дар як посухи муфассал даъвоҳои муаррихи қирғизро бо истинод ба маъхазҳои таърихӣ ва пажуҳишҳои донишмандони маъруфи ҷаҳонӣ, ба мисли Бартолд, ва ҳатто бо такя ба “Маҷмуа- ут таворих”, ки Муллоқосимов низ ҳамчун як далели асосӣ барои исботи даъвоҳояш ба он истинод мекард, ботил баровардаааст. Нуралӣ Нурзод менависад, “ҳаргиз номвожаҳои Хуҷанд ва атрофи он қирғизӣ набудаанд.” Донишманди тоҷик ҳамин тавр, инро, ки “ҳеҷ як порае аз хоки Тоҷикистон замини қирғизҳо нест”, “ҳақиқати бебаҳс” меномад.

Баҳсҳо бар сари ба кӣ тааллуқ доштани ин ё он сарзамин байни Тоҷикистону Қирғизистон баъди муноқишаи хунини поёни моҳи апрел дар марзи ду кишвар, ки 55 кушта ва ҳудуди 240 захмӣ ба ҷо гузошт, авҷи боз ҳам бештар гирифтааст.

ххххххххххххххххх

Фронтмен, ё худ овозхони №1 гуруҳи Little Big Иля Прусикин аз зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин, ки имсол Русияро дар озмуни муътабари “Евровидение – 2021” бо таронаи “Russian Woman” намояндагӣ мекард, пуштибонӣ кард ва онҳоеро, ки Манижа ва таронаи вайро ба боди интиқод мекашанд ва танҳо фикри худро дуруст мешуморанд, “фашист” номид. “Бо шумо чӣ шудааст, мардум? Шумо ба ин духтар барои як суруд часпидаед! Манижа таронаашро нашр кард, ба фикри шумо, ин “г…” аст. Г… дар мағзи сари шумост. Дар ин тарона нест, дар мағзи сари шумост!”, — гуфт Иля Прусикин ба пуштибонӣ аз Манижа.

Прусикин гуфт, касе ҳақ надорад, эҷодиёти як нафари дигарро ба чунин шакл маҳкум кунад. “Ҳар навъ эҷодиёт ҳаққи вуҷуд дорад. Бояд рафтори бад маҳкум карда шавад, на эҷодиёт. Таҳқир ва изҳори назар ду чизи комилан мухталиф аст, — изҳор дошт Прусикин.

Гуруҳи “Little Big”, ки як таронааш беш аз ним миллиард тамошобин ҷамъ овардааст, мебоист соли 2020 Русияро дар озмуни «Евровидение» намояндагӣ мекард. Вале соли гузашта ин озмун ба далели коронавирус доир нашуд.

Русияро дар «Евровидение-2021» овозхони 29-солаи зодаи Тоҷикистон Манижа Сангин намояндагӣ кард. Интихоби Манижа  ба ҳайси намояндаи Русия дар озмуни “Евровидение” дар он кишвар мавҷи вокунишҳои манфӣ, аз ҷумла аз ҷониби бархе шахсиятҳои шинохтаро ба вуҷуд овард. Бадбинон худи инро, ки Русияро дар озмуни асосии мусиқии Аврупо як зодаи Тоҷикистон намояндагӣ мекунад, зери шубҳа гузоштанд. Манижа Сангин дар посух гуфт, муносибати бадбинона ба пирӯзии ӯ  ҳамчун як нафари зодаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мушкили миллатгароӣ ва бегонабадбинӣ дар Русия дар сатҳи ҷиддӣ вуҷуд дорад.

Дар ниҳоят Манижа дар «Евровидение-2021», ки дар Роттердами Ҳолланд доир шуд, дар байни 41 довталаб ҷои 9-умро ба даст овард. Клипи таронаи ӯ “Russian Woman” бо 13 миллион тамошобин дар Ютуб-канали «Евровидение» аз ҳама пуртамошобин шуд ва ҳунарнамоии Манижа дар марҳалаи ниҳоии озмун бо 16 миллион тамошобин ҷои сеюмро ба даст овард.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азиз. Ёдовар мешавем, хулосаи муҳимтарин ахбори Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” тамошо доред. Барномаро идома медиҳем.

IRS, ширкати масъули нигоҳубин ва пулчинӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, аввалин роҳи пулакии Тоҷикистон хабар дод, ки аз 5 июн убуру мурур аз тариқи нақби “Истиқлол”, ки шимоли Тоҷикистонро бо марказ ва ҷануби ин кишвар мепайвандад, маҳдудият ҷорӣ карда мешавад.

Бар асоси реҷаи нави маҳдудсозии ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ки ба гуфтаи IRS, “дар мувофиқа бо сохторҳои дахлдор” қабул шудааст, давоми рӯз убуру мурури мошинҳо аз самти Хуҷанд ва аз самти Душанбе ба навбат сурат хоҳад гирифт:

Дар давоми рӯз убуру мурури нақби “Истиқлол” барои мошинҳое, ки аз самти Душанбе ба самти Хуҷанд ҳаракат мекунанд,  соатҳои 07:00 – 10:00 ва 13:00 – 16:00 қатъ мегардад ва танҳо аз соати 10:00 то 13:00 ва аз соати 16:00 то 19:00 иҷозат дода мешавад.

Ҳамин тавр, дар давоми рӯз убуру мурури нақби “Истиқлол” барои мошинҳое, ки аз самти Хуҷанд ба самти Душанбе ҳаракат мекунанд, аз соати 10:00 то 13:00 ва аз соати 16:00 то 19:00 қатъ гардида, танҳо соатҳои 07:00 – 10:00 ва 13:00 – 16:00 иҷозат дода мешавад.

Аз соати 19:00 то 06:00 ҳаракати тамоми намуди нақлиёт  тавассути нақби “Истиқлол” бидуни ягон маҳдудият сурат мегирад.

IRS  аз шаҳрвандон хостааст, ки сафари хешро ба реҷаи мазкур мутобиқ намоянд.

Маҳдуд кардани ҳаракати нақлиёт тавассути нақби “Истиқлол” ба зарурати тармими он бастагӣ дода мешавад. Нақби “Истиқлол” бо тақрибан 40 миллион доллар маблағгузории Эрон сохта шуд ва шимоли Тоҷикистонро бо марказ ва ҷануби кишвар пайваст. То бунёди ин нақб равуо аз вилояти Суғд ба маркази кишвар тавассути ағбаи пурхатари Анзоб анҷом мешуд, ки дар фасли зимистон бисёр вақт баста мешуд.

Нақби “Истиқлол” ҳарчанд шимоли Тоҷикистонро бо марказаш пайваст, вале сифати пасти сохтмонаш мояи интиқодҳои зиёд шуда буд.

ххххххххххххххххх

ВКД ҷумҳурии Мордовияи Русия  рӯзи 6 июн хабар дод, ки як сокини шаҳри Маскав  ба он айбдор мешавад, ки 4 муҳоҷири тоҷикро дар хонааш қалбакӣ сабти ном кардааст.

Бино ба иттилои ин ниҳод, шуъбаи пулиси “Краснослободский” ба зидди сокини 44-солаи шаҳри Маскав бар асоси моддаи 322.2 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми «сабти номи қалбакии шаҳрвандони хориҷӣ ваё афроди бидуни шаҳрвандӣ  дар маҳалли зист дар хонаи истиқоматӣ  дар Федератсияи Русия” парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.

Бино ба гуфтаи тафтишот, муайян карда шудааст, ки гумонбаршаванда моҳи майи соли 2020 чор шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои таваллудашон 1985, 1964, 1984 ва 2001-ро дар хонааш дар деҳаи Саргаи ноҳияи Краснослободский сабти ном кардааст. Вале дар амал ин 4 муҳоҷири тоҷик дар ин суроға зиндагӣ намекарданд.

Тибқи қонунҳои муҳоҷирати Русия, шаҳрвандони хориҷӣ бояд дар ҳамон суроғае, ки сабти ном шудаанд, зиндагӣ кунанд.

Ба сокини Маскав акнун бар асоси моддаи 322.2 барои сабти номи қалбакии 4 муҳоҷири тоҷик ҳамчун ҷазо ҷарима ба маблағи аз 10 ҳазор то 500 ҳазор рубл вай корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то 3 сол ваё ҳатто то 3 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

ххххххххххххххххх

Ва ҳоло як хабари криминалии рӯз:

Рӯзи ҷумъа, 4 июн, дар бозори чорвофурӯшии деҳаи Ҳалмиони ноҳияи бо Тоҷикистон ҳамсарҳади Бодканди Қирғизистон издиҳоми бахашмомада як марди муттаҳам ба дуздиро дастгир карда, дар сутуни бозор бастаанд, то барои ҳамаи дуздон ибрат шавад.

Дар видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Телеграм-канали бахши қирғизии хабаргузории “Спутник” нашр шуд, дида мешавад, ки мардум як мардро ба назди сутун оварда, мебанданд ва издиҳоми ин саҳнаро тамошо мекунад ва даҳҳо нафар ба навор мегиранд.

Раёсати корҳои дохилии вилояти Бодканд гуфтааст, рӯзи 4 июн дар бозори чорвофурӯшии “Бойамон Ботир” (“Баяман Баатыр”) як ҳодисаи дуздӣ сабт шудааст. Бино ба ин манбаъ, сокини 34-солаи деҳаи Қоқ-Талаи ноҳияи Қадамҷой ариза навиштааст, ки рӯзи 4 июн, тахминан соати 6:30, шахсони номаълум аз ҳамёнаш 144 000 сом, муодили наздики 1700 долларро рабудаанд. Пулис гуфт, бо гумони содир кардани ин ҷиноят ду нафар: сокинони 29- ва 38-солаи деҳаи Қара-Қулҷаи вилояти Ӯш С.А. ва С.Ж. дастгир шуда, пулҳои дуздидаашонро ба соҳиби пул баргардондаанд. Алайҳи ин ду нафар бо иттиҳоми дуздӣ бар асоси моддаи 200 Кодекси ҷиноятии Қирғизистон парвандаи ҷиноятӣ кушода, ҳарду гумонбаршавандаро ба ҳабс гирифтаанд.

Чунин ҳодисаҳои худсарона ҷазо додани афроди муттаҳам дар ҷиноятҳо, аз ҷумла барои дуздӣ, дар дигар гӯшаҳои Осиёи Марказӣ низ дар гузашта мушоҳида шудааст. Аз ҷумла қаблан дар бораи чанд мавриди дар девори бозорҳои Ӯзбекистон овехтан ё аз сӯи издиҳом латтукӯб кардани афроди муттаҳам ба дуздӣ видеоҳо нашр шуда буд.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button