ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ВИДЕО: ТОШИЕВ ДАР БОРАИ НАТИҶАҲОИ МУЗОКИРОТАШ БО ЯТИМОВ

ВИДЕО: ТОШИЕВ ДАР БОРАИ НАТИҶАҲОИ МУЗОКИРОТАШ БО ЯТИМОВ

Рӯзи 5 июн дар марзи ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол)-и  водии Рашти Тоҷикистон бо ноҳияи Чон-Олойи вилояти Ӯши Қирғизистон музокироти дурӯзаи раисони кумитаҳои амнияти миллии  ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев анҷом ёфт.

Рӯзи 4 июн, рӯзи аввали музокироти онҳо бенатиҷа анҷом ёфта буд.

Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар бораи натиҷаи музокироти ахир шарҳи расмие надодааст, вале Қамчибек Тошиев дар Чон-Олой бо хабарнигорон дар ин бора суҳбат кард. Тошиев гуфт, ду ҷониб як протоколи иборат аз 8 бандро имзо кардаанд. Ӯ гуфт, тафсилоти тавофуқоти бадастомада баъди ягон соат нашр хоҳад шуд.

Вале, гуфт ӯ, ду ҷониб дар мавриди аз хатти марз ақиб кашидани нирӯҳояшон ва ба маҳалли зисти доимиашон баргардондани сокинони маҳаллӣ тавофуқ кардаанд. Қирғизистон аз шоми 4 июн ба кӯчондани сокинони 5 деҳа аз мавзеи баҳсии Унжу-Булоқ шурӯъ карда буд.

“Фақат марзбонҳо инҷо мемонанд. Ман алакай фармон додам, ки дигар нирӯҳоро берун бикашанд”,  гуфт Тошиев.

Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз натиҷаҳои музокиротро шарҳ надодааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button