ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

РУСИЯ ЯКБОРА 4 НАФАРРО БА ТОҶИКИСТОН СУПУРД. ЯКЕ АЗ ОНҲО БА 5 КУШТОР ДАР СОЛҲОИ ҶАНГ АЙБДОР МЕШАВАД

Русия якбора қарори истирдоди 4 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар кишвари зодгоҳашон ба ҷиноятҳои саӣнгин айбдор мешаванд, баровард. Маркази матбуоти Додситонии кулли Русия гуфт, ин 4 нафарро рӯзи 5 июн таҳти конвойи махсус ба Тоҷикистон мебаранд.

Яке аз истирдодшудаҳо  Зиёратшо Хушвахтов аст, ки дар 5 куштор дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ айбдор мешавад. Бино ба фарзияи мақомот, Хушвахтов моҳи октябри соли 1997 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бар асоси маслиҳати пешакӣ бо шахсони дигар бо мақсади рӯпӯш кардани як ҷинояти дигар ба як манзил ҳамла карда, соҳибхонаро бо ду фарзандаш куштанд. Ҳафтае баъд, меафзояд Додситонии кулли Русия, Зиёратшо Хушвахтов бо шариконаш боз як марди дигарро ҳамроҳи ҳамсараш барқасд куштаанд.

Истирдодшудаи дигар Анӯшервон Аҳмадалиев, бино ба иттилоияи расмии Додситонии кулли Русия, ба он айбдор мешавад, ки моҳи августи соли 2016 талош кардааст, то шаҳрвандони тоҷикро барои пайвастан ба саффи гуруҳи силоҳбадаст ва иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар кишвари дигар аз таарфи созмони ифротию террористӣ ҷалб кунад. Чунин таъбирро мақомот маъмулан нисбат ба онҳое истифода мебаранд, ки барои ДОИШ кор мекунанд.

 Шуҳрат Ашӯров, истирдодшудаи сеюм  ба он айбдор мешавад, ки моҳи майи соли 2017 бо маслиҳати пешакӣ бо шахсони дигар ба як шаҳрванди Тоҷикистон бо корду табар осеби вазнини ҷисмонӣ расондааст.

Беҳрӯз Исмоилов бошад барои он таҳти ҷустуҷӯ қарор гирифтааст, ки баъди гузаштан аз комиссияи тиббӣ худсарона аз бинои комиссариати ҳарбӣ гурехта, аз хидмати ҳарбӣ сарпечӣ кардааст ва ҳоло ҳамчун дезертир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Беҳрӯз ба Русия фирор кард, вале хатти ҷустуҷӯяш то ба инҷо расид ва акнун ӯро таҳти конвой пас мефиристанд.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Русия гуфт, қарори истирдоди ин 4 шаҳрванди Тоҷикистон бар асари дархости Додситонии кулли Тоҷикистон сурат гирифта, “бо шарофати кори муназзами мақомоти додситонии Русия ва ҳамкории зичи мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон муяссар шуд, ки нисбат ба ҳамаи ин 4 қазия қарори мусбат дар мавриди истирдод қабул карда шавад.”

Қарори истирдоди Зиёратшо Хушвахтов, Анӯшервон Аҳмадалиев, Шуҳрат Ашӯров ва Беҳрӯз Исроилов алакай ба ҳукми иҷро даромадааст. Рӯзи 5 июн онҳо таҳти конвойи махсус ба Тоҷикистон фиристода мешаванд.

Назари худи истирдодшудаҳо дар мавриди ин иттиҳомот дастрас нест.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button