ВидеоЧеҳраҳоҶомеа

ҚИССАИ СӮҲРОБ, ҶАВОНИ ТОҶИКЕ, КИ БА ТАВРИ МӮЪҶИЗАВӢ АЗ НАВ БА ПО ХЕСТ (ВИДЕО)

Равонпизишки шинохтаи тоҷик Маҳмуд Кабирӣ видеои ҷавонеро бо номи Сӯҳроб  нашр кард, ки баъди се соли маҳрумият аз пои равон бо кумаки шеваи табобатии доктор Кабирӣ тавонистааст дубора ба по бихезад ва роҳ бигардад.

Сӯҳроб дар ин навор мегӯяд, се сол пеш бемори ба қавли мардум “ба ҷогаҳу ҷома” буд, вале ҳоло метавонад ба роҳатӣ хаму рост шавад, ҳам ба самти пешу ҳам ба самти қафо ҳаракат кунад ва ҳатто дар  вақти адои намозҳояш мустақилона ба рукӯъ саҷда биравад.

“Ина, устод, беташвиш мешинам ва худам аз ҷоям мехезам. Пеш бо ёрдами дигарон мехестам аз ҷо”, – нақл мекунад Сӯҳроб.

Сӯҳроб барои эҳтиёт бо асо мегардад, вале доктор Кабирӣ ба ӯ гуфт, ки ин асо бештар барои эҳтиёт, ё худ “страховка” аст.

Худи Маҳмуд Кабирӣ низ чунин ба пои худ хестану рост шудани Сӯҳробро мӯъҷиза меномад.

Доктор Кабирӣ қаблан низ дар бораи ба пой хестани чанд бемори дигараш хабараш дода буд.

Маҳмуд Кабирӣ 22 июни соли 1970 дар ноҳияи Дарвоз ба дунё омада, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро хатм кардааст. Доктор Кабирӣ дар бахшҳои равоншиносӣ, равондармонӣ, гиёҳдармонӣ, сӯзандармонӣ ва тибби Шарқ, аз ҷумла тибби чинӣ, тибби ҳиндӣ, тибби набавӣ ё тибби Муҳаммадӣ ва ҳам дар тибби юнонӣ  мутахассиси варзида шинохта шуда, ҳассосбаланд, яъне экстрасенс низ дониста мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button