ВидеоИқтисодХабарҳои кӯтоҳ

НАРХИ ТАМОКУ ДАР ТОҶИКИСТОН ТО 2 МАРОТИБА БОЛО МЕРАВАД. АКНУН – НАВБАТИ НОС?

Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки андози аксизи маҳсулоти тамокуро то ду маротиба боло барад. Бар асоси ин қарор, хабар медиҳад “Азия Плюс”, андозаи аксизи сигара, сигараи думбурида, сигарилла ва сигаретаи аз тамоку ва ивазкунандаҳои он истеҳсолшуда бояд ду маротиба боло бурда шуда, аз 8,5 евро  ба 17 евро барои 1000 донна расонда шавад.

Ҳамин тавр, аксизи сигаретаҳои филтдору бефилтр аз 9,8 евро то 19 евро барои 1000 дона боло бурда шуда, андозаи аксизи дигар маҳсулоти саноатии тамоку ва ивазкунандаҳои он, ҳамчунин экстракт ва эссентсияи тамоку, навъҳои “барқароршуда” ва “гомогенишуда”-и тамоку низ ду маротиба боло бурда шуда, аз 35% ба 70% расонда мешавад.

Қарори ҳукумат бояд як моҳ баъди нашри расмиаш ба иҷро дароварда шавад. “Азия Плюс” навишт, азбаски қарор 27 май расман нашр шуд, интизор меравад, ки аксизҳо аз поёни моҳи июн боло бурда шаванд.

Аксиз як навъ андози собит аст, ки аз бархе навъҳои маҳсулот, бавижа тамоку ва машрубот, ситонда мешавад. Дар Тоҷикистон аз фурӯши алюминий – маҳсулоти асосии содиротии ин кишвар –  низ 3% андози собити аксизӣ ситонда мешавад.

Ҳоло нархи тамоку дар Тоҷикистон хеле арзон буда, дар давру бари як доллар барои як қуттии иборат аз 20 сигарета қарор дорад. Баъди як моҳ нархи як қуттии сигарет дар Тоҷикистон метавонад то ба 20 сомонӣ боло биравад. Барои муқоиса бояд гуфт, ки дар кишварҳои Ғарб нархи як қутии сигарета ба далели аксизи баланди давлатӣ дасти кам аз 4 доллар шурӯъ мешавад ва дар  Австралия, барои мисол, нархи як қуттӣ “Marlboro” то ба 25 доллар ва дар Зеландияи нав ба 21 доллар мерасад.  Табибон тамокуро ҳамчун ангезандаи бемориҳои марговаре, чун саратон, як амали зараровар меноманд ва бисёре аз давлатҳои ҷаҳон боло бурдани нархи тамокуро як роҳи муассири мубориза бо тамокукашӣ мешуморанд.

Ба назари бисёриҳо, боло рафтани нархи сигарета як бахши аъзами сигоркашони тоҷикро маҷбур хоҳад кард, ки ба истифодаи навъи миллии тамоку – нос гузаранд. Истеҳсол ва фурӯши носро то ҳол андози аксиз набастаанд ва зоҳиран нархи он ба боло бурдани андозаи аксиз вобаста нест. Вале носфурӯшон одатан нархи маҳсулоти худро бо дарназардошти нархи сигор дар бозор “танзим” мекунанд. Ба ин далел бисёриҳо интизор доранд, ки дар пайи боло рафтани нархи сигор нархи нос ҳам боло хоҳад ҷаҳид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button