ВидеоИқтисодНуқтаи назарФарҳанг

ЛОЛО, ЛОЛО, ЛОЛО, НАРХИ САБЗӢ РАФТ БОЛО… СУРУДИ НАВИ ҲАҶВИИ “ДОН ЖУАН” (ВИДЕО)

Дӯстмурод Шарипов, маъруф ба “Дон Жуан”, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик, дар клипи наваш бо номи “Лоло, лоло, лоло, нархи сабзӣ рафт боло” мавзӯи имрӯз дар Тоҷикистон хеле доғи болоравии нархҳоро ба риштаи ҳаҷв кашидааст.

 Сабаби ба ин мавзӯъ рӯ овардани “Дон Жуан” дар поёни моҳи май аз 2 сомонӣ барои як кило якбора то ба 10 ва ҳатто 11 сомонӣ боло ҷаҳидани нархи сабзӣ шуд.

“Дон Жуан” дар ин таронаи ҳаҷвӣ, ки бо як матни сабук ба пайравӣ аз таронаи дар Афғонистон машҳури “Лоло, лоло, лоло” сохта шудааст, аз ҷумла чунин мисраъҳоро мехонад:

Аз Сангтӯд омадам, бозор мерам, коко,

Қатӣ пул омадум, бепул мерам, коко.

Лоло, лоло, лоло,

Нархи сабзӣ рафт боло.

Ду-се моҳ мешава

Оша надидем, лоло…

О сабзӣ бугум, рӯған бугум, гӯшт бугум?

Ин пайсай сабил куҷо шудай, куҷо?

Лоло, лоло, лоло,

Нархи сабзӣ рафт боло…

Ин таронаро дар байни 4 рӯз танҳо дар канали “Дон Жуан” дар Ютуб беш аз 200 ҳазор нафар тамошо карда, даҳҳо нафари дигар дар дигар шабакаҳои интернетӣ бознашраш кардаанд.

Сабзӣ дар баробари биринҷ, гӯшт ва равған яке аз масолеҳи асосӣ барои пухтани ош, як таоми аз ҳама дӯстдоштаи мардум дар Тоҷикистон мебошад. Қаблан дар Тоҷикистон нархи гӯшту равған башиддат боло рафт ва ахиран нархи сабзӣ каму ғам не, якбора то 5 маротиба ба осмон хест. Ин дасти бисёриҳоро аз пухтани оши дӯстдоштаашон кӯтоҳ кардааст. Бархе бо киноя менависанд, ки бояд ба “оши парҳезӣ” гузашт: оше, ки бидуни гӯшту равғану сабзӣ пухта шавад…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button