ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ХУРУҶИ НИРӮҲО ВА БОЗГАШТИ СОКИНОН: ДУ НАТИҶАИ АСОСИИ МУЗОКИРОТИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР МАРЗИ ЛАХШ БО ВИЛОЯТИ ӮШ

Рӯзи 5 июн дар марзи ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол)-и  водии Рашти Тоҷикистон бо ноҳияи Чон-Олойи вилояти Ӯши Қирғизистон музокироти дурӯзаи раисони кумитаҳои амнияти миллии  ду кишвар Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев анҷом ёфт.

Рӯзи 4 июн, рӯзи аввали музокироти онҳо, бино ба иттилои ЭлТР, шабакаи телевизиони давлатии Қирғизистон бенатиҷа анҷом ёфта буд.

Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар бораи натиҷаи музокироти ахир шарҳи расмие надодааст, вале Қамчибек Тошиев дар Чон-Олой бо хабарнигорон дар ин бора суҳбат кардааст. Хабарнигори радиои “Азаттык”, бахши қирғизии радиои Озодӣ аз Чон-Олой гузориш дод, ки Тошиев гуфтааст, ду ҷониб як протоколи иборат аз 8 бандро имзо кардаанд. Ӯ гуфт, тафсилоти тавофуқоти бадастомада баъдан нашр хоҳад шуд.

Вале то ин лаҳза маълум шудааст, ки ду ҷониб дар мавриди аз хатти марз ақиб кашидани нирӯҳояшон ва ба маҳалли зисти доимиашон баргардондани сокинони маҳаллӣ тавофуқ кардаанд. Қирғизистон аз шоми 4 июн ба кӯчондани сокинони 5 деҳа аз мавзеи баҳсии Унжу-Булоқ шурӯъ карда буд.

Ёдовар мешавем, рӯзи 4 июн Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дод, ки нирӯҳои Тоҷикистон соати сеи шаби 4 июн, дар як минтақаи аломатгузориношудаи марз дар мавзеи Унжу-Булоқ  тахминан 1000 метр дарунтари қаламрави Қирғизистон рафта, дар онҷо  як контейнер гузоштаанд. Дар изҳорот гуфта мешуд, ки дар ин мавзеъ таҷаммӯи ҳарбиёни тоҷики савори мошинҳо ва зиреҳпӯшҳои сабук дида мешуд ва танҳо соати шаши субҳи 4 июн ҷониби Тоҷикистон аз назди контейнер ягон 600 метр қафо рафтаанд.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳаддии КДАМ Тоҷикистон дар баёнияи ҷавобӣ иддаои мақомоти Қирғизистон дар бораи гӯё як километр ба даруни қаламрави Қирғизистон ҳаракат кардани марзбонони тоҷик дар марзи ноҳияи Лахш бо вилояти Ӯшро рад кард. Марзбонони тоҷик гуфтанд, ки ағбаи Шаттӣ низ яке аз қисмҳои боқимондаи тақсимнашуда дар ин минтақа  ба шумор меравад ва азбаски дар қитъаи ағбаи Қарамиқ постгоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон бо инфрасохтори лозима таъсис дода шудааст”, ҷойгиршавии ахири воҳиди марзбонии Тоҷикистон  дар “хатти мувофиқашудаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон… принсипи паритетро дар ҳифзи сарҳади давлатии ду давлати ҳамсоя таъмин менамояд.”

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 4 июн сафири Тоҷикистон дар Бишкек Назирмад Алиевро ба вазорати хориҷаи Қирғизистон даъват карда, ба ӯ дар робита нотаи эътирозӣ супурданд. Бишкек аз ҷониби Тоҷикистон талаб кард, ки “ба хотири роҳ надодан ба ташааннуҷи бештари вазъ дар манотиқи марзи байни ду кишвар контейнерҳои гузоштаашро аз мавзеи  Унжу-Булоқ бардорад ва техникаву нирӯҳои ҳарбии эъзомшудаашро ақиб бикашад.” Дар посух, вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сафири Қирғизистон Жаниш Рестенбековро ба ҳузур хонда,  ба ӯ нотаи эътирозӣ супурд ва таъкид кард, ки Тоҷикистон нирӯҳояшро дар макони мувофиқашуда ҷобаҷо кардааст.

Марзи ноҳияи Чон–Олой бо ноҳияи Лахш, ки аксари аҳолиашро қирғизҳо ташкил медиҳанд, як қисмати нисбатан оромтари марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор мерафт.

Бо гузашти қариб 30 сол аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ, аз 970 км тӯли марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон то имрӯз ҳамагӣ 504 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои баҳсӣ ҳар сари чанд вақт бар асари тақсими об, замин, убури ғайриқонунии марз ва ихтилофоти қавмӣ муноқишаҳо рух медиҳанд. Хунинтарин муноқиша дар марзи ин ду кишвар дар поёни моҳи апрели соли 2021 рух дод, ки дар он аз ҷониби Қирғизистон 36 нафар кушта шуда, 154 нафар ҷароҳат бардоштанд. Тоҷикистон аз кушта шудани 19 шаҳрвандаш ва ҷароҳат бардоштани 87 нафар хабар дод.

Ҳарду ҷониб якдигарро дар сар задани муноқишаи ахир айбдор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button