ВидеоТоҷикистон

ХУЛОСАИ ХАБАРҲОИ МУҲИМИ 4 ИЮНИ СОЛИ 2021 (ВИДЕО)

Хулосаи хабарҳои муҳими ҷумъа, 4 июни Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” бароятон пешкаш мекунем.

 Шурӯъ мекунем аз  як нигоҳи кӯтоҳ ба сархати хабари муҳими рӯз.

ДАР ИН БАРНОМА:

ТАШАННУҶИ ВАЗЪ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН

САДАМАИ КОРВОНИ МОШИНҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҚИРҒИЗИСТОН. АФСАРИ АМНИЯТ ҶОН БОХТ

5 САВОЛИ НОБОБ БА ВАЗИРИ МАОРИФ ДАР МАСЪАЛАИ “МАРШИРОВКА”

 ПАДАРУ МОДАР АЗ ПИСАРИ ХУД 300 СОМОНӢ АЛИМЕНТ ТАЛАБ КАРДАНД

ДАРГУЗАШТИ РУСТАМ ҚУРБОНОВ – МУОВИНИ СОБИҚИ УБАЙДУЛЛОЕВ

СОХТАКОРӢ БАРОИ САФАР БА РУСИЯ: БА ҲАР ҚИМАТ КИ БОШАД…

ҲАРОРАТ ТО +45 БОЛО МЕРАВАД! ҲУШДОРИ КҲФ АЗ ГАРМОИ ШАДИД ВА СЕЛУ ХОКБОРИШ

СОКИНИ ИСФАРА АМАКИ ХУДАШРО БО ЯК ЗАРБАИ МУШТ ЗАДА КУШТААСТ

Ва акнун тафсилоти хабарҳо:

Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дод, ки нирӯҳои Тоҷикистон соати сеи шаби 4 июн, дар як минтақаи аломатгузориношудаи марз дар мавзеи Унжу-Булоқ  тахминан 1000 метр дарунтари қаламрави Қирғизистон рафта, дар онҷо  тавассути кран як контейнер гузоштаанд. Дар изҳорот гуфта мешу, ки дар ин мавзеъ таҷаммӯи ҳарбиёни тоҷики савори мошинҳо ва зиреҳпӯшҳои сабук дида мешуд ва танҳо соати шаши субҳи 4 июн ҷониби Тоҷикистон аз назди контейнер ягон 600 метр қафо рафтаанд.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳаддии КДАМ Тоҷикистон дар изҳороти ҷавобӣ иддаои мақомоти Қирғизистон дар бораи гӯё як километр ба даруни қаламрави Қирғизистон ҳаракат кардани марзбонони тоҷик дар марзи ноҳияи Лахш бо вилояти Ӯшро рад кард. Марзбонони тоҷик гуфтанд, ки ағбаи Шатти низ яке аз қисмҳои боқимондаи тақсимнашуда дар ин минтақа  ба шумор меравад ва азбаски дар қитъаи ағбаи Қарамиқ постгоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон бо инфрасохтори лозима таъсис дода шудааст”, ҷойгиршавии ахири воҳиди марзбонии Тоҷикистон  дар “хатти мувофиқашудаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон… принсипи паритетро дар ҳифзи сарҳади давлатии ду давлати ҳамсоя таъмин менамояд.”

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 4 июн сафири Тоҷикистон дар Бишкек Назирмад Алиевро ба вазорати хориҷаи Қирғизистон даъват карда, ба ӯ дар робита нотаи эътирозӣ супурдаанд. Бишкек аз ҷониби Тоҷикистон талаб кардааст, ки “ба хотири роҳ надодан ба ташааннуҷи бештари вазъ дар манотиқи марзи байни ду кишвар контейнерҳои гузоштаашро аз мавзеи  Унжу-Булоқ бардорад ва техникаву нирӯҳои ҳарбии эъзомшудаашро ақиб бикашад.”

Дар посух, вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сафири Қирғизистон Жаниш Рестенбековро ба ҳузур хонда,  ба ӯнотаи эътирозӣ супурдааст.

Марзи ноҳияи Чон–Олой бо ноҳияи Лахш, ки аксари аҳолиашро қирғизҳо ташкил медиҳанд, як қисмати нисбатан оромтари марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор мерафт.

Бо гузашти қариб 30 сол аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ, аз 970 км тӯли марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон то имрӯз ҳамагӣ 504 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои баҳсӣ ҳар сари чанд вақт бар асари тақсими об, замин, убури ғайриқонунии марз ва ихтилофоти қавмӣ муноқишаҳо рух медиҳанд. Хунинтарин муноқиша дар марзи ин ду кишвар дар поёни моҳи апрели соли 2021 рух дод, ки дар он аз ҷониби Қирғизистон 36 нафар кушта шуда, 154 нафар ҷароҳат бардоштанд. Тоҷикистон аз кушта шудани 19 шаҳрвандаш ва ҷароҳат бардоштани 87 нафар хабар дод.

Ҳарду ҷониб якдигарро дар сар задани муноқишаи ахир айбдор мекунанд.

ххххххххххххххххх

Рӯзи 4 июн корвони мошинҳои президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар наздикии деҳаи Ананевои ноҳияи Иссиқкӯли вилояти Иссиқкӯл дучори садама шудааст.

Бино ба гузориши хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон, президент Ҷабборов ва мошине, ки ӯ дар он менишаст, осеб надидаанд. Ба яке мошинҳои дигари кортежи президент мошини сабукраве, ки ба самти муқобили роҳ баромад, бархӯрдааст.

Дар натиҷаи садама як афсари раёсати 9-уми КДАМ Қирғизистон ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба маълумоти муқаддамотӣ, ронандаи сабукрав дар ҳолати мастӣ қарор доштааст.

Рӯзи 4 июн ин алакай дуюмин садамаи роҳбарони аввали Қирғизистон аст. Қаблан дар вилояти Ӯш чархболи ҳарбии МИ-8, ки раиси КДАМ Қамчибек Тошиевро дар сафараш ба як ноҳияи ҳаммарз бо Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекард, чаппа шуд ва даргирифт. Дар натиҷа 4 нафар ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд.Тошиев барои музокирот бо раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов ба ноҳияи Чон –Олойи вилояти Ӯш мерафт.

ххххххххххххххххх

Раҷаби Мирзо, маъмури гурӯҳи Фейсбукии “Ахбор барои афкор”, ки ҳудуди 70 000 корбар дорад, рӯзи 4 июн дар як номаи саркушода ба вахири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода дар робита ба ҷалби маҷбурии донишҷӯён ба “маршировка” 5 саволи усулиро дар байн гузоштааст:

1.”Маршировка” то куҷо ба доираи вазифа ё ӯҳдадориҳои муассисаҳои таълимии Тоҷикистон дохил мешавад?

2. Кадом қонун, ё заминаи ҳуқуқӣ масъулини вазорат, роҳбарони мактабҳо ва донишгоҳҳоро иҷозат медиҳад, ки хонандагону донишҷӯёнро ба чунин чорабиниҳо ҷалб, ё ҳатто маҷбур намояд?

3. Барои истифодаи мактаббачаҳои ноболиғ дар ҳар чорабинии берун аз барномаҳои таълимӣ, қонунгузорӣ ризоияти хаттии падару модарро ҳатмӣ медонад. Оё ҳамаи волидони хонандагони мактабҳо, ки дар маршировка иштирок мекунанд, чунин иҷозатро додаанд?

4. Барои донишҷӯён дар “маршировка”-ҳо касе пул, ё ғизо медиҳад? Барои онҳо вазорат, ё донишгоҳ имтиёзе хоҳад дод? Бар асоси кадом заминаи ҳуқуқӣ?

5. Хонандаи мактаб, ё донишҷӯи донишгоҳ ҳақ дорад, ки иштирок дар ин гуна иқдомҳоро рад намояд? Агар рад кард, оё ӯро муҷозоте интизор шуда метавонад?

Масъалаи ҷалби донишҷӯён ба “маршировка”-ҳо дар ҳоле матраҳ мешавад, ки бино ба хабарҳо, даҳҳо хонандаро алакай дар Хуҷанд  барои маросими истиқболи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба маршировка ҷалб кардаанд ва ҳазорон донишҷӯро аз ҳоло хабардор кардаанд, ки дар давоми таътили тобистона бояд дар “маршировка”-ҳои ҷашни 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон, ки моҳи сентябр таҷлил мешавад, иштирок кунанд. Ин норозигии бисёриҳо, бахусус волидонро ба бор овардааст.

хххххххххххххххх

Дар акс: ҳуқуқшиноси давлатӣ дар ноҳияи Шаҳринав Муҳсинҷон Ғаниев ва шаҳрванд Мунаввар Шукурова

Додгоҳи Шаҳринав бар асоси муроҷиати падару модараш як сокини 31-солаи ин ноҳияро муваззаф кардааст, ки ҳар моҳ ба волидони кӯҳансолаш 300 сомонӣ алимент бисупорад.  

Мунаввара Шукурова, модари ин сокини Шаҳринав гуфтааст, ки писари хурдиаш дар дар хонаи хусуру хушдоманаш хонадомод зиндагӣ дорад ва падару модари пири худро нигоҳубин намекунад.  Ин зан 60 ва шавҳараш 73 сол син доштааанд ва ба иллати беморӣ тавони мустақилона таъмин кардани зиндагии худро надоранд. Ба гуфтаи модари муштипар, пештар як духтараш аз ҳисоби дӯзандагӣ онҳоро нигоҳубин мекард, лекин ӯ ҳам ҷарроҳӣ шуду шаш моҳ боз кор карда наметавонад.

Дар Тоҷикистон саркашии фарзандон аз нигоҳубини волидони пир ҳамчун як амали нангин дар ҷомиа сахт маҳкум карда мешавад ва аз фарзандони худ талаби алимент кардани волидон низ ба сари худ ҳодисаи нодир ба шумор меравад. Ин дар ҳолст, ки тибқи моддаи 88-уми Кодекси оилаи ҶТ, “фарзандони болиғи қобили меҳнат уҳдадоранд, ки волидони ғайри қобили меҳнати ба кумак муҳтоҷи худро нигоҳубин намоянд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд.”

Адвокати давлатӣ Муҳсинҷон Ғаниев бар асоси ҳамин моддаи қонун ба додгоҳи ноҳияи Шаҳринав аризаи даъвогӣ навишт ва аз додгоҳ хост, ки  «аз ҳисоби ҷавобгар барои таъмини волидони пиронсоли ғайри қобили меҳнат алимент ба манфиати мо — Шукуров Саттор ва Шукурова Мунаввар ҳар моҳ 300 сомонӣ маблағи устувор таъйин карда шавад». Додгоҳ бо судури ҳалномааш ин дархости падару модари муҳтоҷ ба нигоҳубинро қонеъ гардонд.

ххххххххххх

Рустам Усмонович Қурбонов, муовини собиқи раиси шаҳри Душанбе  ва нафаре, ки дар рушди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон хидматҳои сазоворе аз худ ба ҷо гузошт, рӯзи 3 июн дар синни 70 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора Шавкат Саидов, сухангӯи собиқи шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон дар Фейсбук хабар дод. Ӯ дар бораи иллати вафоти муовини собиқи Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷузъиёте надод, танҳо хабар дод, ки маросими намози ҷаноза ва дафни Рустам Қурбонов рӯзи ҷумъа, 4 июн доир мешавад.

Қурбонов Рустам Усмонович 26 марти соли 1951 дар шаҳри Сталинобод (ҳоло – Душанбе)  ба дунё омада, соли 1975 риштаи энергетикаи Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси “нирӯгоҳҳои барқӣ” хатм кард ва солҳои  1975-1977 ба ҳайси усто ва прораб дар трести умумиииттифоқии “Спецгидроэнергомонтаж” аз ҷумла дар сохтмони нирӯгоҳи Норак кард.

Рустам Усмонов аз соли 1977 ба кори ҳизбӣ гузашта, солҳои 1977 – 1980 котиби якуми комсомоли шаҳри Норак, солҳои  1980 -1986 котиби якуми комсомоли вилояти Қӯрғонтеппа ва аз соли 1986 то суқути Шӯравӣ ва барҳам хӯрдани комсомол дар соли 1991  инструктор ва мудири шуъбаи Кумитаи марказии комсомоли Тоҷикистон буд.

Рустам Қурбонов баъди ин ба касби аввали худ – энергетика – баргашт ва солҳои 1991 -1993  мудири ширкати  “Гэмонт” дар трести “Спецгидроэнергомонтаж” ва солҳои 1993-2000 мудири кулли ширкати “Тоҷик СГЭМ”, яке аз ширкатҳои асосии масъули сохтмони нирӯгоҳҳо дар Тоҷикистон буд.

Рустам Қурбонов солҳои 2000 – 2005 дар мақоми муовини раиси шаҳри Душанбе  кор кард ва сипас боз ба пешаи қаблиаш баргашта, солҳои 2005 – 2011  дигарбора мудири кулли ширкати “Тоҷик СГЭМ” шуд.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азиз. Ёдовар мешавем, хулосаи муҳимтарин ахбори Тоҷикистонро аз пойгоҳи хабарии “Бомдод” тамошо доред. Барномаро идома медиҳем.

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 4 июн хабар дод, ки  Минбоева Саодат Иззатовна низ  ба фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо машғул шуда, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр ҷинояти қаллобиро содир кардааст.  

Ин зан ба он айбдор мешавад, ки “шаҳрванд “Н”–ро бовар мекунонад, ки бо дастрас намудани даъватнома барои табобат ворид шудани ӯ ва ҳамроҳонашро ба ҳудуди Федератсияи Россия таъмин менамояд ва бар ивази ҳар як даъватнома маблағи 4000 сомонӣ муайян намуд. Минбоева С.И. аз шаҳрвандони болозикр ҷамъ маблағи умумии 16000 сомониро гирифта, даъватномаҳоро барои истифодабарӣ дод. Дар натиҷа дар фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Красноярски Федератсияи Россия зимни санҷиши ҳуҷҷатҳо муайян гардидааст, ки даъватномаҳо барои табобат сохтакорона омода карда шуда, дар ин асос номбурдагон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпас гардонида шудаанд.”

Баъди бозгашт, қарори маълум, “Н”  ва ҳамсафони беиқболи ӯ ҳамчун ҷабрдида ба мақомот муроҷиат кардаанд. Дар робита ба ин қазия, нисбат ба Минбоева С.И. бар асоси  ду моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон – моддаи 247, қисми 2, бандҳои “б,в” (қаллобӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ  ва бо расондани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд) ва моддаи  340, қисми 2, бандҳои “б,в”  (сохтакории ҳуҷҷатҳо бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон ва бо истифодаи техникаи компютерӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Дар давоми як соле, ки сафар ба Русия ба сабаби коронавирус манъ шуда буд, сокинони Тоҷикистон барои расондани худ ба он кишвар аз роҳҳои гуногуни машрӯъ ва номашрӯъ истифода мебурданд. Яке аз чунин роҳҳо сафар ба Русия гӯё барои “табобат” буд, чунки он кишвар дар сурати зарурати табобат ба сафари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозат медод.

Ин сӯрохӣ дар чораҳои зидди коронавируси Русия бозори ҳаннотонро сахт гарм карда буд.

ххххххххххххххххх

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавосанҷии Тоҷикистон ҳавои хушку гарм дар пеш аст. Дамои ҳаво 37 + 42 ва дар водиҳо ба 42+45 дараҷа мерасад. Ҳавои ноҳияҳои кӯҳӣ то ба 36 дараҷа гарм хоҳад шуд.

5-7 – уми июн дар баъзе ноҳияҳо шиддати шамол ба 15-20 метр дар як сония мерасад ва хокбориш дар назар дошта шудааст.

Аз сабаби гармии ҳаво интизор меравад барфҳо дар кӯҳҳо об шаванд ва ин  метавонад сабабгори болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо гардад ва боиси омадани сел низ дар маҳалҳои ҷудогонаи кӯҳӣ ва наздикӯҳии ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва навоҳии ғарбии ВМБК шавад.

ххххххххххххххххх

Ва ҳоло як мурури кӯтоҳ ба ахбори криминалии рӯз:

Сокини 34-солаи ҷамоати  Чилгазии Исфара ба он гумонбар мешавад, ки шоми 27 май, тахминан соати 20:30, дар дохили роҳрави назди ҳавлии истиқоматиашон бо амаки 41-солааш ҷанчол карда, як мушт ба рӯи ӯ охирон задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, рӯзи 2 июн дар беморхона ҷон додааст. Нисбати боздоштшуда бар асоси моддаи 110, қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иттиҳоми расондани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марги ҷабрдида шудааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба ин сокини Чилгазӣ акнун барои куштани амакаш ҳамчун ҷазо аз 12 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

ххххххх

Як зани 45-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш барои қаллобӣ суд шудааст, ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 27 апрел аз як марди 28-солаи сокини ноҳияи Муъминобод бо роҳи фиреб 48 ҳазору 500 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки то 1 май чиптаи ҳавопаймо гирифта медиҳад. Аммо то ҳол  на ваъдаашро иҷро кардааст ва на пули гирифтаашро барнагардонидааст.

ххххххххххххххххх

Тамошобинони азизу гиромӣ. Ин буд муруре ба хулосаи чанд хабари муҳими рӯзи 14 майи Тоҷикистон. Хабару гузоришҳои бештар аз Тоҷикистон ва дар бораи Тоҷикистонро дар сомонаи пойгоҳи хабарии Бомдод дар ин нишонӣ пайгирӣ кунад: www.bomdod.com

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button