ДАРГУЗАШТИ ОМӮЗГОРИ ШИНОХТА МАҲТОББӢ МИРАЛИЕВА
Маҳтоббӣ Миралиева, омӯзгори собиқадор, ки солҳои тӯлонӣ дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ ба номи М.Олимов ба шогирдон аз фанҳои таърих ва ҷомиашиносӣ дарс додааст, рӯзи 4 июн аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, маросими ҷанозаи марҳум рӯзи 5 июн баргузор мешавад.
Маҳтоббӣ Миралиева риштаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ солҳои зиёд дар коллеҷи рассомӣ ба шогирдон аз фанҳои таъриху ҷомеашиносӣ дарс медод ва чанд муддат муовини мудири ин муассиса низ буд. Маҳтоббӣ Миралиева соли 2002 бо медали “Хизмати шоиста” ва соли 2008 бо унвони “Корманди шоистаи Тоҷикистон” сарфароз гардонда шудааст.
Маҳтоббӣ Миралиева дар матбуот низ ба таври фаъолона дар бораи масоили муҳими з мақолаҳо менавишт ва ибрози назар мекард.
Марҳум хоҳари Амиршо Миралиев, ёрдамчии собиқи президент дар масоили кадрӣ, раиси собиқи вилояти Хатлон ва муовини собиқи раиси Маҷлиси намояндагон аст.
Яке аз фарзандони Маҳтоббӣ Миралиева – Парвиз Тағоев дар Фейсбук гуруҳи “Ахбори Тоҷикистон-Новости Таджикистана-News of Tajikistan” –ро мечархонад, ки бо наздики 210 ҳазор пайрав пурхонандатарин гуруҳи тоҷикӣ дар ин шабакаи иҷтимоӣ ба шумор меравад.
Журналисти шинохта Далер Мерганов Маҳтоббӣ Миралиеваро “модари накӯном, зани боиффату ватандӯст” тавсиф карда, навиштааст, ки ӯ “умри пурбаракати худро ба таълиму тарбияи насли наврас сарф намуд” ва ҳоло “фарзандону шогирдонаш дар соҳаҳои гуногун фаъолияти қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш дошта, сазовори ному нек ва аъмоли намунавии модар ва устоди хеш ҳастанд.”