ВидеоКоррупсия

СОХТАКОРӢ БАРОИ САФАР БА РУСИЯ: БА ҲАР ҚИМАТ КИ БОШАД…

Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 4 июн хабар дод, ки  Минбоева Саодат Иззатовна низ  ба фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо машғул шуда, бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр ҷинояти қаллобиро содир кардааст.  Ин зан ба он айбдор мешавад, ки “шаҳрванд “Н”–ро бовар мекунонад, ки бо дастрас намудани даъватнома барои табобат ворид шудани ӯ ва ҳамроҳонашро ба ҳудуди Федератсияи Россия таъмин менамояд ва бар ивази ҳар як даъватнома маблағи 4000 сомонӣ муайян намуд. Минбоева С.И. аз шаҳрвандони болозикр ҷамъ маблағи умумии 16000 сомониро гирифта, даъватномаҳоро барои истифодабарӣ дод. Дар натиҷа дар фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Красноярски Федератсияи Россия зимни санҷиши ҳуҷҷатҳо муайян гардидааст, ки даъватномаҳо барои табобат сохтакорона омода карда шуда, дар ин асос номбурдагон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпас гардонида шудаанд.”

Баъди бозгашт, қарори маълум, “Н” ва ҳамсафаронаш ҳамчун ҷабрдида ба мақомот муроҷиат кардаанд. Дар робита ба ин қазия, нисбат ба Минбоева С.И. бар асоси  ду моддаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон – моддаи 247, қисми 2, бандҳои “б,в” (қаллобӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ  ва бо расондани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд) ва моддаи  340, қисми 2, бандҳои “б,в”  (сохтакории ҳуҷҷатҳо бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон ва бо истифодаи техникаи компютерӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Ба Саодат Минбоева барои қаллобӣ ҷарима ба андозаи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 60 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол ё бидуни он таҳдид мекунад. Ҳамчунин барои сохтакории ҳуҷҷатҳо бо истифода аз компутар ба вай ҷарима ба андозаи аз 365 то 912 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол таҳдид мекунад.

Дар давоми як соле, ки сафар ба Русия ба сабаби коронавирус манъ шуда буд, сокинони Тоҷикистон барои расондани худ ба он кишвар аз роҳҳои гуногуни машрӯъ ва номашрӯъ истифода мебурданд. Яке аз чунин роҳҳо сафар ба Русия гӯё барои “табобат” буд, чунки он кишвар дар сурати зарурати табобат ба сафари шаҳрвандони хориҷӣ иҷозат медод.

Ин сӯрохӣ дар чораҳои зидди коронавируси Русия бозори ҳаннотонро сахт гарм карда буд.

Русия аз 1 апрел ба парвозҳо аз Тоҷикистон иҷозат дод ва роҳи сафари муҳоҷирони тоҷикро кушод. Вале нархи чиптаҳои парвоз чунон баланд шудааст, ки ҳазорон нафар наметавонанд ба Русия ба мардикорӣ бираванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button