ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонТоҷикистон

ҚИРҒИЗИСТОН АЗ ТАШАННУҶИ ВАЗЪ ДАР МАРЗ БО НОҲИЯИ ЛАХШ ХАБАР ДОД. ҶОНИБИ ТОҶИКИСТОН ҲАНӮЗ ХОМӮШ АСТ (ВИДЕО)

Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 4 июн бо нашри як изҳорот аз муташанниҷ шудани вазх дар мавзеи Унжу –Булоқи ноҳияи Чон-Олойи вилояти Ӯш дар марз бо ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) дар водии Рашти Тоҷикистон хабар дод.

Марзи ноҳияи Чон–Олой бо ноҳияи Лахш, ки аксари аҳолиашро қирғизҳо ташкил медиҳанд, як қисмати нисбатан оромтари марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор мерафт. Ин қисмати марз ба фарқ аз марзи вилоятҳои Суғду Бодканд дар тӯли даҳсолаҳои охир шоҳиди муноқишаҳои марзӣ нашудааст ва охирин ҳодисаи фавқулодда дар ин қитъаи марз ба вилояти Ӯш шабехун задани ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ба раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ дар соли 1999 буд.

Марзбонони қирғиз мегӯянд, ҷониби Тоҷикистон “бар хилофи ҳама тавофуқоти қаблии ҳайъатҳои ҳукуматӣ дар масъалаи таъйин ва аломатгузории марзи Қирғизистону Тоҷикистон”, субҳи барвақти 4 июн, тахминан соати 03:00 дар як минтақаи аломатгузориношудаи марз дар мавзеи Унжу-Булоқ  тахминан 1000 метр дарунтари қаламрави Қирғизистон рафта, дар онҷо  тавассути кран як контейнер гузоштаанд. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки дар ин мавзеъ таҷаммӯи ҳарбиёни тоҷики савори мошинҳо ва зиреҳпӯшҳои сабук дида мешавад.

Ҷониби Қирғизистон гуфт, соати шаши субҳи 4 июн ҷониби Тоҷикистон контейнерро дар ҷои гузоштаашон монда, худ аз он ягон 600 метр қафо рафтаанд.

“Аз ҷониби Қирғизистон дар сатҳи намояндагони мқомоти марзбонии тарафҳо чораҳо барои ба эътидол овардани вазъ андешида мешаванд, вале намояндагони мақомоти марзбонии Тоҷикистон ба зангҳои телефонӣ ҷавоб намедиҳанд. Воҳидҳои  дар марз бо Тоҷикистон мустақарбуда Хадамоти марзбонии Қирғизистон ба ҳолати омодабош (усиленный вариант несения службы) оварда шудаанд”, – гуфта мешавад дар баёнияи ҷониби Қирғизистон.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун ин изҳоротро шарҳ надодаанд.

Дар ҳамин ҳол, кобинаи вазирони Қирғизистон хабар дод, ки раиси КДАМ Қамчибек Тошиев, ки раҳбари ҳайъати Қирғизистон дар музокироти марзӣ бо Тоҷикистон низ ҳаст, ҳаромҳ бо намояндаи хоси ҳукумати Қирғизистон дар масоили марзӣ Назирбек Борубоев ва роҳбари Кумитаи давлатии захираҳои замин Абдулат Мирзоев барои баррасии вазъ ва ҳалли мушкили пешомада ба минтақаи баҳсӣ рафтаанд.

Бо гузашти қариб 30 сол аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ, аз 970 км тӯли марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон то имрӯз ҳамагӣ 504 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои баҳсӣ ҳар сари чанд вақт бар асари тақсими об, замин, убури ғайриқонунии марз ва ихтилофоти қавмӣ муноқишаҳо рух медиҳанд. Хунинтарин муноқиша дар марзи ин ду кишвар дар поёни моҳи апрели соли 2021 рух дод, ки дар он аз ҷониби Қирғизистон 36 нафар кушта шуда, 154 нафар ҷароҳат бардоштанд. Тоҷикистон аз кушта шудани 19 шаҳрвандаш ва ҷароҳат бардоштани 87 нафар хабар дод.

Ҳарду ҷониб якдигарро дар сар задани муноқишаи ахир айбдор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button