ВарзишХабарҳои кӯтоҳ

ПИРӮЗИИ СЕРЖАНТИ ХУРДИ МИЛИСА МИҶГОНА САМАДОВА ДАР ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ДАР БОКСИ КАСБӢ (3 АКС)

Курсанти соли 4-уми факултаи №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти хурди милитсия ва устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Самадова Миҷгона Абдусаломовна  дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба бокси қасбӣ, ки аз 21 то 31 май дар Дубай доир шуд, соҳиби нишони биринҷӣ ва 2500 доллар ҷоиза шудааст. Миҷгона Самадов соли 2017 дар Бозиҳои Осиё дар Ишқобод сазовори нишони тило ва соли 2019 дар Маскав барандаи нишони биринҷӣ шуда буд. ВКД навиштааст, ки “Миҷгона Самадова аз хурдӣ орзуи варзишгар ва корманди милитсия шуданро дар дил мепарварид, ки ба Ватан ва давлату миллат содиқона хизмат намояд.”

Курсанти Академияи ВКД ғолиби чемпионати Осиё дар шаҳри Дубай гардид

Устоди дараҷаи байналмилалӣ, курсанти курси 4-уми факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти хурди милитсия Самадова Миҷгона Абдусаломовнаро ҳамчун чеҳраи варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мешиносанд.

Ӯ борҳо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ боло бардоштааст. Вай дорандаи зиёда аз 30-медал аз рӯи бозии бокси касбӣ ва кикбоксинг мебошад.
Соли 2017 барандаи медали тиллоӣ дар бозиҳои Осиё дар шаҳри Ашқобод, соли 2019 дар шаҳри Москва барандаи медали биринҷӣ ва ниҳоят соли 2021 дар шаҳри Дубай дар чемпионати Осиё аз 21 то 31-юми май барандаи медали биринҷӣ дар намуди бокси касбӣ гардида, бо маблағи 2500 доллари амрикоӣ мушарраф гардид.
Самадова Миҷгона Абдусаломовна аз хурдӣ орзуи варзишгар ва корманди милитсия шуданро дар дил мепарварид, ки ба Ватан ва давлату миллат содиқона хизмат намояд.

Бо ин дастоварди нав роҳбарият ва ҳайати шахсӣ ӯро самимона табрик гуфта, дар остонаи ҷашни 30-солагии Истиқлолият ғалабаҳои нав ба навро таманно доранд.

Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Камолов Д.А.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button