ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

МАРЗБОНҲОИ ТОҶИК: ҶОЙГИРШАВИИ НИРӮҲО ДАР МАРЗИ ЛАХШ БАРОИ ТАЪМИНИ ПАРИТЕТ АСТ (ВИДЕО)

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳаддии КДАМ Тоҷикистон гузориши мақомот ва матбуоти Қирғизистон дар бораи гӯё як километр ба даруни қаламрави Қирғизистон ҳаракат кардани марзбонони тоҷик дар марзи ноҳияи Лахш бо вилояти Ӯшро рад кард. Марзбонони тоҷик гуфтанд, ки ағбаи Шатти низ яке аз қисмҳои боқимондаи тақсимнашуда дар ин минтақа ба шумор меравад ва азбаски дар қитъаи ағбаи Қарамиқ постгоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон бо инфрасохтори лозима таъсис дода шудааст”, ҷойгиршавии ахири воҳиди марзбонии Тоҷикистон  дар “хатти мувофиқашудаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон… принсипи паритетро дар ҳифзи сарҳади давлатии ду давлати ҳамсоя то ба итмом расидани раванди делимитатсия, демаркатсия ва бақайдгирии ҳуқуқии он таъмин менамояд.”

Қаблан Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 4 июн бо нашри як изҳорот аз муташанниҷ шудани вазъ дар мавзеи Унжу –Булоқи ноҳияи Чон-Олойи вилояти Ӯш дар марз бо ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) дар водии Рашти Тоҷикистон хабар дод.

Марзбонони қирғиз гуфтанд, ҷониби Тоҷикистон “бар хилофи ҳама тавофуқоти қаблии ҳайъатҳои ҳукуматӣ дар масъалаи таъйин ва аломатгузории марзи Қирғизистону Тоҷикистон”, субҳи барвақти 4 июн, тахминан соати 03:00 дар як минтақаи аломатгузориношудаи марз дар мавзеи Унжу-Булоқ  тахминан 1000 метр дарунтари қаламрави Қирғизистон рафта, дар онҷо  тавассути кран як контейнер гузоштаанд. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки дар ин мавзеъ таҷаммӯи ҳарбиёни тоҷики савори мошинҳо ва зиреҳпӯшҳои сабук дида мешуд ва танҳо соати шаши субҳи 4 июн ҷониби Тоҷикистон аз назди контейнер ягон 600 метр қафо рафтаанд.

“Намояндагони мақомоти марзбонии Тоҷикистон ба зангҳои телефонӣ ҷавоб намедиҳанд. Воҳидҳои  дар марз бо Тоҷикистон мустақарбудаи Хадамоти марзбонии Қирғизистон ба ҳолати омодабош (усиленный вариант несения службы) оварда шудаанд”, – гуфта мешуд дар баёния.

Дар ҳамин ҳол, кобинаи вазирони Қирғизистон хабар дод, ки раиси КДАМ Қамчибек Тошиев, ки раҳбари ҳайъати Қирғизистон дар музокироти марзӣ бо Тоҷикистон низ ҳаст, ҳаромҳ бо намояндаи хоси ҳукумати Қирғизистон дар масоили марзӣ Назирбек Борубоев ва роҳбари Кумитаи давлатии захираҳои замин Абдулат Мирзоев барои баррасии вазъ ва ҳалли мушкили пешомада ба минтақаи баҳсӣ рафтаанд.

Марзи ноҳияи Чон–Олой бо ноҳияи Лахш, ки аксари аҳолиашро қирғизҳо ташкил медиҳанд, як қисмати нисбатан оромтари марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор мерафт. Ин қисмати марз ба фарқ аз марзи вилоятҳои Суғду Бодканд дар тӯли даҳсолаҳои охир шоҳиди муноқишаҳои марзӣ нашудааст ва охирин ҳодисаи фавқулодда дар ин қитъаи марз ба вилояти Ӯш шабехун задани ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ба раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ дар соли 1999 буд.

Бо гузашти қариб 30 сол аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ, аз 970 км тӯли марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон то имрӯз ҳамагӣ 504 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои баҳсӣ ҳар сари чанд вақт бар асари тақсими об, замин, убури ғайриқонунии марз ва ихтилофоти қавмӣ муноқишаҳо рух медиҳанд. Хунинтарин муноқиша дар марзи ин ду кишвар дар поёни моҳи апрели соли 2021 рух дод, ки дар он аз ҷониби Қирғизистон 36 нафар кушта шуда, 154 нафар ҷароҳат бардоштанд. Тоҷикистон аз кушта шудани 19 шаҳрвандаш ва ҷароҳат бардоштани 87 нафар хабар дод.

Ҳарду ҷониб якдигарро дар сар задани муноқишаи ахир айбдор мекунанд.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки сарфи назар аз изҳороти дар ВАО нашршудаи  ҷониби Қирғизистон, ки ба воқеият мувофиқат намекунад, дар натиҷаи кори комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсия, аз дарозии умумие, ки 986,7 км-ро ташкил медиҳад, 519, 9 км сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон тасвир шудааст. Яке аз қисмҳои боқимондаи тақсимнашуда дар ин минтақа ағбаи Шатти мебошад.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ дар самти муайян кардани хатти убури сарҳади давлатӣ корро идома медиҳанд ва пешниҳодҳои худро манзур менамоянд.

Тибқи созиш дар доираи комиссияи байниҳукуматӣ, нуқтаҳои марзии алоҳида тавсиф карда шуданд.

Дар робита ба ин, айни замон отряди посбонони сарҳадии ҚC-и КДАМ  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хатти мувофиқашудаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон посбонӣ мекунад.

Яъне, тибқи ин созиши протоколӣ, муқаррароти посбонии сарҳад дар қаламрави мувофиқашуда амалӣ карда мешавад. Аз тарафи дигар, дар қитъаи ағбаи Қарамиқ постгоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон бо инфрасохтори лозима таъсис дода шудааст.

Ҷойгиршавии мазкур принсипи паритетро дар ҳифзи сарҳади давлатии ду давлати ҳамсоя то ба итмом расидани раванди делимитатсия, демаркатсия ва бақайдгирии ҳуқуқии он таъмин менамояд.

Дар робита ба ин, барои ҳарчи зудтар ба итмом расонидани раванди делимитатсия дар ин қисмат, пешниҳод карда шуд, ки ба гурӯҳҳои кории топографии Тарафҳо супориш дода шавад корҳоро дар тавсифи хатти гузаргоҳи сарҳади давлатӣ дар ин қисмат идома диҳанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button