ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ЯТИМОВ БАРОИ МУЗОКИРОТ БА ЛАХШ МЕРАВАД, БА АЛИЗОДА ДАР БИШКЕК НОТА СУПУРДАНД (ВИДЕО)

Муносибатҳои Қирғизистону Тоҷикистон рӯзи 4 июн дигарбора муташанниҷ шуд. Вазорати хориҷаи Қирғизистон сафири Тоҷикистон дар Бишкек Назирмад Алиевро даъват карда, ба ӯ дар робита ба истиқрори марзбонҳои тоҷик дар ағбаи Шаттӣ дар мавзеи Унжу –Булоқи ноҳияи Чон-Олойи вилояти Ӯш дар марз бо ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол)-и водии Рашти Тоҷикистон нотаи эътирозӣ супурд. Бишкек ҷониби Тоҷикистонро айбдор мекунад, ки нирӯҳояш соати сеи шаби 4 июн “бар хилофи тавофуқот”  тақрибан як километр дарунтари қаламрави Қирғизистон даромада, дар онҷо як контейнер гузоштаанд. Ҷониби Тоҷикистон вайрон шудани кадом тавофуқи дутарафаро рад мекунад. Қӯшунҳои сарҳаддии Тоҷикистон гуфт, ҳайъати марзбонҳо дар ағбаи Шаттӣ бо мақсади таъмини паритет, яъне баробарӣ, гузошта шудааст, чунки дар ағбаи Қарамиқ посгоҳи марзбонони қирғиз гузошта шудааст.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев, ки барои ҳалли вазъ ба маҳалли ихтилофи нави марзӣ омадааст, ба хабарнигорон гуфт, ки онҳо раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимовро ба музокирот даъват кардаанд. Тошиев ва Ятимов ҳарду ҳайъатҳои давлатҳои худ дар музокироти масъалаи таъйин ва аломатгузории марзи давлатии байни Қирғизистону Тоҷикистонро раҳбарӣ мекунанд.

 «Барои ҳалли ин масъалаи баҳсӣ мо раиси КДАМ Тоҷикистон Ятимовро даъват кардем. Вақте ки ӯ омад, мо бо ҳам менишинем ва ин масъаларо бо роҳи сулҳомез ҳал мекунем. Мушкили марз танҳо дар Чон Олой нест. Ин масъала дар саросари Қирғизистон доғ мебошад. Масоили марзӣ тайи солҳои тӯлонӣ ҳал карда нашуданд ва ҳоло ин ҳамаро мо бояд ҳал кунем.  Дар ин минтақа як қаламрави масоҳаташ 1100 гектар мушаххас карда нашудааст, яъне ин қитъа аломатгузорӣ нашудааст», – гуфт Тошиев ба журналистон дар ноҳияи Чон-Олой.

Мақомоти расмии Душанбе хабари барои музокирот ба Лахш рафтани Саймумин Ятимовро ҳанӯз рад ё тасдиқ накардаанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 4 июн сафири Тоҷикистон дар Бишкек Назирмад Алиевро ба вазорати хориҷаи Қирғизистон даъват карда, ба ӯ дар робита ба “вуруди ҳадафмандонаи ҳарбиён ва техникаи ҳарбии Тоҷикистон ба даруни қаламрави Қирғизистон дар мавзеи Унжу-Булоқи ноҳияи Чон-Олойҷи вилояти Ӯш”  нотаи эътирозӣ супурдаанд. Сомонаи расмии ВКХ Қирғизистон гуфт, “ба сафири Тоҷикистон таъкид шуд, ки ҷониби Тоҷикистон бар хилофи ҳама тавофуқоти ҳосилашуда дар сатҳи ҳайъатҳои ҳукуматии тарафҳо дар масъалаи таъйин ва аломатгузории марзи Қирғизистону Тоҷикистон, ҳамчунин бар хилофи проколи мулоқоти кории намояндагони вазоратҳои мудофиаи Қирғизистону Тоҷикистон аз 1 майи соли 2021 даст ба амалҳои иғвогаронае мезанад, ки бидуни тардид ба ташаннуҷи вазъ дар минтақаи марзи байни ду кишвар оварда мерасонанд.”

Бишкек ҳамчунин аз сарпечиии мақомоти марзбонии Тоҷикистон аз тамос бо мақомоти Қирғизистон барои ҳалли ин ихтилофи ахир изҳори нигаронӣ карда, аз ҷониби Тоҷикистон талаб кардааст, ки “ба хотири роҳ надодан ба ташааннуҷи бештари вазъ дар манотиқи марзи байни ду кишвар контейнерҳои гузоштаашро аз мавзеи  Унжу-Булоқ бардорад ва техникаву нирӯҳои ҳарбии эъзомшудаашро ақиб бикашад.”

Дар посух, вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба сафири Қирғизистон Жаниш Рестенбековро ба ҳузур хонда,  ба ӯнотаи эътирозӣ супурдааст. Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба “Азия-плюс” далели супурдани нотаро ба воқеият мувофиқат накардани изҳороти мақомоти Қирғизистон доир ба нақзи тавофуқоти ҳосилшуда аз сӯйи Тоҷикистон номиданд.

“Посбонони марзии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд,  ки пештар бар асоси протоколи муштараки ду кишвар мушаххас, хатгузорӣ ва мувофиқа шуда буд. Марзбонони тоҷик қаламрави моро ҳимоя мекунанд ва ҷобаҷо кардани посбонони марзӣ бар асоси усули баробарӣ (паритет)  сурат гирифтааст“, -гуфтанд дар ВКХ.

Ёдовар мешавем, Хадамоти марзбонии Қирғизистон қаблан хабар дод, ки нирӯҳои Тоҷикистон соати сеи шаби 4 июн, дар як минтақаи аломатгузориношудаи марз дар мавзеи Унжу-Булоқ  тахминан 1000 метр дарунтари қаламрави Қирғизистон рафта, дар онҷо  тавассути кран як контейнер гузоштаанд. Дар изҳорот гуфта мешу, ки дар ин мавзеъ таҷаммӯи ҳарбиёни тоҷики савори мошинҳо ва зиреҳпӯшҳои сабук дида мешуд ва танҳо соати шаши субҳи 4 июн ҷониби Тоҷикистон аз назди контейнер ягон 600 метр қафо рафтаанд.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳаддии КДАМ Тоҷикистон дар изҳороти ҷавобӣ иддаои мақомоти Қирғизистон дар бораи гӯё як километр ба даруни қаламрави Қирғизистон ҳаракат кардани марзбонони тоҷик дар марзи ноҳияи Лахш бо вилояти Ӯшро рад кард. Марзбонони тоҷик гуфтанд, ки ағбаи Шатти низ яке аз қисмҳои боқимондаи тақсимнашуда дар ин минтақа  ба шумор меравад ва азбаски дар қитъаи ағбаи Қарамиқ постгоҳи сарҳадии Ҷумҳурии Қирғизистон бо инфрасохтори лозима таъсис дода шудааст”, ҷойгиршавии ахири воҳиди марзбонии Тоҷикистон  дар “хатти мувофиқашудаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон… принсипи паритетро дар ҳифзи сарҳади давлатии ду давлати ҳамсоя то ба итмом расидани раванди делимитатсия, демаркатсия ва бақайдгирии ҳуқуқии он таъмин менамояд.”

Марзи ноҳияи Чон–Олой бо ноҳияи Лахш, ки аксари аҳолиашро қирғизҳо ташкил медиҳанд, як қисмати нисбатан оромтари марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор мерафт. Ин қисмати марз ба фарқ аз марзи вилоятҳои Суғду Бодканд дар тӯли даҳсолаҳои охир шоҳиди муноқишаҳои марзӣ нашудааст ва охирин ҳодисаи фавқулодда дар ин қитъаи марз ба вилояти Ӯш шабехун задани ҷангиёни Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ба раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ дар соли 1999 буд.

Бо гузашти қариб 30 сол аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ, аз 970 км тӯли марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон то имрӯз ҳамагӣ 504 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Дар минтақаҳои баҳсӣ ҳар сари чанд вақт бар асари тақсими об, замин, убури ғайриқонунии марз ва ихтилофоти қавмӣ муноқишаҳо рух медиҳанд. Хунинтарин муноқиша дар марзи ин ду кишвар дар поёни моҳи апрели соли 2021 рух дод, ки дар он аз ҷониби Қирғизистон 36 нафар кушта шуда, 154 нафар ҷароҳат бардоштанд. Тоҷикистон аз кушта шудани 19 шаҳрвандаш ва ҷароҳат бардоштани 87 нафар хабар дод.

Ҳарду ҷониб якдигарро дар сар задани муноқишаи ахир айбдор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button