ВидеоТоҷикистонЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ РУСТАМ ҚУРБОНОВ – МУОВИНИ СОБИҚИ УБАЙДУЛЛОЕВ

Рустам Усмонович Қурбонов, муовини собиқи раиси шаҳри Душанбе ва нафаре, ки дар рушди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон хидматҳои сазоворе аз худ ба ҷо гузошт, рӯзи 3 июн дар синни 70 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора Шавкат Саидов, сухангӯи собиқи шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон дар Фейсбук хабар дод. Ӯ дар бораи иллати вафоти муовини собиқи Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷузъиёте надод, танҳо хабар дод, ки маросими намози ҷаноза ва дафни Рустам Қурбонов рӯзи ҷумъа, 4 июн доир мешавад: “Рустам Усмонович Қурбонов- собиқ муовини Раиси шаҳри Душанбе низ дунёи фониро тарк намуданд. Пагоҳ пешнамози ҷумъаи саид хоҳанд шуд. Макони хайрбоди марҳум дар манзилашон , назди кинотеатри Ватан доир мегардад. Дӯстон дар ҳаққи Инсони наҷиб дуогӯ бошед…”

Қурбонов Рустам Усмонович 26 марти соли 1951 дар шаҳри Сталинобод (ҳоло – Душанбе) ба дунё омада, соли 1975 риштаи энергетикаи Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси “нирӯгоҳҳои барқӣ” хатм кард ва солҳои  1975-1977 ба ҳайси усто ва прораб дар трести умумиииттифоқии “Спецгидроэнергомонтаж” аз ҷумла дар сохтмони нирӯгоҳи Норак кард.

Рустам Усмонов аз соли 1977 ба кори ҳизбӣ гузашта, солҳои 1977 – 1980 котиби якуми комсомоли шаҳри Норак, солҳои  1980 -1986 котиби якуми комсомоли вилояти Қӯрғонтеппа ва аз соли 1986 то суқути Шӯравӣ ва барҳам хӯрдани комсомол дар соли 1991  инструктор ва мудири шуъбаи Кумитаи марказии комсомоли Тоҷикистон буд.

Рустам Қурбонов баъди ин ба касби аввали худ – энергетика – баргашт ва солҳои 1991 -1993  мудири ширкати  “Гэмонт” дар трести “Спецгидроэнергомонтаж” ва солҳои 1993-2000 мудири кулли ширкати “Тоҷик СГЭМ”, яке аз ширкатҳои асосии масъули сохтмони нирӯгоҳҳо дар Тоҷикистон буд.

Рустам Қурбонов солҳои 2000 – 2005 дар мақоми муовини раиси шаҳри Душанбе  кор кард ва сипас боз ба пешаи қаблиаш баргашта, солҳои 2005 – 2011  дигарбора мудири кулли ширкати “Тоҷик СГЭМ” интихоб шуд. Аз соли 2001 ӯ мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи ” Институт Гидро – проект” дар Тоҷикистон буд. Ин пажӯҳишгоҳ ба таҳияи лоиҳаҳои техникии нирӯгоҳҳо машғул аст.

Рустам Қурбонов соли 1990 соҳиби унвони номзади илмҳои техникӣ шуда, дар насби чархаҳои нирӯгоҳи Норак иштирок кардааст ва масъули барномаи бозсозии нирӯгоҳҳои хурд дар Тоҷикистон буд. Ӯ солҳои 1977 -1980  вакили Шӯрои шаҳри Норак ва солҳои 1980 – 1986 вкили Шӯрои вилояти Қӯрғонтеппа буда, соли 2000 вакили парлумони Тоҷикистон интихоб шуда буд.

Соли 1980 бо медали “Барои шуҷоат дар кор” (“За трудовую доблесть”), соли 1986 бо ордени “Нишони фахрӣ” (” Знак почета”) ва соли 1999 бо ордени “Шараф сарфароз гардонда шудааст.

Рустам Усмонов унвони насбгари фахрии трести “Спецгидроэнергомонтаж”-ро низ ба даст оварда буд.

ЧАНД АКСИ ДАВРАИ КОРИ РУСТАМ ҚУРБОНОВ ДАР КОМСОМОЛ

https://www.facebook.com/media/set?vanity=2138208106410684&set=a.2272945106270316

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button