ВарзишВидео

ТАШАККУР ВА БАРОРИ КОР! ШАҲРОМ САМИЕВРО БО ЧУНИН ФОТИҲАИ ТОҶИКӢ АЗ МОЛДОВА БА БЕЛАРУС ГУСЕЛ КАРДАНД (ВИДЕО)

Сомонаи расмии “Динамо–Авто”, дастаи футболи шаҳри Тирасполи Молдова рӯзи 3 июн расман тарки ин даста кардани яке аз бозигарони калидиаш, ҳуҷумкунандаи 20-сола аз Тоҷикистон Шаҳром Самиевро тасдиқ кард. Дар сомонаи ин бошгоҳ Шаҳром Самиев бо эҳтиром “бародари тоҷики мо” ном бурда, ба вай ба забони тоҷикӣ чунин фотиҳаи роҳ додаанд: «Ташаккур ва барори кор!»

Футболбози тоҷикро “Динамо–Авто” аз дастаи “Шериф”  иҷора гирифта буд. Шаҳром Самиев дар бозиҳои дивизиони миллӣ ва Ҷоми Молдова 21 маротиба дар ҳайъати дастаи Тираспол ба майдон баромада, 9 гол задааст.

Шаҳром дар видеои хайрбодиаш аз бошгоҳи Тираспол ва мухлисонаш изҳори сипос кард: “Ман хеле хушам, ки дар ҳайъати “Динамо-Авто” бозӣ мекардам. Инҷо ҳама бачаҳои хубанд, мо мисли як оила будем. Ба ман дар Тираспол хеле хуш омад. Ин як таҷрибаи бузург буд. Сипос ба ҳама!”

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Шаҳром Самиев  ба ҳайъати дастаи “Торпедо-БелАЗ” аз шаҳри Жодинои Беларус мегузарад. Ин даста дар лигаи олии футболи Беларус бозӣ мекунад.

Шаҳром Самиев 8 феврали соли 2001 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Ӯ дар хурдӣ аз падар ятим монд ва Шаҳромро модараш танҳо ба воя расонд.

Шаҳром собиқаи футболбозиашро дар Тоҷикистон сар карда, қаблан дар дастаҳои «Барқчӣ» ва «БМВА-Помир» бозӣ мекард ва соли 2019 дар ҳайъати «Истиқлол»-и Душанбе сазовори се ҷоиза – қаҳрамони футболи Тоҷикистон ва барандаи Ҷом ва Шоҳҷоми футболи кишвар шуд.

Дар аввали соли 2020 Шаҳром Самиев о тими маъруфи футболи Русия – «Рубин» аз шаҳри Қазон қарордод баст, вале аз онҷо ба “Шериф” гузашт ва ба Молдова рафт. “Шериф” ба навбати худ ҳуҷумкунандаи тими миллии Тоҷикистонро ба “Динамо–Авто” ба иҷора дод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button