Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

РОНАНДА БАНГ ЗАДА БУД… ҲАЛОКАТИ ЯК ЗАН ДАР ЗЕРИ ЧАРХИ МОШИНИ “ОЛУЧА ТАКСИ”

Субҳи барвақти 2 июн, соати 05:40, пиёдагард Давлатова Гулистон, сокини 49-солаи пойтахт дар кӯчаи Дӯстии халқҳо, дар рӯ ба рӯи бинои Масҷиди ҷомеъи «Ал-Бухорӣ» зери чархи мошини таксии ширкати “Олуча Такси” монда, дар ҷои ҳодиса ҷон додааст. ВКД гуфт, ронандаи мошини тамғаи «Ҳундай Аксент», Аминов Парвиз Рустамбекович, соли таваллудаш 1989, ронандаи ҶДММ «Олуча Таксӣ», мувофиқи санади наркологии Маркази ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳолати мастӣ аз маводи нашъадори навъи гурӯҳи бангдонаҳо қарор доштааст.

ххххххх

Ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷурми дуздӣ суд шудааст, ба он гумонбар мешавад, ки шаби 6 май, соати 22:30 дар кӯчаи М.Мастонгулови пойтахт бо роҳи ошкоро 500 сомонӣ ва телефони мобилии тамғаи «Редми Нот-8»-и як зани 30-солаи сокини Шоҳмансурро кашида гирифтааст. ВКД гуфт, ин ноболиғ ҳамроҳи як ҳаммаслаки дигари низ 17-солааш шаби 1 июн, соати 00:30, бо роҳи ошкоро аз дасти ҷавонзани 20-солаи муввақатан сокини шаҳри Хуҷанд, телефони мобилии тамғаи «Самсунг А-8»-ро кашида гирифтаанд.

Як ноболиғи дигари 16-солаи сокини пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 27 май, соати 15:30 дар назди бозори «Саховат»-и пойтахт, бо роҳи ошкоро ҳамёни зани 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳаёти-Нави ноҳияи Ҷ.Расуловро, ки дар дохилаш 300 сомонӣ маблағи пулӣ дошт, кашида гирифтааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 3 июни маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани пиёдагард зери чархи автомашинаи ронандаи сармаст

Рӯзи 2-юми июни соли 2021, тахминан соати 05:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай Аксент», Аминов Парвиз Рустамбекович, соли таваллудаш 1989, ронандаи ҶДММ «Олуча Таксӣ», ки номбурда мувофиқи санади наркологии Маркази ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати мастӣ аз маводи нашъадори навъи гурӯҳи бангдонаҳо қарор доштааст, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Д.Халқҳо, аз самти кӯчаи Шоҳтемур ба самти кӯчаи Н.Муҳаммадӣ, дар рӯ ба рӯи бинои Масҷиди ҷомеъи «Ал-Бухорӣ», аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Давлатова Гулистон, соли таввалудаш 1972, сокини пойтахтро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Даст ба ғоратгарӣ задани ноболиғон

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур бо ариза зани 30-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 6-уми майи соли 2021, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар кӯчаи М.Мастонгулови пойтахт шахси номаълум бо роҳи ошкоро аз ӯ 500 сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи «Редми Нот-8»-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 1 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин ноҳия, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, номбурда бо ҳамроҳии ҳамаслакаш ноболиғи 17-солаи сокини пойтахт, рӯзи 1-уми июни соли 2021, тахминан соати 00:30-дақиқа, дар кӯчаи М.Мастонгулов, бо роҳи ошкоро аз дасти ҷавонзани 20-солаи муввақатан сокини шаҳри Хучанд, 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг А-8»-ро, ки 1 ҳазору 200 сомонӣ арзиш дорад, тасарруф карда аз ҷойи ходиса гайб задаанд.
Ҳамзамон, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 39-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳаёти-Нави ноҳияи Ҷ.Расулов муроҷиат намудааст, ки санаи 27-уми майи соли 2021, тахминан соати 15:30-дақиқа, дар назди бозори «Саховат»-и пойтахт, шахси номаълум бо роҳи ошкоро 1-адад ҳамёнашро, ки дар дохилаш 300 сомонӣ маблағи пулӣ дошт, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 16-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button