ВидеоТоҷикистонҶомеа

ПАДАРУ МОДАР АЗ ПИСАРИ ХУД 300 СОМОНӢ АЛИМЕНТ ТАЛАБ КАРДАНД

Додгоҳи Шаҳринав бар асоси муроҷиати падару модараш як сокини 31-солаи ин ноҳияро муваззаф кардааст, ки ҳар моҳ ба волидони кӯҳансолаш 300 сомонӣ алимент бисупорад.  

Мунаввара Шукурова, модари ин сокини Шаҳринав гуфтааст, ки писари хурдиаш дар дар хонаи хусуру хушдоманаш хонадомод зиндагӣ дорад ва падару модари пири худро нигоҳубин намекунад.  Ин зан 60 ва шавҳараш 73 сол син доштааанд ва ба иллати беморӣ тавони мустақилона таъмин кардани зиндагии худро надоранд. Ба гуфтаи модари муштипар, пештар як духтараш аз ҳисоби дӯзандагӣ онҳоро нигоҳубин мекард, лекин ӯ ҳам ҷарроҳӣ шуду шаш моҳ боз кор карда наметавонад.

Дар Тоҷикистон саркашии фарзандон аз нигоҳубини волидони пир ҳамчун як амали нангин дар ҷомиа сахт маҳкум карда мешавад ва аз фарзандони худ талаби алимент кардани волидон низ ба сари худ ҳодисаи нодир ба шумор меравад. Ин дар ҳолст, ки тибқи моддаи 88-уми Кодекси оилаи ҶТ, “фарзандони болиғи қобили меҳнат уҳдадоранд, ки волидони ғайри қобили меҳнати ба кумак муҳтоҷи худро нигоҳубин намоянд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд.”

Адвокати давлатӣ Муҳсинҷон Ғаниев бар асоси ҳамин моддаи қонун ба додгоҳи ноҳияи Шаҳринав аризаи даъвогӣ навишт ва аз додгоҳ хост, ки  «аз ҳисоби ҷавобгар барои таъмини волидони пиронсоли ғайри қобили меҳнат алимент ба манфиати мо — Шукуров Саттор ва Шукурова Мунаввар ҳар моҳ 300 сомонӣ маблағи устувор таъйин карда шавад». Додгоҳ бо судури ҳалномааш ин дархости падару модари муҳтоҷ ба нигоҳубинро қонеъ гардонд.

Басир Носиров Маркази ёрии ҳуқуқӣ / Центр юридической помощи

Таърихи муваффақи шаҳрванд баъди муроҷиат ба ҳуқуқшиноси давлатӣ дар ноҳияи Шаҳринав

САРКАШИИ ПИСАР АЗ НИГОҲУБИНИ ВОЛИДОНИ КӮҲАНСОЛ

Бознашр аз маҷаллаи “Ёрии ҳуқуқии ройгон дар Тоҷикистон”

Фарзанде, ки падару модари худро нигоҳубин намекард, бо мусоидати ҳуқуқшиноси давлатӣ акнун барои онҳо алимент месупорад.

Моҳи январи соли 2020 ба Муҳсинҷон Ғаниев, ҳуқуқшиноси давлатӣ дар ноҳияи Шаҳринав сокини маҳаллӣ Мунаввар Шукурова муроҷиат кард.

«Писари 31-солаи мо дар хонаи хусуру хушдоманаш хонадомод буда, ману падари пирашро нигоҳубин намекунад. Вақте ҷавон будему кор мекардем, ӯро калону хонадор кардем. Акнун пир шудему кор карда наметавонем, бояд фарзандамон ба мо ёрӣ диҳад-ку! Зану кӯдаконашро ҳам саробонӣ кунаду моро ҳам», — гуфт ин модар.

Ӯ дар идома аз вазъи душвораш нақл кард: «Мо 4 фарзанд дорем, ки яке аз онҳо маъюб аст. Он писарам, ки аз нигоҳубини мо саркашӣ кард, фарзанди хурдист. Писари дигарам ба наздикӣ Россия рафт. Вай саргардони ба мушкилоти худаш асту ба мо ёрдам карда наметавонад. Падараш 73-сола, ман ба синни 60 медароям. Саломатиям хуб нест. Се бор ҷарроҳӣ шудаам. Шароити зиндагиямон вазнин аст. Духтарам дӯзанда буду моро дастгирӣ мекард, лекин ӯ ҳам ҷарроҳӣ шуду шаш моҳ боз кор карда наметавонад. Саломатии шавҳарам нағз нест. Касал хоб рафтааст. Духтур омада, «санг дорад» гуфт. Ҳозир ягон каси нигоҳубин мекардагӣ надорем, ба фарзандон муҳтоҷем».

Муҳсинҷон Ғаниев хусусияти ҳуқуқии ин қазияро чунин шарҳ дод: «Ман ба Мунаввар Шукурова соли 2019 дар масъалаи таъмин шудан бо маълумотномаи эълони мақоми оилаи камбизоат кумак намуда будам. Аммо дар таҷрибаи кишвари мо алимент талаб кардани волидони пиронсоли ғайри қобили меҳнат аз фарзандони болиғи қобили меҳнат хеле кам дида мешавад. Дар моддаи 88-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин меъёр пешбинӣ шудааст: «Фарзандони болиғи қобили меҳнат уҳдадоранд, ки волидони ғайри қобили меҳнати ба кумак муҳтоҷи худро нигоҳубин намоянд ва нисбат ба онҳо ғамхор бошанд».

Дар ҳамин асос ҳуқуқшиноси давлатӣ аз номи ин муроҷиаткунанда ба Суди ноҳияи Шаҳринав аризаи даъвогӣ навишт. Дар он аз суд хоҳиш шудааст: «Аз ҳисоби ҷавобгар барои таъмини волидони пиронсоли ғайри қобили меҳнат алимент ба манфиати мо — Шукуров Саттор ва Шукурова Мунаввар ҳар моҳ 300 сомонӣ маблағи устувор таъйин карда шавад».

Бо ҳалномаи Суди ноҳияи Шаҳринав дархости ин падару модар қонеъ гардонида шуд.

Дар акс: ҳуқуқшиноси давлатӣ дар ноҳияи Шаҳринав Муҳсинҷон Ғаниев ва шаҳрванд Мунаввар Шукурова

 http://salac.tj/about/state-lawyers.php – Рӯйхати ҳуқуқшиносони давлатӣ

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button