ВидеоМуҳоҷирон

МАРГИ ДУ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ИРКУТСК: ТОҶИКҲО ДАР ДУ СОАТ ПУЛИ БА ВАТАН ФИРИСТОДАНИ ДУ ТОБУТРО ҶАМЪ КАРДАНД (ВИДЕО)

Муҳоҷирони тоҷик аз шаҳри Иркутски Русия ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” видеои аз морг гирифтану ба Ватан фиристодани тобути ду шаҳрванди Тоҷикистонро ирсол карданд. Холов Маҳмадамин, санаи таваллудаш 22 феврали соли 1960, ва Соҳибназаров Зокир Мирзоевич, 12 январи соли 1969, ҳарду аз бемории ҷигар вафот кардаанд.

Дар видео Ширинов Алишер Ғиёсович, раиси ҷамъияти тоҷикони Иркутск  ба мардум муроҷиат мекунад, ки барои ба Ватан фиристодани тобутҳои ин ду бародари тоҷик кумаки худро дареғ надоранд. Дар як пораи дигари видео Алишер Ширинов бо ифтихор ҳисобот медиҳад, ки бачаҳои тоҷик дар байни ҳамагӣ ду соат тамоми маблағи лозим барои ирсоли ин ду тобут ба Тоҷикистонро ҷамъ овардаанд. Ӯ бо изҳори миннатдорӣ ба муҳоҷирони тоҷик гуфт: “То вақте ки мо чунин сарҷамъу муттаҳид ҳастем, Худо хоҳад, дар ҳама кор пешрав хоҳем  буд. Асоси ҳар пешравӣ дар сарҷамъист.”

Дар видео ҳамчунин лаҳзае сабт шудааст, ки намояндагони ҷамъияти тоҷикони Иркутск ҳарду тобутро аз морг мегиранд ва пеш аз фиристодан ба Ватан барои ду бародари марҳуми худ, ки дар мулки ғурбат дида аз ҷаҳон пӯшиданд, даст ба дуо мекушоянд.

Ҳар сол дар Русия, бино ба ҳисобҳо, беш аз 1000 муҳоҷири тоҷик ба иллатҳои гуногун мемемиранд. Яъне ба ҳисоби миёна муҳоҷират ҳар рӯз танҳо дар Русия ҷони то 3 муҳоҷири тоҷикро мегирад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button