Номаҳо ба президентТаърихЧеҳраҳо

ҲАМХИДМАТИ ПРЕЗИДЕНТ: РАҲМОНОВ ДАР ВАҚТИ ХИДМАТ ҲАМ ҲАМИН ХЕЛ “БОЯВОЙ” БУД

Акаи Аброрро соли таваллудаш 1952 буд. Ин зодаи деҳаи Кафтари ноҳияи Шӯрообод солҳои 1970-1973 хизмати аскариро дар Флоти Уқёнуси Ором дар Приморе анҷом додааст. Дар ҳамон ҷое, ки солҳои 1971-1974 Эмомалӣ Раҳмон хизмати ҳарбиро анҷом додаанд. 

Акаи Аброр боре нақл кардааст, ки ман аз Раҳмонов ним сол пештар ҷавоб шудам. Дар аскарӣ мо бачаҳои тоҷик 1 тоқиву 1 рубоб доштем, ки онҳо ҳамчун рамзи миллӣ дониста мешуданд. Ин 2 ашёро ҳамхизматон ба якдигар, маҳз ба оне, ки ҷасуру ғайюр ва обрӯбардори миллат дар флот буд, мерос мегузоштем. Вақти ҷавоб шудан, ман ҳамон тоқиву рубобро барои нигаҳдорӣ ба дасти Раҳмонов дода, худоҳофизӣ кардам. 

Раҳмонов дар вақти хизмат ҳам ҳамин хел “боявой” буд”, гуфтааст акаи Аброр, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нест.

ҲАМХИЗМАТИ ПРЕЗИДЕНТ

Бознашр аз сомонаи “СССР”

21 май-Рӯзи флоти Уқёнуси Ором! Ҳар сол ба ифтихори таъсиси бандари ҳарбии Охотск дар таърихи 10 (21) майи 1731, ин рӯз чун Рӯзи флоти Уқёнуси Ором таҷлил мегардад…

Оғоз

Акаи Аброрро хело барвақт мешинохтам. Аз ҳамсоядеҳи Кафтар буд ва касбаш – механизаторӣ. Тобистону нисфи баҳор дар булдозеру эксковатор, тирамоҳ вақти дарав дар комбайн ва нимаи дигари баҳору зимистони сахти Терай дар тракторҳои тасмачарху балондор кор карданашро дар ёд дорам. Марди тануманди далеру шуҷоъ, пурқуввату зӯр ва ҳам инсони ростқавл, боадолат, боинсоф ва хоксору заминӣ буд. Падарашро Бобои Қурбон мегуфтанд. Бобои Қурбон иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 буд. Насабаш Ҳакимов ва ӯро калонтарҳо Қурбони Ҳаким мегуфтанд. 

 Қурбони Ҳаким 5 писар дошт: Асрор, Аброр, Аҳрор, Самариддин ва Ҳасан. Асрор ва Самариддин ҳунарманд буданд. Дар тӯйҳои арӯсиву домодӣ ва ё дигар маъракаҳои хурсандии мардум суруд мехонданду базм мекарданд. Ҳарду ҳам садои хуб доштанд. Аммо ягон бор майл ба санъати овозхонӣ ё навозандагӣ доштани Акаи Аброрро на ман ва на каси дигаре аз ҳамдеҳагон надидааст. Ӯ бештар ба шикор, ба асп ва ба кабк моил буд. Аброри қаҳрамони имрӯзии матлаби моро, дар шиноснома исмашро саҳван – Қурбон (номи падараш) навишта буданд ва мо намедонем, ки дар вақти хизмат ӯро ҳамхизматон аз рӯи шиносномааш Қурбон мегуфтанд, ё бо номи аслии худаш – Аброр ҷеғ мезаданд?

 Акаи Аброрро соли таваллудаш 1952 буд. Ӯ солҳои 1970-1973 хизмати аскариро дар Флоти Уқёнуси Ором дар Кишвари Приморе анҷом додааст. Дар ҳамон ҷое, ки солҳои 1971-1974 Президенти муҳтарами мову шумо, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо ному насаби даврони шӯравии худ, яъне Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович хизмати ҳарбиро анҷом додаанд. 

 Тоқиву рубоби тоҷикӣ

Сабаби навиштани ин матлаб қиссаи ҷолибу мароқангезе шуд, ки онро замони дидорбинӣ бо хешу табор, ба деҳаи Кафтари деҳистони “Доғистон”-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин рафтанам, ба ман сардухтури Маркази тиббии деҳа Наврӯзи Ҳотам ва духтури калони ҳамин марказ Тӯйчӣ Назаров қисса карданд.

Мегӯянд, 1 вақт Акаи Аброр камтар нотоб шуд ва ҳар субҳ барои санҷиши фишор ва сӯзандоругузаронӣ ба Маркази тиббии деҳа меомад. Тӯйчӣ фишори ӯро санҷида, ҳаб медоду сӯзандору мегузаронд. 1 субҳ ҳангоми ба Марказ омадани Акаи Аброр телевизорро рӯшан мекунанд, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи мӯҳташами байналмилалӣ дар мавзуи об ва ободонӣ бо забони тоҷикӣ суханронӣ доштанд. Толор пуршукӯҳ буд ва ҳузури Ҷаноби Олӣ дар минбар ба шаҳоматаш меафзуд. Акаи Аброр баробари ба утоқ ворид шудан, дар ҷо истода, бо диққати тамом ҷониби телевизор нигариста, бо 1  виқору ифтихори диданӣ мегӯяд:

  – Наврӯзбек! Ман бо ҳамин марди бузург якҷоя хизмат кардагӣ. Аз Раҳмонов ним сол пештар ҷавоб шудам. Дар аскарӣ мо бачаҳои тоҷик 1 тоқиву 1 рубоб доштем, ки онҳо ҳамчун рамзи миллӣ дониста мешуданд. Ин 2 ашёро ҳамхизматон ба якдигар, маҳз ба оне, ки ҷасуру ғайюр ва обрӯбардори миллат дар флот буд, мерос мегузоштем. Вақти ҷавоб шудан, ман ҳамон тоқиву рубобро барои нигаҳдорӣ ба дасти Раҳмонов дода, худоҳофизӣ кардам. 

Духтурон якбора гуфтанд: 

-Ин хел бошад чаро кӯшиш намекунед, ба ягон роҳу восита наздашон равед? -Ва бо шӯхӣ илова кардем, -мебинӣ ба ягон табобатгоҳи рақами яки дунё равонтон мекунанд, он вақт боз назартон дигар мора намегирад.

Акаи Аброр табассуме карда, ба ҳамон тарзи ба худаш хос, ба лаҳҷаи ширини кӯҳистони Терай мегӯяд: 

-Ин ҷавонмард ҳозир 1 давлати бузурга роҳбарӣ кардестай ва ҳазор кору вазифаи махсуси дигар дорад. Агар дар ёдашон монда бошем, ҳоло мебинед, ки дар ягон ҷо худашон ёдамон мекунан- Ва чашмашро аз телевизиор канда, илова мекунад: 

-Худо нигаҳбонаш бошад! Раҳмонов дар вақти хизмат ҳам ҳамин хел “боявой” буд!!! 

 Вохӯрӣ бо фаъолони ноҳия

Сардухтур бо муовинаш дигар чизе намегӯянд ва сӯҳбат бо ҳамин хотима меёбад. Агар ин гапро ягон каси дигар мегуфт, шояд мо бовараш намекардем. Вале, то ин дам на мо ва на каси дигаре низ аз ҳамдеҳагон аз Акаи Аброр гапи дурӯғе нашунида ва ягон амалу рафтори ношоиставу нолоиқро надида будем. Бовар кардем. 

Илова бар ин, дар ин миён иттифоқи ҷолибе афтод…

Соли 2013 Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ташриф оварданд. Аз он ҷо бояд ба ноҳияи Дарвоз сафар мекарданд ва дар Қалъаи Хумб бо 1 Ширкати калони роҳсозии хориҷӣ мавзуи шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғро баррасӣ менамуданд. Сӯҳбати Президент бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ки дар маркази ноҳия, дар шаҳраки Шӯрообод сурат гирифт, самимона, озод ва шавқовару ҷолиб буд. Дар ҳамин вохӯрӣ, сардухтури Маркази тибии деҳаи Кафтар Наврӯзи Ҳотам ва духтури калони ин марказ Тӯйчӣ Назаров иштирок намуда, фаъолони деҳистони “Доғистон”-ро намояндагӣ менамуданд.

 Сӯҳбати самимӣ

Қисса мекунанд, ки дар ин вохӯрӣ Президент бисёр хушҳол буд ва бо мардум самимона аз ҳар хусус сӯҳбатҳо дошт. Вақти ба поён расидани вохӯрӣ, замоне, ки Президент ба нияти худоҳофизӣ бо мардум аз ҷояшон боло шуданд, як лаҳза таваққуф намуданд ва гӯё чизи ҷолиберо ба ёдашон оварда бошанд, ки ҳатто бо ангушти дасташон ба боло ишора намуда, гуфтанд:

“Истед, истед! Ман аз ҳамин Шӯрообод як ҳамхизмат доштам!”.

 Мардум бо тамоми таваҷҷӯҳ ба Президенти худ менигарист ва давоми суханашро интизор буд, ки чӣ мегӯяд. Ҳама мехостанд, номи он ҷавонмарди ҳамдиёри худ ва ҳамхизмати Ҷаноби олиро, ки то ҳанӯз дар хотири Президент ба ҷо мондааст, бишнаванд. Наврӯз ва Тӯйчӣ мегӯянд, ки ҳарду баробари шунидани ин сухани Ҷаноби олӣ, дарҳол он субҳи Маркази тиббии деҳа ва Акаи Аброрро ба хотир овардем. Ҳарду қариб беихтиёр дод мезадем, ки:

“Ҷаноби олӣ, ҳамхизмати Шумо Аброр Ҳакимов ном дорад ва аз деҳаи Кафтари деҳистони “Доғистон” аст!

 Вале, ҳамин дам аз болои сари мо тайёрае ки дар он меҳмонони Ширкати роҳсози хориҷӣ ба Дарвоз, барои вохӯрӣ бо Президент мерафтанд, паст парвоз кард ва ғурроси болҳояш ҳама ҷоро печонид ва ҳамин тавр сухани Ҷаноби олӣ дар бораи ҳамхизмати шӯроободияш нотамом монд… 

 Анҷом

Наврӯз ва Тӯйчӣ давом медиҳанд, ки мавзуъро дукаса то ба деҳа омадан хуб матраҳ кардему рафтем рост ба хонаи Акаи Аброр. Ӯ дар болои кӯрпачаи рӯи кати ҳавлӣ, ба ибораи худаш “чои бегаҳ мехӯрд”. Вақте мо он чиро, ки бо иштироки Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузашта буд, батафсилу бо ҳаяҷон нақл кардем, Акаи Аброр бо нигоҳе, ки саропо пур аз ифтихор буд, бо ҳамон лаҳҷаи кӯҳистонияш гуфт: 

-Гуфта будамтон, ки Раҳмонов дар давраҳои хизмати аскарӣ ҳам «боявой» буд. Ин гуна ҷувонмардора Худо барои роҳбариву раҳнамоии мардум меофарад!-Ва бо табассум илова мекунад: 

-Диден, ҳатто акаи Аброри шумора ҳам фаромӯш накардаанд?…

PS: Ҳоло акои Аброр ( Қурбон) дар байни мо нест ва 1001 афсӯс, ки гуфтаниҳои нагуфтаашро бо худ бурд. Матлабро барои он навиштем, ки ҷавонони имрӯза бояд донанд, Пешвои Миллат ҳатто дар ҷавонӣ низ лидер, ҳодӣ, ҷасуру ғайюр ва нафаре буданд, ки дар Флоти Советӣ аз ӯ ҳамхизматон арҷ мегузоштанду то ба охир ҷавонмарди «боявой»аш мехонданд. Мо Метавонем!

Нуралӣ Хоркашев

Махсус барои СССР

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button