Хабарҳои кӯтоҳҲодиса

4 АКС АЗ ҶОИ ҲОДИСА: СӮХТОР ДАР ДОНИШКАДАИ ТЕХНОЛОГИИ КӮЛОБ

Субҳи барвақти 3 июн, соати 03:50 дар дар Донишкадаи технология ва менеҷменти иноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб воқеъ дар маҳаллаи Борбад сӯхтор ба амал омадааст. Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон гуфт, ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани оташнишонон дар масоҳати 200 метри мураббаъ болопӯши боми бино ва толори маҷлисгоҳро оташ фаро гирифта буд.  Бино ба маълумоти муқаддамотии ВКД, сӯхтор дар Донишкадаи технология ва менеҷменти иноватсионии Кӯлоб “бар асари риоя накардани меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ” сар задааст.

Сӯхтори мазкур бо қуваю воситаҳои ҷузъу томҳои хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ, бо пуррагӣ хомӯш карда шуд. Айни ҳол аз тарафи мутахассисони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва дигар сохторҳои дахлдор таҳқиқи ҳодиса давом дошта зарар ва сабаби сухтор муайян карда мешавад”, – хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД.

Нашрияи “Пайк”, ки нахустин шуда, бо нашри 4 акс аз ҷои ҳодиса хабари сӯхтор дар Донишкадаи Кӯлобро нашр кард, аз қавли шоҳидон хабар дода буд, ки сӯхтор ибтидо толори маҷлисгоҳи донишкадаро ба коми худ кашида, сипас ба қисмати бинои таълимӣ часпидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button