ТАБИБ ВА УЗВИ СОБИҚИ ҲНИТ МИРЗОИ ҲОҶИМУҲАММАД БА 5 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД
Мирзои Ҳоҷимуҳаммад (Мирзоқул Ҳоҷиматов), табиб ва узви собиқи ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИТ), ба 5 соли зиндон маҳкум шудааст. Радиои Озодӣ аз қавли як манбаи наздик ба тафтишот хабар дод, ки ҳукми ӯ рӯзи 1 июн дар мурофиаи додгоҳие, ки дар бинои СИЗО №2 шаҳри Хуҷанд доир шуд, эълон шудааст. Абдусалом Дадобоев, вакили мудофеи Мирзои Ҳоҷимуҳаммад низ дар суҳбат бо Озодӣ бо тасдиқи хабари содир шудани ҳукми додгоҳ бидуни шарҳи зиёд гуфтааст, ки аз ин ҳукм ба зинаи болоии додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.
Мирзои Ҳоҷимуҳаммад, ки чанд соли охир дар вилояти Тюмени Русия ба ҳайси табиб кор мекард, моҳи феврали соли ҷорӣ барои аёдати наздиконаш аз Русия ба Тоҷикистон омад ва инҷо дармонд. Ӯ ба рӯзи 19 феврал чиптаи бозгашт дошт, вале иҷозати рафтан пайдо накард ва рӯзи 22 май билохира дар зодгоҳаш, ноҳияи Ашт расман дастгир шуд. Мақомот ӯро бар асоси қисми дуюми моддаи 307, иловаи 3, бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯъ (манзур ҲНИТ) айбдор мекунанд. Наздиконаш ин иттиҳомро рад мекунанд ва мегӯянд, ки Мирзои Ҳоҷимуҳаммад соли 2015 тарки ҲНИТ кард ва дигар ягон фаъолияти сиёсӣ надошт.
Мирзои Ҳоҷимуҳаммад 63 сол ва 5 фарзанд дошта, аз соли 2019 дар вилояти Тюмени Русия кору зиндагӣ мекард ва моҳи феврали имсол ба дидорбинии наздикон ба Тоҷикистон омада буд. Писараш Фарҳод Ҳоҷиматов қаблан гуфт, “соли 2019 ба мақомоти Тоҷикистон ариза навишта буданд, ки фаъолияти сиёсӣ надоранд. Бемамониат ба ватан рафта меомаданд. Рӯзи 4 феврали имсол бе даъвати ягон кас барои хабаргирии наздикон рафтанд. Билети бозгашташон ба рӯзи 19 феврал харида шудааст, вале бо сабабҳои номаълум парванда кушоданд.”
Мирзои Ҳоҷимуҳаммад қаблан муовини раиси ҲНИТ дар вилояти Суғд буд, вале ба қавли наздиконаш, моҳи апрели соли 2015 “бо хоҳиши худ аз сафи ҳизб берун шуда буд”.
Мирзои Ҳоҷимуҳаммад дар ҷараёни бозпурсӣ иттиҳоми ба зиддаш эълоншударо рад карда, гуфтааст, фаъолияти сиёсӣ надорад ва бо аъзои ҲНИТ дар иртибот нест.
Ӯ, ки дар Русия ҳам ба ҳайси табиб кор мекард, дар шабакаи Фейсбук гуруҳи “Тавсияҳои табиб Мирзои Ҳоҷимуҳаммад”-ро таъсис дода, аз ҷумла дар бораи роҳҳои пешгирӣ ва табобати коронавирус машваратҳо медод. Бори охир ӯ рӯзи 22 май, ҳамагӣ чанд соат пеш аз дастгир шуданаш дар ин гуруҳ матлабе гузошта, онро “Шояд охирсухане перомуни коронавирус” номидааст.
Додгоҳи олии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 дар пайи саркӯби ошӯби мусаллаҳона ба раҳбарии генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, ҲНИТро ба даст доштан дар ин ошӯб айбдор ва фаъолияташро дар кишвар манъ кард. ҲНИТ ҳамчунин ба ҳарду рӯйхатти сиёҳи созмонҳои террористӣ ва ифротӣ шомил карда шудааст. Вале роҳбарони ҲНИТ, ки ҳоло асосан дар Аврупо фаъолият доранд, даст доштани худ дар ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалимро рад карда, мегӯянд, ин ошӯб барои мақомот танҳо баҳонае барои аз саҳна рондани бузургтарин ҳизби мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон шуд.