ВидеоҲуқуқи инсон

ЭЪТИРОЗИ КАМНАЗИРИ КӮДАКОН ДАР ХУҶАНД МАЙДОНИ БОЗИИ ОНҲОРО НАҶОТ ДОД (ВИДЕО)

Кӯдаконе, ки 4 моҳ пеш дар касаба ё микрорайони 19-уми шаҳри Хуҷанд эътироз карда буданд, тавонистаанд майдончаи бозии худро наҷот диҳанд. Дар инҷо байни биноҳои истиқоматии №1 ва 2 мехостанд боз як бинои дигари истиқоматӣ бисозанд, вале кӯдакон дар муқобили экскаватори фиристодаи ширкати сохтмонӣ эътироз карда, нагузоштанд, ки ин майдонро аз дасти онҳо бигиранд.

Дар видеои ин эътирози камназири кӯдакон дида мешавад, ки даҳҳо кӯдак дар рӯбарӯи экскаватор ҷамъ шудаанд ва “Доми мо! Доми мо!” гуфта шиор мезананд. Cадои як зан низ ба гӯш мерасад, ки хитоб ба масъулон мегӯяд: “Мана, калоншавандаҳо, бинед, чӣ хел мехоҳанд майдони бозии кӯдаконро вайрон карда, дар ҷои он хона бисозанд.” Дар ниҳоят ронандаи экскаватор, ки барои хароб кардани ҷои бозии кӯдакон омада буд, маҷбур шуд, ки ягон кор нокарда, инҷоро тарк кунад.

Hayrullo Ahmedov рӯзи 2 июня дар гуруҳи Ахбори Тоҷикистон-Новости Таджикистана-News of Tajikistan дар Фейсбук хабар дод, ки сокинони ин ду бино дар касабаи 19 тавонистанд дар байни 4 моҳ майдончаи кӯдаконро обод кунанд ва рӯзи 31, дар арафаи Рӯзи ҷаҳонии кӯдакон, маросими ифтитоҳи онро доир кунанд.

“Ин дар таърихи биноҳои 1 ва 2 касабаи 19-ум мемонад. Ҳамаи кӯдакони мо шодмонӣ доранд. Ҳукумати вилояти Суғд то ҳол ба мо ваъда дода истодааст, ки барои бунёди ин майдончаҳо иҷозат медиҳанд (мо дастгирӣ мекунем). Ин ҳарфро мо ҳар дафъа мешунавем. Ба мо ҳатто барои сохтани майдончаҳо ваъдаи кумак карданд, вале мо ба кумак эҳтиёҷ надоштем, ҳамаашро бо дастони худамон сохтем. Раҳмати калон ба ҳамаи ҳамсояҳое, ки заҳмат кашиданд. Ба шаҳрдори Хуҷанд Фирдавс Шарифзода муроҷиат мекунем: Илтимос, барои гирифтани санадҳои ин майдончаҳо мусодат кунед. Кӯдакони мо инҷо бозӣ мекунанд ва хеле хушҳоланд. Тавре дар паёмаш Пешвои миллат гуфт, “кӯдакон гулхои зиндагии мо мебошанд”. Ба ҳусни тафоҳум аз ҷониби шумо умед мебандем.  Ба ҳама ташаккур, бароятон сулҳу ободӣ таманно дорем!” – навиштааст Hayrullo Ahmedov

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button