Хабарҳои кӯтоҳ

ЯК ҲАМДЕҲАИ ҚАДАМИ ҚУРБОНРО ДАР НАЗДИ БОЗОРИ “САХОВАТ” ҒОРАТ КАРДААНД

Ду сокини 32 ва 33-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ, ки якеаш пеш бо моддаҳои 244 ва 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ба он гумонбар мешаванд, ки шаби 30 май, соати 21:30 дар назди бозори “Саховат”-и  пойтахт бо роҳи зӯроварӣ аз ҷайби сокини  21-солаи ҷамоати Чагами ноҳияи Ш.Шоҳин 70-сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”-ро кашида гирифта, ба ӯ 670 сомонӣ зарар расондаанд.

хххххх

Сокини 21-солаи сокини шаҳри Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки шоми 28 май, соати 19:00, дар кӯчаи Айнии пойтхат бо роҳи зӯроварӣ аз дасти марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Ҷ-4”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 1 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.
хххххх

Марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ё занҷаллобӣ дастгир  шудааст. ВКД гуфт, номбурда, дар давоми давраи аз 27 май то 1 июни соли 2021 хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, барои марди 30 ва ҷавонзани 25-солаи сокинони шаҳрҳои Норак ва Ҳисор, инчунин барои марди 34 ва зани 30-солаи сокинони пойтахт ва бо ҳамин роҳ ба як зумра шаҳрвандони дигар барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намудааст ва аз онҳо дар умум 850-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 2 июни маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷиноятҳои ғоратгарӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 21-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чагами ноҳияи Ш.Шоҳин муроҷиат намудааст, ки рӯзи 30-юми майи соли 2021, тахминан соати 21:30-дақиқа, дар назди бозори “Саховат”-и шаҳри Душанбе шахсони номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз ҷайбаш 70-сомонӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 670-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 32 ва 33-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ, ки якеашон пеш бо моддаҳои 244 ва 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 28-уми майи соли 2021, тахминан соати 19:00, дар кӯчаи Айнии пойтахт бо роҳи зӯроварӣ аз дасти марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Ҷ-4”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 1 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Боздошт гардидани марди 29-сола бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ё занҷаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, дар давоми рӯзҳои аз 27 то 31-уми май ва 1-уми июни соли 2021 хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 30 ва ҷавонзани 25-солаи сокинони шаҳрҳои Норак ва Ҳисор, инчунин ба марди 34 ва зани 30-солаи сокинони пойтахт ва нобурда бо ҳамин роҳ ба як зумра шаҳрвандони дигар шароит муҳайё намуда, аз онҳо дар умум 850-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button