Хабарҳои кӯтоҳ
ҲУШДОРИ КҲФ АЗ ХОКБОДУ ХОКБОРИШ ВА ТО 45 ДАРАҶА ГАРМИИ 3 РӮЗИ ОЯНДА

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон дар минтақаҳои ҷанубии кишвар хокбод (хокбориш, ё “боди афғонӣ”) интизор меравад.
Аз 3 то 5-уми июни соли ҷорӣ дар қаламрави Тоҷикистон то ба 45 дараҷа болоравии дамои ҳаво дар назар аст. Ин боиси ба вуҷуд омадани селҳо дар маҳалҳои кӯҳиву наздикӯҳии вилоятҳои Суғд ва Хатлон, ҳамчунин ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ мешавад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда а сокинони кишвар хотиррасон мекунад, ки саломатии худро эҳтиёт кунанд. Бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуши эҳтимолӣ вобаста ба ногаҳон омадани сел тоза кардани ҷӯйбору каналҳо, селравҳоро фаромӯш насозанд.
