Хабарҳои кӯтоҳЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ МОДАРИ ЁРДАМЧИИ ПРЕЗИДЕНТ АСАДУЛЛО РАҲМОН

Ба ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масоили кадрӣ Раҳмонов Асадулло Қиматович бинобар даргузашти модари бузургворашон ҳамдардӣ баён мекунам ва ба пайвандону наздикони марҳум сабри ҷамил металабам.

Равони МОДАРИ АЗИЗ шод бод. Аз даст додани МОДАР мусибати бузургест… Дардест сангин… Таҳаммулнопазир. Ҳамдардем”, – навиштааст Дилафрӯз Қурбонӣ ва даҳҳо нафар дар зери ин хабар низ ба Асадулло Раҳмон ҳамдардӣ баён кардаанд. Дар бораи иллати марги модари Асадулло Раҳмон хабаре ба даст нарасидааст.

Асадулло Раҳмон (Раҳмонов Асадулло Қиматович)  як узви калидӣ ва пурнуфузи командаи кунунии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бахусус дар сиёсати кадрӣ ба шумор меравад.

Асадулло Раҳмон 1 январи соли 1973 дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара ба дунё омада, риштаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи хидмати давлатии марбут ба президенти Русияро хатм кардааст. Номзади улуми сиёсист.

Асадулло Раҳмон моҳи апрели соли 2005, вақте ҳамагӣ 32 сол дошт, раиси кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ он вақт ҷавонтарин вазир дар ҳайъати ҳукумати Тоҷикистон буд. Ӯ моҳи марти соли 2015 ёрдамчии президент дар масъалаи кадрҳо таъйин шуд. Ин мақомро ба далели нуфузи фавқулоддааш дар сиёсати кадрии ҳукумат бисёриҳо ҳатто “вазири кадрҳо” ҳам ном мебаранд.

Асадулло Раҳмон соҳиби 3 духтар аст, Бо ордени Исмоили Сомонӣ, дараҷаи 2 сарфароз гардонда шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button