МуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ САФАРОВ ЗИКРИЁ БАРОИ ФУРӮШИ ЧИПТАИ ҚАЛБАКИИ ПАРВОЗИ ДУШАНБЕ – МАСКАВ

Сафаров Зикриё, соли таваллудаш 1987, сокини ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш ду маротиба бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қаллобӣ суд шудааст, рӯзи 26 майи соли 2021 дар ҳудуди шаҳри Бохтар бо сокини ноҳияи Вахш шаҳрванд Рустамов Биномиддин шиносоӣ пайдо намуда, худро корманди муассисаи ислоҳотии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муаррифӣ менамояд ва аз номбурда барои харидорӣ намуда додани чиптаи ҳавопаймои Душанбе-Москва пешакӣ 2 ҳазору 100 сомонӣ мегирад.
Сипас Зикриё Сафаров бо истифода аз  техникаи компютерӣ ба Рустамов Б. чиптаи қалбакӣ тайёр карда дода, боз такроран санаи 31 майи соли 2021 аз Рустамов Б. 450 сомонӣ гирифта, маблағҳои боқимондаро талаб менамояд.
Подполковник Офоқ Қодириён, сухангӯи РВКД вилояти Хатлон дар гузоришаш мегӯяд, гумонбаршуда маблағҳои бо роҳи ҷиноят ба даст овардаашро дар эҳтиёҷоти шахсияш сарф карда дар ду ҳолати ҷинояти қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Дар шуъбачаи тафтишотии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон нисбати Сафаров З . парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Милитсияи вилояти Хатлон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки агар нафароне ба доми фиреби ин шахс  афтода бошанд, метавонанд ба РВКД вилояти Хатлон ё шуъбаҳои милиса дар маҳалли зисташон муроҷиат намоянд.

Бамаротиб боло рафтани нархи парвоз ба Русия баъди шурӯи парвозҳо ба он кишвар аз 1 апрел бозори ҳаннотону қаллобҳоро низ гарм кардааст. Ҳар сари чанд вақт аз Тоҷикистон дар бораи боздошти қаллобон барои фурӯши чиптаҳои қалбакӣ ба хоҳишмандони сафар ба Русия ваё фурӯши ин чиптаҳо бо нархҳои хеле баланд гузоришҳо ба даст мерасанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button