БЛИНКЕН: АМРИКО ДАР ОЯНДА НИЗ АЗ ИСТИҚЛОЛ ВА ЯКПОРЧАГИИ ТОҶИКИСТОН ҲИМОЯТ ХОҲАД КАРД

Рӯзи 1 июн вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка Энтони Блинкен суҳбати телефонӣ кардааст.
“Зимни гуфтугӯ ҷонибҳо роҷеъ ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Америка дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ, вазъ дар минтақа ва иқдомҳои муштарак ҷиҳати пешгирии паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19) табодули афкор намуданд. Ҳамсуҳбатон инчунин масъалаҳои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд”, – хабар дод ВКХ Тоҷикистон.
Нед Прайс, намояндаи расмии Департаменти давлатии Амрико хабар дод, ки котиби давлатӣ дар ҷараёни ин суҳбати телефонӣ пуштибонии доимии АМрико аз истиқлол ва якпорчагии Тоҷикистонро баён дошта, ба Сироҷиддини Муҳриддин барои нақши пешбари Тоҷикистон дар масоили амнияти минтақа, пуштибонӣ аз музокироти сулҳ дар Афғонстон ва идомаи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, аз ҷумла дар чорчӯби С5+1, ки 5 кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрикоро дар бар мегирад, изҳори сипос кардааст.
«Котиби давлатӣ бо изҳори ҳамдардӣ дар робита ба марзи одамон дар задухӯрдҳо дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон дар моҳи апрел, ба талошҳо барои хомӯш кардани амалиёти мусаллазона, аломатгузории марзҳо ва расидан ба ҳалли қоими баҳсҳо баҳои баланд дод», – гуфта мешавад дар иттилоияи расмии Департаменти давлатии Амрико.
Бино ба ин манбаъ, Блинкен ҳамчунин аҳамияти таҳкими робитаҳои минтақавӣ ва масоили ҳуқуқи инсон ва озодиҳои аслӣ барои ҳамаро таъкид кардааст. Ду ҷониб бо таъкиди пойбандиашон ба таҳкими муносибатҳои дуҷониби Амрикову Тоҷикистон тавофуқ кардаанд, ки ба муҷарради муҳайё шудани имконот машваратҳои солонаи дутарафаро доир хоҳанд кард.