ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

21 ШИЛЛИК АЗ ТӮПХОНАҲО БА ШАРАФИ САФАРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ПОКИСТОН (ВИДЕО)

21 ШИЛЛИК АЗ ТӮПХОНАҲО БА ШАРАФИ САФАРИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ПОКИСТОН (ВИДЕО)

2 июни соли 2021 президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Исломобод – пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон шуд.

Барои пазироии  ҳайъати Тоҷикистон фурудгоҳи Исломобод бо аксҳои сарони Тоҷикистону Покистон, парчамҳои ҳарду давлат ва шиору овезаҳо, оро ёфта, горди фахрӣ саф ороста буд.

Дар Қасри сарвазири Покистон Эмомалӣ Раҳмонро сарвазири он кишвар Имрон Хон, як ситораи дар гузашта маъруфи чавгонбозӣ (крикет) истиқбол гирифт.

“Тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ ба ифтихори Меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик сар дода шуд”, – хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон.

Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, вазири хориҷаи Покистон, дар саҳифааш дар Фейсбук аз ҷараёни истиқболи Эмомалӣ Раҳмон ва нишасти хабарии муштараки ӯ ва Имрон Хон ду видеои мустақим нашр кард.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони нақлиёт, фарҳанг, маориф ва илм, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Оғози сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон   02.06.2021

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button