ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ТАРКИШИ НУҚТАИ ФУРӮШИ МАВОДИ СӮХТ ДАР ЗАРХЕЗ 9 ЗАХМӢ БА ҶО ГУЗОШТ

Нимаи дуюми рӯзи 31 май дар як нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ «Сони-С», воқеъ дар деҳаи Зархез (собиқ Ёш Ленин)-и ҷамоати Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон таркиш ба амал омада, ба сӯхтор печидааст.  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дод, ки бара сари таркиш касе осеб надидааст. Вале вазорати корҳои дохила мегӯяд,  “дар натиҷаи сӯхтор 9 нафар шаҳрвандон ҷароҳати миёна ва сабуки сухтаи бадан бардошта, фавти шаҳрвандон ба қайд гирифта нашудааст.”

ВКД гуфт, таркиш соати 15:45 рух дод, КҲФ лаҳзаи таркишро соати 15:30 гуфт.

Маркази матбуоти ВКД хабар дод, ки таркиш дар зарфҳои нигоҳдории маводи сӯзишворӣ ба амал омада, масоҳати сӯхтор 40 метри мураббаъро дар бар гирифтааст. Бино ба ин манбаъ, барои фурӯ нишондани сӯхтор ва пешгирӣ аз хафви густариши он ба дигар бинову иншооти наздик 7 адад нақлиёти оташнишонӣ ва дигар қувваю воситаҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ ҷалб шудаанд.

ВКД дар гузоришаш меафзояд, ки “аз рӯи таҳқиқи пешакии ҳодисаи сӯхтор маълум гардид, ки сабаби ба амал омадани таркиши зарфҳои нигоҳдории маводи сӯзишворӣ, ин корношоям гардидани механизми сарпӯши (клапани) ихроҷи ҳавои фишурдашудаи сӯзишвории дар зарф мавҷудбуда мебошад.”
Сабаби дақиқтари таркиш ва маблағи зарари аз сӯхтор расонидашуда  аз тарафи комиссияи салоҳиятдор ва мутахассисон муайян карда мешавад.

Дар як моҳи охир  дар Тоҷикистон ин алакай сеюмин фалокати марбут ба маводи сӯхт аст.

Рӯзи 20 май бар асари чаппа шудани даргирифтани як мошини бензинкаш бо 35 тонна маводи сӯхт дар ҳудуди деҳаи Ғазантараки ноҳияи Деваштич ронанда ва мусофири ин мошин ҷароҳат бардоштанд.

Дар таркиш ва сӯхтори шоми 1 май дар нуқтаи фурӯши маводи сӯхти “Эко Ойл” дар маҳаллаи Испечаки Душанбе, бино ба иттилои КҲФ, 29 нафар ҷароҳат бардоштанд. Яке аз онҳо, корманди “Эко Ойл” Андрей Рязантсев баъди як ҳафта дар бемористон ҷон дод.

Мақомоти ВКД баъди ин ҳодиса ба зидди молики ширкати “Эко Ойл” парванда кушода, тамоми нуқтаҳои фурӯши маводи сӯхт дар Душанбе ва атрофи онро дар бобати риояи меъёрҳои бехатарии зидди сӯхтор мавриди санҷиш қарор доданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button