ТоҷикистонҲуқуқи инсонҶомеа

КАМБАҒАЛӢ ДАРДИ САХТ АСТ: КУШТОРИ ХУШДОМАН АЗ СӮИ КЕЛИН БАРОИ МАВОДИ ХӮРОКА

Додгоҳи ноҳияи Шаҳринав Насиба Топарова, сокини 34-солаи деҳаи Суғдиёни ҷамоати Истиқлолро барои моддаи 104 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар қатли хушдоманаш Ашӯрбибӣ Топарова гунаҳкор шинохта, ба 9 соли зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.

Ин ҳодиса 22 ноябри соли 2020 рух дод ва бино ба иттилои дарёфтӣ,  ибтидо мардум марги Ашӯрбибӣ Топароваро табиӣ гумон карда, ӯро ба хок супурдаанд. Танҳо 5 рӯз баъд бо исрори духтари ӯ ҷасадро аз қабр берун оварда, ташхис кардаанд ва маълум шудааст, ки ин занро буғӣ карда, куштаанд. Ангушти иттиҳоми наздикон зуд ба тарафи келини хонавода баланд шуд ва Насиба Топароваро дастгир карданд.

Моддаи 104 барои куштор ҳамчун ҷазо то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад, вале додгоҳи Шаҳринав зан ва модари ду фарзанд будани Топароваро ба инобат гирифта, ба ӯ 9 сол додааст. Топарова ҳукмашро дар маҳбаси Норак, ягона зиндони занона дар Тоҷикистон адо хоҳад кард.

 Оилаи Топаровҳо зиндагии хеле фақирона дошт ва Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт,  Насиба Топарова рӯзи 22 ноябр дар ошхона  барои таҳияи хӯрок ягон маводи ғизоӣ пайдо накарда, аз хушдоманаш хӯрока пурсидааст ва вақте ҷавоби рад шунидааст, сари қаҳр пиразанро куштааст.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 1 июн бархе тафсилоти парвандаи куштори хушдоман дар ноҳияи Шаҳринав аз дасти келинро нашр кард.

Бино ба ин манбаъ, “Топарова Насиба Худойбердиевна, санаи таваллудаш 27 ноябри соли 1986, сокини ноҳияи Шаҳринав, ҷамоати деҳоти Истиқлол, деҳаи Суғдиён, санаи 22 ноябри соли 2020 тахминан соати 1200 дақиқа дар манзили истиқоматиаш, бо мақсади омода намудани хӯроки нисфирӯзӣ ба ошхонаашон даромада, дар ошхона маҳсулоти хӯрока дарёфт накардааст. Сипас ӯ барои гирифтани маҳсулоти хӯрока ба амборхонаи хушдоманаш Топарова Ашӯрбибӣ Амоновна меравад. Ҳангоми ба онҷо расидан байни Топарова Н.Х. ва Топарова А.А. оиди надодани маводи хӯрока муноқиша ба миён меояд. Топарова Н.Х. аз ин ҳаракатҳои Топарова А.А. асабони шуда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани Топарова А.А. аз қисмати пушти номбурда гузашта, бо дасти чапаш аз шикам ва бо дасти росташ аз даҳони ӯ дошта, қасдан роҳи нафаскашӣ, яъне мавзеъи бинӣ ва даҳонашро муддати 3-4 дақиқа махкам кардааст, ки дар натиҷа шаҳрванд Топарова А.А. аз норасогии ҳаво дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.”

Додситонии ноҳияи Шаҳринав, нисбати Топарова Н.Х. бар асоси моддаи 104,қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷом ёфтани тафтишоти пешакӣ ба додгоҳи ин ноҳия ирсол намудааст.

Бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Шаҳринав, Топарова Н.Х. бар асоси моддаи 104 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 9 сол бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорой низомаш умумӣ таъин карда шудааст.

Ягона маҳбаси занонаи Тоҷикистон дар шаҳри Норак

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ин зана ягон кас пурсид, ки барои чӣ хушдоманаш ба ӯ барои ғизо омода кардан, хӯрокворӣ надодааст? Оё инҷо ягон гапи дигаре нест?

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button