ВарзишЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ ИСМАТ АБДУЛЛОЕВ, ЯКЕ АЗ ПОЯГУЗОРОНИ ГУШТИНИ САМБО ДАР ТОҶИКИСТОН

Исмат Абдуллоев, маъруф ба Исмат-Паҳлавон, мураббии шинохтаи гуштин рӯзи 1 июн дар синни 77 аз олам чашм пӯшид.

Исмат Абдуллоев ҳанӯз соли 1966 унвони устоди варзиш ва соли 1973 унвони Мураббии шоистаи Тоҷикистонро ба даст овард ва беҳтарин мурабии асри 20 дар Тоҷикистон низ шинохта шуда буд.

Саидмуъмин Раҳимов, нахустин қаҳрамони ҷаҳон дар гуштини самбо аз Тоҷикистон соли 1975 замоне ин тоҷи пирӯзиро бар сар ниҳод, ки Исмат Абдуллоев сармураббии тими гуштини Тоҷикистон буд.

Соли 2015 ба шарафи Исмат Абдуллоев дар Тоҷикистон як мусобиқоти саросарии гуштин байни варзишгарони наврас доир шуда буд.

Муҳаммадрозиқ Неъматов, маъмури гуруҳи “Варзиши тоҷик” дар Фейсбук дар сӯги ин шахсияти мондагор навиштааст: “Исмат Абдуллоев поягузори самбои тоҷик ,пири хираду ҳикмати варзиши кишвар ва садрнишину зеби тамоми чорабиниҳо ва маҳфилҳо варзишӣ имруз аз дунё даргузаштанд .Марҳум тамоми умри худро сарфи тарбияи шогирдон ва рушди варзиши тоҷик намуданд. Руҳаш шод ва хонаи охираташ обод бод!!!

Содиқ Ҷорӯбкашов низ бо ёдоварӣ аз хидматҳои Исмат Абдуллоев дар зери хабари марги ӯ навиштааст: “Нафари дигареро мисли Исматпаҳлавон, ки инқадар содиқ бошад нисбати касбаш сартренери самбои Тоҷикистон набуда ва ноёфтанист. Шогирдони зиёдаш мисли Саидмӯъмин Раҳимов, Боқиев, Сулаймонов Маҳмадшариф ва ҳазорон дигар паҳлавонони тоҷик тавассути тарбияи ин марди марҳум номдор шуданд ва шарафи ватани азизамонро дар арсаи байнанмилалӣ низ боло бардоштанд. Рӯҳатон шод бод, устоди бузургвор.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button