ВидеоТаърихТоҷикистон

АВБОШИИ РУСТАМ-КОМАНДИР, ЯКЕ АЗ ЁРОНИ ХӮҶА-КОМАНДИР ДАР ЗИНДОН

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе рӯзи 18 май ба ҳукми Рустам Ҷаборов, маъруф ба Рустам-Командир, яке аз ёрони наздики фармондеҳи собиқи Фронти Халқӣ Хӯҷа Каримов барои авбошӣ дар боздошт боз якуним соли дигар афзудааст. Акнун Рустам Ҷаборов, ки моҳи феврал бо ҷурми одамкушӣ ба 13 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуда буд, бояд 15 солро пушти панҷараи колонияи низомаш сахт сипарӣ кунад. Худи Хӯҷа Каримов, ки моҳи феврали соли 2020 баъди тақрибан 20 соли фирораш аз Дубай ба Душанбе истирдод шуда буд, барои чандин куштор ва гаравгонгирӣ дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ ба 14 соли зиндон маҳкум шуд.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, мурофиаи дуюми Рустам Ҷаборов бо иттиҳоми авбошӣ бар асоси қисми дуюми моддаи 237 КҶ ҶТ дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳти раёсати муовини раиси суди ин ноҳия Нурализода С.  бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ Маҳмудзода Б.А. доир шуд.

   Ҳолати кор, бино ба фарзияи тафтишот чунин будааст: Аз 15 декабри соли 2020 то 9 феврали соли 2021 дар тавқифгоҳи тафтишотии ЯТ 9/1 СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Каримов Хӯҷа, Ҷаборов Р.С. ва дигар шарикони ҷиноятиашон Ғаниев И.Қ., Кенҷаев А.Ҳ. ва Раҷабов Р.Р. мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

   9 феврали соли 2021 соати 15:00 судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода А.С. ҳукми судро нисбати судшавандагон эълон кардааст, ки мувофиқи он Ҷаборов Р.С. дар содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 74, 104 банди “г” ва 221-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) пешбинишуда гунаҳгор ҳисобида шуда, ба ӯ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 13 солу 6 моҳ таъйин гардидааст.

Баъди ҷамъбаст гардидани мурофиаи судӣ ва аз толори судӣ баромадани судя ва ҳайати суд дар ботини Ҷаборов Р.С., ки ҳанӯз бо ҳаммаслаконаш дар дохили панҷараи оҳанин карор доштанд, ҳиссиёти авбошӣ пайдо гардида, дар ҳузури зиёда аз 20 нафар кормандони тавқифгоҳи тафтишотӣ, сарбозони қисми ҳарбии 6593 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шаҳрвандони дар маҷлиси судӣ иштирокдошта, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, нисбати ҷабрдида Қаюмова Ш. дашному ҳақоратҳои қабеҳ ва таҳдиди истифодаи зӯроварӣ намуда, муддати зиёда аз 15 дақиқа тартиботи дохилаи тавкифгоҳи тафтишотиро дағалона вайрон намудааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи маркази матбуоти додситонии кул.

   Дар натиҷа, сарбозони дар кисмати беруни маҷлисгоҳ буда ва кормандони дигари тавқифгоҳи тафтишотӣ аз ҳуҷраҳои кориашон берун баромада ба толори маҷлисгоҳи судӣ ворид шуда Ҷаборов Р.С.-ро ором намуда, тартиботи муқаррарии тавқифгоҳро барқарор намудаанд.

Дар мурофиаи судӣ айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ пурсид, ки Ҷаборов Рустам Самадович бо моддаи 237 қисми 2 банди “б”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо ҷазои ниҳоӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 16 сол бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт таъин карда шавад.

  Бо ҳукми суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе аз 18 майи соли 2021 судшаванда Ҷаборов Р.С. бо моддаи 237 қисми 2 банди “б”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо ҷазои ниҳоӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 15 сол дар колонияи ислоҳии низомаш сахт таъйин карда шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button