ВидеоМуҳоҷиронСиёсатҲуқуқи инсон

Ӯ АЛАКАЙ ДАР РУСИЯ НЕСТ, ДАР ТОҶИКИСТОН БИҶӮЕДАШ. ПОСУХИ МАЪНИДОРИ ВКД РУСИЯ БА “ГУРУҲИ 24”

ВКД Русия дар посухи расмиаш ба роҳбари ҳаракати оппозитсионии феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” Сӯҳроб Зафар хабар дод, ки намояндаи ин созмон дар Русия Раҳматҷони Маҳмадҷон ҳанӯз рӯзи 18 май қаламрави Русияро тарк кардааст. ВКД Русия гуфт, Р.Маҳмадҷон дар Русия сабти ном нашудааст, ба ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноӣ кашида нашудааст ва аз ин рӯ, ба “Гуруҳи 24” тавсия медиҳанд, ки барои ҷустуҷӯи ӯ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон муроҷиат кунанд. “Гуруҳи 24” қаблан хабар дод, ки намояндааш дар Русия Раҳматҷони Маҳмадҷон аз нимарӯзии 18 май дар Маскав бедарак шудааст.  Ҳамсафонаш тарс доштанд, ки мақомоти Русия ӯро мисли бисёри дигар аз фаъолони оппозитсияи тоҷик ба Тоҷикистон супурдаанд. Посухи расмии ВКД Русия ва бавижа тавсияаш ҷиҳати муроҷиат ба мақомоти Тоҷикистон барои ҷустуҷӯи Раҳматҷони Маҳмадҷон баёнгари он аст, ки  ин фаъоли “Гуруҳи 24” ба эҳтимоли ғолиб алакай ба Тоҷикистон истирдод шудааст. Мақомоти Тоҷикистон то кунун ба таври расмӣ ё ғайрирасмӣ ин қазияро шарҳ надодаанд.

Ахиран “Гуруҳи 24” бо дархости кумак барои муайян кардани маҳалли будубоши намояндаи ғайбзадааш ба дастгоҳи ҳукумати Русия муроҷиат карда буд. Дар посухи расмии ВКД Русия ба раҳбари ин созмони дар Тоҷикистон мамнӯи оппозитсионӣ Сӯҳроб Зафар аз 27 майи соли 2021, ки нусхааш ба дасти идораи пойгоҳи хабарии “Бомдод” низ расид, чунин гуфта мешавад:

“Сарраёсати кофтукови ҷиноии ВКД Русия муроҷиати Шумо дар мавриди ҷустуҷӯи Раҳматҷони Маҳмадҷонро, ки аз Дастгоҳи ҳукумати ФР расид, баррасӣ кард.

Хабар медиҳем, ки дар муҳосиботи фавриву иттилоотии ВКД Русия маълумоте вуҷуд дорад, ки нафари ҷустуҷӯшаванд 18.05.2021  қаламрави Русияро тарк кардааст.

Ӯ дар қаламрави Русия сабти ном нашуда буд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ё маъмурӣ кашида нашудааст..

Аз ин рӯ, дар масъалаи ҷустуҷӯи Раҳматҷони Маҳмадҷон ба Шумо тавсия медиҳем, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон муроҷиат кунед.

Сардори шуъбаи ташкили кофтукови федералии фирориён, шахсони гумшуда ва корҳои муайян кардани шахсият дар раёсати ташкили фаъолияти фаврию ҷустуҷӯӣ М.Н. Черныш”

(“Главным управление уголовного розыска МВД России Ваше обращение о розыске Рахматджони Махмадджона, поступившее из Аппарата правительства Российской Федерации, рассмотрено.

Сообщаем, что в оперативно-справочных учетах МВД России имеются сведения, что 18.05.2021 разыскиваемый покинул пределы Российской Федерации.

На территории Российской Федерации он не зарегистрирован, к уголовной и административной ответственности не привлекался.

В этой связи по вопросу розыска Рахматджони Махмадджона рекомендуем Вам обратиться в правоохранительные органы Таджикистана.

Начальник отдела организации федерального  розыска скрывшихся, без вести пропавших лиц  и идентификационной работы управления  организации оперативно-разыскной дейтельности   М.Н. Черныш”)

 “Гуруҳи 24”  қаблан хабар дод, ки намояндааш дар Русия Раҳматҷони Маҳмадҷон рӯзи 18 май дар шаҳри Маскав аз хона баромада, тақрибан аз соати 12:19 бедарак шудааст.

Пайравони “Гуруҳи 24” тарс доштанд, ки мабодо ӯро ҳам мисли бархе дигарон аз фаъолони ин созмон аз Русия ба Тоҷикистон бурда бошанд.

Раҳматҷони Маҳмадҷон 31 сол дорад. Ӯ соли 2014 , ба  “Гуруҳи 24” пайваст ва баъди аз Русия ва дигар кишварҳои СНГ ба Аврупо ҳиҷрат кардани бахши аъзами тарафдорони “Гуруҳи 24” дар Русия монда, чанд соли охир намояндаи ин гуруҳ дар Русия буд.

Раҳматҷони Маҳмадҷон ҳамроҳи чанд узви дигари “Гуруҳи 24” рӯзи 24 июни соли 2020 алайҳи иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паради Ғалаба дар Маскав раҳпаймоии эътирозӣ доир карда буданд.

Пулис ӯ ва Шобудин Бадалов, боз як узви фаъоли “Гуруҳи 24”-ро дар паҳлуи Майдони Сурх дастгир кард. Додгоҳи ноҳияи Твери шаҳри Маскав ибтидо онҳоро бо ҷурми муқовимат ба кормандони пулис ба 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум карда ва барои барои вайрон кардани тартиби баргузории пикети эътирозӣ ҳар кадомро ба маблағи 15 ҳазор рубл ҷарима баст. Онҳо рӯзи 9 июл баъди адои 15 рӯзи ҳабсашон озод шуданд, вале ҳардуро дар назди дарвозаи боздоштгоҳ дубора дастгир карданд ва ҳмон додгоҳи ноҳияи Твер рӯзи 10 июл онҳоро ин дафъа бо ҷурми намоиши рамзҳои фашистӣ боз ба 15 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум кард. Ин ду узви “Гуруҳи 24” танҳо рӯзи 24 июл пурра озод шуданд.

Раҳматҷони Маҳмадҷон ва Шобудин Бадалов баъди раҳоӣ аз боздошт дар Маскав

Вале Шобудин Бадалов – зодаи ноҳияи Панҷ ва узви  «Гуруҳи 24» субҳи 1 сентябри соли 2020 дар манзили зисташ дар шаҳри Нижний Новгороди Русия дигарбора аз тарафи афроди номаълуми либоси пулис дар тан боздошт шуд. “Гуруҳи 24” рӯзе баъд эълон кард, ки Бадаловро алакай ба Тоҷикистон истирдод кардаанд. Вале бо гузашти қариб 9 моҳ мақомоти Тоҷикистон то ҳол истирдоди Шобудин Бадалов аз Русияро расман тасдиқ ё рад накардаанд ва сарнавишти ин узви “Гуруҳи 24” баъди нопадид шуданаш дар Русия ҳамчунон номаълум боқӣ мемонад.

“Гуруҳи 24” соли 2012 аз ҷониби соҳибкор Умаралӣ Қувватов баъди фирораш аз Тоҷикистон ташкил шудааст. Дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014 “Гуруҳи 24” дар шаҳрҳои Русия бо ҷалби муҳоҷирони тоҷик силсилаи гирдиҳамоиҳои эътирозӣ ба зидди ҳукумати Тоҷикистонро доир карда, ҳамаро ба гирдиҳамоии ниҳоӣ дар таърихи 10 октябри ҳамон сол дар майдони Дӯстӣ – майдони марказии шаҳри Душанбе даъват кард.

Ин гирдиҳамоӣ дар Душанбе доир нашуд, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон алакай рӯзи 9 октябри соли 2014 фаъолияти “Гуруҳи 24”-ро дар кишвар манъ ва баъди чанде ин созмонро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард.

Асосгузори ин ҳаракат Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли 2015 дар шаҳри Истамбули Туркия дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона кушта шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button