ТАЛАБИ 20 000 $ БАРОИ ҚАТЪИ ПАРВАНДА ДАР АГЕНТИИ ЗИДДИ КОРРУПСИЯ
Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз анҷоми тафтиши парвандаи нафаре хабар дод, ки аз шаҳрвандон барои ҳалли мушкилоташон бо ин агентӣ ҳазорон доллар пул мегирифт.
Маркази матбуоти агентӣ рӯзи 31 май хабар дод, киАлиакбар Раҷабов, сарнозири Шабакаҳои барқи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ба боварии шаҳрванд “А”, ки нисбат ба вай дар раёсати тафтишоти Агентии зидди коррупсия бо иттиҳоми гирифтани пора (моддаи 319, қисми 1 КҶ ҶТ) парванда кушода буданд, даромада, лоф задааст, ки ин кор аз дасташ меояд ва парвандаи ӯро дар агентӣ метавонад қатъ кунад. Алиакбар Раҷабов аз шаҳрванд “А” “барои қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ маблағи 20 000 доллари ИМА талаб намуда, аз маблағҳои талабнамудааш 10500 доллари ИМА ва 2700 сомониро гирифта тасарруф намуда, ба манфиати номбурда ягон амалӣ муайянро иҷро накардааст”.
Агентӣ афзуд, ки дар натиҷа, Алиакбар Раҷабов бо ин кирдори қасдонаи худ ба шаҳрванд “А” зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон расонидааст. Вале ин ниҳод исми мансабдореро, ки ба порахӯрӣ муттаҳам мешуд ва мехост дар ивази 20 ҳазор доллар парвандаашро бубанданд, ошкор накардааст.
Дар робита ба ин ҳолат нисбат ба Раҷабов А.Ҳ. бар асоси моддаи 247, қисми , банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми қаллобӣ ба миқдори махсусан зиёд парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст. Бар асоси ин банди қонун ба Алиакбар Раҷабов ҳамчун ҷазо ҷарима ба андозаи аз 1460 то 2190 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда = 60 сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз 8 то 12 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то 5 сол ё бидуни он таҳдид мекунад.
Қаллобии корманди шабакаҳои барқӣ
Раҷабов Алиакбар Ҳукматуллоевич дар вазифаи сарнозири Шабакаҳои барқии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кор карда, ба боварии шаҳрванд “А” даромада, барои қатъ намудани парвандаи ҷиноятӣ, ки нисбати охирин дар Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, маблағи 20000 доллари ИМА талаб намуда, аз маблағҳои талабнамудааш 10500 доллари ИМА ва 2700 сомониро гирифта тасарруф намуда, ба манфиати номбурда ягон амалӣ муайянро иҷро накардааст.
Дар натиҷа номбурда бо ин кирдорҳои қасдонаи худ ба шаҳрванд “А” зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон расонидааст.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Раҷабов А.Ҳ. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Маркази матбуоти Агентӣ