ВидеоНомаҳо ба президентҶомеа

ҚУРБОНИИ РӮЗИ ИДИ ҚУРБОН… МУРОҶИАТИ МОДАРУ БИБИИ АЗИЗБЕКИ ҶАВОНМАРГ БА ПРЕЗИДЕНТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН (ВИДЕО)

Азизбек Раҷабов аз деҳаи Ёвони ҷамоати Урметани ноҳияи  Айнӣ, ки ҳамагӣ 18 сол дошт ва тоза ба донишгоҳ бояд дохил мешуд, рӯзи 31 июли  соли 2020, дар рӯзи иди Қурбон аз ҷониби ҳамдеҳаҳояш захмҳои сангин бардошта, рӯзи 3 август дар бемористон ҷон бохт. Ахиран додгоҳи ноҳияи Айнӣ Сарбоз Раҳмонов, донишҷӯи 21-солаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ҷурми куштани Азизбек ба 17 соли зиндон, ноболиғ Мақсуд Ниёзовро ба 6 сол ва Ҳабибулло Бурҳонови низ 21-соларо ба 3 соли зиндон маҳкум кард. Тамкин Раҳмонови 26-сола дар чорчӯби ҳамин парванда бо 29 ҳазор сомонӣ ҷарима халос хӯрд.

Аммо дар видеое, ки наздикони Азизбек Раҷабов ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” фиристоданд, Нурбибӣ Самиева, модари Азизбек мегӯяд, нафақат парвандаи қатли писараш мӯшикофона таҳқиқ нашуд, балки ҳоло мехоҳанд интиқомгириро идома дода, писарамаки Азизбекро зиндонӣ кунанд. Ӯ ва ҳамин тавр, Омад Самиева, бибии Азизбек аз президент Эмомалӣ Раҳмон кумак ва ҳимоят хостаанд.

Нурбибӣ Самиева қаблан гуфта буд, ки дар қатли писараш нақши асосиро Ҳабибулло Раҳмонов иҷро карда буд, вале ӯ бо ҳамагӣ 3 сол ҳукми зиндон халос хӯрд.

Азизбек Раҷабов фарзанди оилаест, ки аз деҳаи Ревади ноҳияи Айнӣ ба деҳаи Ёвон кӯчонда шудаанд. Ба гуфтаи наздиконаш, бархе сокинони бумии Ёвон нисбат ба оилаҳои аз Ревад кӯчида  ва фарзандони онҳо бадбинӣ нишон медиҳанд, ки дар ниҳоят ба занозанӣ дар рӯзи иди Қурбон ва ҷавонмарг шудани Азизбек анҷомид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button