ВидеоҶомеа

ПАДАРИ “ҚАҲРАМОН”-И ВИДЕОИ “ДАРРО АЗ БЕРУН ПӮШ”-РО ҶАЗО ДОДАНД (ВИДЕО)

РВКД Душанбе хабар дод, ки “қаҳрамон”-и видеои пурсарусадои аз синф пеш кардани муаллимаро дастгир карда, волидони ӯро ба ҷавобгарӣ кашондааст.

Рӯзи 30 май журналист Мирзоҷони Фархорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навореро нашр кард, ки чӣ гуна як хонандаи мактаб “Дарро аз берун пӯш!” гуфта, муаллимаашро аз синфхона берун мекунад ва ҳамсабақонаш ин амали ӯро бо хушиву шодӣ истиқбол мекунанд. Ин видео мавҷи вокунишҳои манфиро ба бор овард ва аксарият аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва вазорати маориф талаб доштанд, ки ин хонандаи бетарбияро ҷазои сазовор бидиҳанд.

РВКД Душанбе гқфт, алакай баъди як соат шахсияти “қаҳрамон”-и видеоро муайян карданд. “Зимни санҷиш муайян гардид, ки ин амал аз ҷониби ноболиғ Ф.М. санаи таваллудаш 30.03.2004 сокини кӯчаи Н.Қарабоеви хонандаи синфи 11 «А» МТМУ №76 ноҳияи Фирдавсӣ содир гашта, бо як беэҳтиромӣ муаалимаи фанни алгебра шаҳрванд Ф.М.-ро аз синфхона берун мекунад”, – хабар дод маркази матбуоти милитсияи пойтахти Тоҷикистон.

Бино ба ин манбаъ, кормандони милитсия бо нисбати ноболиғ Ф.М. ва ҳамсабақонаш суҳбатҳои профилактикӣ гузаронида, дар робита ба ин қазия нисбат ба падари вай шаҳрванд Лиқоев Некрӯз Фармонович, санаи таваллудаш 07. 04. 1972, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қарабоев барои бемасъулиятӣ нисбати таълиму тарбияи фарзанд бар асоси моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода ва барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол кардаанд. Ба Лиқоев бар асоси ин банди қонун  огоҳӣ ваё ҷарима ба андозаи аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (аз 180 то 300 сомонӣ) таҳдид мекунад.
 Дар ҷомиаи Тоҷикистон иззату эҳтиром ба омӯзгор яке аз арзишҳои суннатӣ ба шумор рафта, дар абёти шоирони классики тоҷик ҳатто ҷойгоҳи устод аз ҷойгоҳи падару модар низ боло гузошта мешавад. Дар ҷомиа ҳар навъ бадрафторӣ нисбат ба муаллим шадидан маҳкум карда мешавад, вале ҳолатҳои бадрафтории шогирдони бетарбия нисбат ба омӯзгорон гоҳо ба чашм мерасад.

Таҳқиқи навор: хонандаи бадрафтор муайян ва волидайн ба ҷавобгарӣ кашида шуданд!

  Санаи 31-уми майи соли ҷорӣ дар як қатор сомонаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати аз синфхона рондани муаллимае аз ҷониби як нафар хонанда инъикос ёфтааст. Чуноне дар навор дида мешавад хонандаи муассисаи таълимӣ нисбати муаллимаи худ беҳурматӣ зоҳир намуда, ӯро бо як лаҳни тунд аз дари синфхона берун мекунад.


  Нашри ин навор ва ҳолати бадрафториву беҳурматии хонанда нисбати муаллимаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои манфии зиёдеро ба миён оварда, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти милитсияи пойтахт дархост намуданд, ки нисбати ин хонандаи бадрафтор чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.

Вобаста ба ин, аз ҷониби роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе кормандони ботаҷрибаи самти оперативӣ ҷиҳати муайян намудани ҳодисаи мазкур сафарбар карда шуда, ҳамагӣ баъди 1-соати нашри навор муассисаи таълимӣ ва шахсияти хонанда муайян карда шуд.
  Зимни санҷиш муайян гардид, ки ин амал аз ҷониби ноболиғ Ф.М. санаи таваллудаш 30.03.2004 сокини кӯчаи Н.Қарабеви хонандаи синфи 11 «А» МТМУ №76 ноҳияи Фирдасӣ содир гашта, бо як беэҳтиромӣ муаалимаи фанни алгебра шаҳрванд Ф.М.-ро аз синфхона берун мекунад.

Бо назардошти ҳолати мазкур нисбати падари номбурда шаҳрванд Лиқоев Некрӯз Фармонович санаи таваллудаш 07. 04. 1972, сокини шаҳри Душанбе кӯчаи Н.Қарабоев барои бемасъулиятӣ нисбати таълиму тарбияи фарзанд бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб ва барои баррасӣ ба Суд ирсол карда шуд.
  Ҳамзамон нисбати ноболиғ Ф.М. ва ҳамсабақонаш суҳбатҳои профилактикӣ гузаронида шуд.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button