ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонХабарҳои кӯтоҳ

МАРЗБОНҲОИ ТОҶИК ЯК ҲАВОПАЙМОИ БЕСАРНИШИНИ ҚИРҒИЗИСТОНРО СУҚУТ ДОДААНД

Марзбонҳои тоҷик шаби 30 ба 31 май дар фазои деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ дар марзи Исфара бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон як ҳавопаймои бесарнишин (дрон)-и Қирғизистонро бо тири силоҳ зада, аз байн бурдаанд. Дар ин бора дар Фейсбук  блогери муқими Чоркӯҳ Исматулло Тағоев, ки бисёр вақт мақомоти қудратии мустақар дар марзи Исфара хабарҳои марбут ба вазъи сарҳадро тавассути ӯ нашр мекунанд, хабар дод.

Тафсилоти дигар дар бораи ин ҳодиса оварда нашудааст. Исматулло Тағоев навиштааст, ки ин ҳавопаймои бесарнишин ба наворгирии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул буд. Мақомоти расмӣ ин хабарро тасдиқ ё рад накардаанд.

Ин хабар дар ҳолест, ки ҳамагӣ як моҳ пеш, дар рӯзҳои поёнии моҳи апрел дар марзи се ҷамоати Чоркӯҳ, Ворух ва Сурхи Исфара бо ноҳияи Бодканд ва дар марзи ҷамоати Овчӣ Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон задухӯрдҳои мусаллаҳонае сурат гирифт, ки дар ҷараёни он аз ҷониби Қирғизистон 36 нафар кушта ва 154 нафар захмӣ гардида, аз ҷониби Тоҷикистон 19 нафар кушта ва 87 нафар маҷруҳ шуданд. Ин задухӯрдҳо пурқурбонитарин муноқиша нафақат дар таърихи муноқишаҳои марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон, балки дар таърихи низоъҳои марзии чанд даҳсолаи охир дар тамоми Осиёи Марказӣ шумурда мешавад.

Ҳоло вазъ дар марз нисбатан ором шудааст, вале ҳафтаи гузашта дар бораи боздошти дастикам 5 шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марзи Қирғизистон гузориш шуд. Аз ҷумла се сокини Хоҷаи Аълоро замоне дастгир карданд, ки онҳо дар минтақаҳои баҳсии марз чорвои гумшудаи худро ҷустуҷӯ мекарданд. Ҳамаи ин 5 нафарро дар натиҷаи музокирот бо мақомоти қирғиз озод карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button