ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ МУСОФИР БАР АСАРИ БАРХӮРДИ ДУ МОШИН ДАР ШАҲРИСТОН

Рӯзи 29 май, тахминан соати 12:10, бар асари бархӯрди ду мошини тамғаи «Тойота-Королла» ва “Мерседес Бенс” дар шоҳроҳи «Хуҷанд-Чаноқ-Душанбе», дар ҳудуди мавзеи “Қумбел”-и ноҳияи Шаҳристон мусофири “Тойота Королла”, Ҷумъаев Содир, соли таваллудаш 1971, сокини ҷамоати Гули Сурхи шаҳри Истаравшан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ронандаи “Тойота” Одилзода Баҳром, соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати Гули Сурх ва мусофири дигараш Сироҷиддинов Аслиддин, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Истаравшан, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гардидаанд. ВКД гуфт, садама бо айби ронандаи “Тойота” рӯй додааст, ки бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба “Мерседес”-и  таҳти идораи Шермирзоев Юнусалӣ, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Бохтар, бархӯрдааст.
хххххх

Сокини 30-солаи Ҳисор ба он гумонбар мешавад, ки тахминан соати якуними шаби 26 ба27 май пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии сокини 43-солаи ҷамоати Навобод шуда, аз дохили сандуқи оҳанин (сейф) ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро ба маблағи 30 ҳазор сомонӣ дуздидааст.

хххххх

Сокини 25-солаи қаблан ҳам барои дуздӣ судшудаи ҷамоати Даҳанаи Кӯлоб ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 24 май, тахминан соати 15:30  аз заминҳои чарогоҳи ҷамоати Зиракӣ як сар чорвои калони мутааллиқ ба сокини 40-солаи Зиракиро дуздида, ба соҳиби гов 6 ҳазор сомонӣ зарар расондааст.

ххххххххх

Сокини 25-солаи Конибодом ба он гумонбар мешавад, ки шаби 29 май, тахминан соати 01:20, аз ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии «С.Турсуной»-и ҷамоати Пӯлотон як сар чорвои калонро дуздида, ба соҳиби чорво – сокини 32-солаи Пӯлотон 7 ҳазор сомонӣ зарар расондааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 31 майи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани мусофир дар натиҷаи бархурди ду автомашина

Рӯзи 29-уми майи соли 2021, тахминан соати 12:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Королла», Одилзода Баҳром, соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати деҳоти Гули Сурхи шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Хуҷанд-Чанок-Душанбе», дар ҳудуди мавзеи “Қумбел”-и ноҳияи Шаҳристон бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи ронанда, Шермирзоев Юнусалӣ Юсуфович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Бохтар, бархурдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи «Тойота Королла», Ҷумъаев Содир Тошевич, соли таваллудаш 1971, сокини ҷамоати деҳоти Гули Сурх ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота-Королла”, Одилзода Б. ва мусофираш Сироҷиддинов Аслиддин Бобохонович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Истаравшан, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷиноятҳои дуздӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 43-солаи сокини ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор муроҷиат намудааст, ки шаби 26 ба 27-уми майи соли 2021, тахминан соати 01:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз дохили сандуқи оҳанин (сейф) ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи мазкур бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб бо ариза марди 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 24-уми майи соли 2021, тахминан соати 15:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи назди деҳаашон 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини ҷамоати деҳоти Даҳанаи ҳамин шаҳр, ки пеш бо моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Ҳамзамон зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Конибодом ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир гардид.
Номбурда, рӯзи 29-уми майи соли 2021, тахминан соати 01:20-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии «С.Турсуной»-и ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри мазкур 1-сар чорвои калони шохдорро, ки ба марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пӯлотон тааллуқ дорад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, аз руи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button