ВидеоТоҷикистонҶомеа

ДАРРО АЗ БЕРУН ПӮШ! ЯК ХОНАНДАИ МАКТАБ МУАЛЛИМААШРО АЗ СИНФ ПЕШ КАРД (ВИДЕО)

Муҳсинҷон Муҳаммадӣ, ёвари сардори РВКД Душанбе рӯзи 31 май дар Фейсбук хабар дод, ки мақомоти милитсияи пойтахт шахсияти хонандаеро, ки муаллимаашро аз дарс пеш мекунад, муайян карданд ва ин хонанда “ҳоло дар мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе қарор дорад. Тафсилот баъди таҳқиқи ҳодиса нашр мешавад.

Видеои бадрафтории хонанда нисбат ба омӯзгорро рӯзи 30 май дар шабакаҳои иҷтимоӣ журналист Мирзоҷони Фархорӣ нашр кард. Ӯ навишт, “ҳеҷ як хонанда ҳуқуқ надорад ки то ин ҳад ҷониби устод таҳқиу амалҳои носазоро раво бинад.”  Мирзоҷони Фархорӣ аз мақомот хост, то наворро таҳқиқ карда, хонандаи бетарбияро ҷазои сазовор диҳанд.

Ин видео мавҷи вокунишҳои манфиро ба бор овардааст. Аксарият аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва вазорати маориф айни талаби ҷазои сазовор барои ин хонандаи бадрафторро кардаанд.

Дар видео, ки ҳамагӣ 15 сония аст, дида мешавад, ки як хонанда аз муаллима бо исрор талаб мекунад, ки  тарки синфхона кунад. “Дарро аз берун пӯш!” – ба такрор талаб мекунад ӯ аз муаллимааш ва ҳамсабақонаш ин кори ӯро бо хандаю шодӣ истиқбол мекунанд.

Дар видео дида мешавад, ки омӯзгор, ки як зани миёнасол аст, аз чунин рафтори шогирдон худро таҳқиршуда эҳсос карда, тарки синфхона мекунад.

Сабаби чунин бадрафтории хонанда нисбат ба муаллима ҳанӯз рӯшан нест.
Дар умум дар ҷомиаи Тоҷикистон иззату эҳтиром ба омӯзгор яке аз арзишҳои суннатӣ ба шумор рафта, дар абёти шоирони классики тоҷик ҳатто ҷойгоҳи устод аз ҷойгоҳи падару модар низ боло гузошта мешавад. Дар ҷомиа ҳар навъ бадрафторӣ нисбат ба муаллим шадидан маҳкум карда мешавад, вале ҳолатҳои бадрафтории шогирдони бетарбия нисбат ба омӯзгорон низ гоҳо ба чашм мерасад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Дар Шӯрои омӯзгорони мактаб рафтори ноҷои ин палид шадидан бояд муҳокима шавад ,дар мачлиси падару модар мавриди баррасӣ бо иштироки волидайнаш қарор бигирад ва аз мактаб ронда шавад бо дарҷ дар варакаи шахсиаш

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд! Required fields are marked *

Back to top button