Дин ва боварҳоЧеҳраҳо

ДАРГУЗАШТИ РӮҲОНИИ ТОҶИК МАХСУМИ ЭМОМИДДИН ДАР СИННИ 83

Махсуми Эмомиддин Бобоев, рӯҳонии шинохтаи тоҷик рӯзи 30 май дар синни 83 аз олам чашм пӯшид. Маросими намози ҷаноза ва дафни Махсуми Эмомиддин рӯзи 31 май дар деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд.

Радиои Озодӣ аз қавли пайвандони Махсуми Эмомиддин хабар дод, ки ӯ ба иллати бемории қанд ва сактаи қалб вафот кардааст.

Махсуми Эмомиддин аз руҳониёни суннатгарои тоҷик буда, аз шогирдони мактаби машҳури мазҳабии  Қорӣ Муҳаммадҷон Рустамов, маъруф ба Мавлавии Ҳиндустонӣ ва аз ҳамсабақони домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ дар ин мактаб ном бурда мешавад.

Махсуми Эмомиддин ҳудуди 15 сол дар Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам дар шаҳри Душанбе дарс дода, соле қабл ба рухсатӣ рафтааст. Дар Донишкадаи исломӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, “ӯ дар бисёре аз масоили фиқҳӣ ва шариат дониши амиқ дошт” ва ходимони дин аксар вақт аз ӯ дар мавриди масоили никоҳу талоқ машварат мепурсиданд.

Ба гуфтаи пайвандон, махсуми Эмомиддин Бобоев китоберо ҳам дар масоили динӣ таҳия карда, ба итмом расонида буд, аммо барои нашри он фурсат наёфт.

Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ, шарикдарси Махсуми Эмомиддин ва яке аз пирони рӯҳониёни суннатгарои тоҷи рӯзи 13 апрели соли ҷорӣ, дар рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон дар синни 80 аз дунё чашм пӯшид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button